Хабарҳо
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар ноҳияи Мастчоҳ - 23.11.2020 16:29
Раҷаббой Аҳмадзода: Парчами давлатӣ - баёнгари ҳастии давлат ва рамзи иттиҳоду ҳамдилӣ - 23.11.2020 15:35
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.11.2020 07:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 22.11.2020 14:00
Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд - 20.11.2020 17:26
Ба таваҷҷуҳи олимону журналистон: Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» гузаронида мешавад - 20.11.2020 13:07
Баргузории вохӯриҳои судманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд - 20.11.2020 09:27
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ аст - 20.11.2020 09:24
Ҷаласаи панҷуми Шўрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид - 20.11.2020 09:22
Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - 19.11.2020 09:08

Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилояти Суғд

( 1 Овоз )

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба маъракаи ободонӣ ва сабзу хуррамгардонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин самт тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда мешавад.

19 ноябр дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои кормандони хоҷагии манзилию комуналӣ ва масъулини кабудизоркунии шаҳру ноҳияҳо семинари омӯзишӣ баргузор шуд, ки дар кори он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода низ ширкат варзид.

Дар семинар олимону мутахассисони соҳа ба иштирокчиён оид ба интихоби дарахтони ҳамешасабз, парвариши онҳо, тарзи кӯчонидани дарахтони бисёрсола аз як ҷой ба ҷойи дигар, тарҳу ороиши кӯчаву хиёбонҳои марказӣ тавсияҳо доданд.

Бино ба иттилои мутахассион дар фасли тирамоҳ шинонидани дарахтон мувофиқи мақсад буда, риояи қоидаҳои дурусти агротехникӣ дар раванди ниҳолшинонӣ ҳатмӣ мебошад.

Раиси вилоят иброз дошт, ки бо оғоз гардидани мавсими ниҳолшинонӣ дар шаҳру ноҳияҳо дарахтони ороишиву ҳамешасабз шинонида шуда, кӯчаву хиёбон ва мавзеъҳои ҷамъиятӣ сабзу хуррам гардонида мешавад. Зеро шинонидани дарахтон ба муҳити экологӣ таъсири мусбӣ гузошта, ба кӯчаву хиёбонҳо зебогии хоса мебахшад. Бо назардошти ин ба масъулин дастур дода шуд, ки дар маркази вилоят ва навоҳии атрофи он ниҳолу дарахтҳои ороишӣ ва гулу буттаҳо бо ороиши хоса шинонида шавад.

Дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хуҷанд, ки сол ба сол ободу зебо гардида истодааст, соли равон шинонидани беш аз 2000 дона дарахтони ҳамешасабз ба нақша гирифта шудааст.

Бояд зикр кард, ки ниҳолшинонӣ аз амалҳои нек ба шумор рафта, чун анъанаи хуб аз гузаштагон мерос мондааст. Аз ин хотир, дар мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ба як иди ҳақиқӣ табдил ёфта, мардум дар он фаъолона иштирок мекунанд.

Дар ин рӯз дар шаҳри Гулситон ба маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз бахшида шуда, тибқи супориши роҳбари вилоят маъракаи ниҳолшинонӣ то 1-уми феврал идома мекунад ва дар баробари дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, ҳамзамон дарахтони мевадиҳанда низ шинонида мешавад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар вилояти Суғд