Хабарҳо
Соҳибкор аз шаҳри Истаравшан - Баҳриддин Дадоев ба зарардидагони муноқишаҳои марзӣ кӯмак расонид - 11.05.2021 16:27
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти сохторҳои давлатӣ ҷаласаи корӣ доир намуданд - 11.05.2021 10:13
Оғози мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд - 11.05.2021 16:07
Дар муассисаҳои иҷтимоӣ бахшида ба Иди Рамазон чорабиниҳои идона доир мешаванд - 11.05.2021 14:07
Дар моҳи мубораки Рамазон ба ду нафар шахсони эҳтиёҷманд хонаҳои истиқоматӣ эҳдо карда шуд - 10.05.2021 08:15
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз Паради низомӣ бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Москва боздид намуданд - 09.05.2021 15:09
Ба сокинони зарардидаи деҳаҳои Хоҷаи Аъло ва Сомониён сару либос ва дигар лавозимот дастрас карда шуд - 09.05.2021 10:08
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин мулоқот намуданд - 09.05.2021 07:00
Ҳамсоя аз хеши дур беҳ - 08.05.2021 21:40
ПАЁМИ ШОДБОШИИ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори таҷлили 76-умин солгарди Ғалаба бар фашизм - 08.05.2021 20:35

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

( 1 Овоз )

Имрӯз ба муносибати рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супориш ва сиёсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба чанде аз собиқадорони меҳнатро дар шаҳри Хуҷанд аёдат намуда, маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳо тақдим намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо Норӣ Собирова таъкид намуд, ки ғамхорӣ нисбат ба собиқадорони меҳнат зери таваҷҷӯҳи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд қарор дорад.

Бояд гуфт, ки Норӣ Собирова 82 сол дошта, тӯли беш аз 40 сол дар соҳаи истеҳсолот ҳамчун таъминотчӣ кор кардааст. Номбурда барои чунин таваҷҷӯҳу ғамхорӣ пеш аз ҳама миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баён намуд.

Мукаррамхон Бузрукова, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд аз зумраи дигар нафари аёдатшуда дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ аз хизматҳои Мукаррамхон Бузрукова ёдовар шуда, саҳми ӯро дар пешрафти ҷомеа бахусус таълиму тарбияи насли наврас назаррас арзёбӣ намуд. Мавриди зикр аст, ки Мукаррамхон Бузрукова соли 1947 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Номбудрда тӯли зиёда аз 50 сол дар соҳаҳои маориф ва ҳифзи иҷтимоӣ кору фаъолият намуда, имрӯз низ яке аз занони пешқадам ва пешбарандаи сиёсати Давлату Ҳукумат мебошад. Мукаррамхон Бузрукова низ бо қаноатмандии зиёд барои чунин таваҷҷӯҳ ва эҳтироми хоса чиҳати зоҳир намудани ғамхори нисбат ба пирону барҷомондагон, собиқадорони меҳнат ва дигар қишрҳои ҷомеа ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сипосгузорӣ намуд. Илова карда шуд, ки воқеан кишвари азизамон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ маҳз бо кушишҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомали Раҳмон ба як мамлакати ободу озод табдил ёфт ва Парчами давлатӣ дар фазои сулҳу субот парафшонӣ дорад. Яъне бол кушодани Парчами давлатӣ ин саодатмандиву шодмонии мардум ва ваҳдату ҳамдилӣ дар кишвар аст.

Инчунин дар ин рӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода собиқадори меҳнат, сокини дигари шаҳри Хуҷанд Нарзулло Ёқубовро мавриди таваҷҷӯҳу ғамхорӣ қарор дод. Нарзулло Ёқубов соли 1951 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, тӯлӣ зиёда аз 40 соли ҳаёти худро баҳри рушди соҳаи саноат пеш аз ҳама дӯзандагӣ бахшидааст. Номбурда аз ҷумла дар фабрикаи дӯзандагии рақами дуюми шаҳри Хуҷанд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд кору фаъолият намудааст. Айни замон ӯ соҳиби 4 нафар фарзанд ва набераю абера мебошад.

Нарзулло Ёқубов низ барои чунин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода миннатдорӣ намуд. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳамаи аёдатшудагон, ки баҳри пешрафти соҳаҳои гуногун саҳми арзанда гузоштаанд, аз номи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тани сиҳат, умри бардавом ва саодати рӯзгорро таманно кард.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд