Хабарҳо
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар ноҳияи Мастчоҳ - 23.11.2020 16:29
Раҷаббой Аҳмадзода: Парчами давлатӣ - баёнгари ҳастии давлат ва рамзи иттиҳоду ҳамдилӣ - 23.11.2020 15:35
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.11.2020 07:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 22.11.2020 14:00
Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд - 20.11.2020 17:26
Ба таваҷҷуҳи олимону журналистон: Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» гузаронида мешавад - 20.11.2020 13:07
Баргузории вохӯриҳои судманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд - 20.11.2020 09:27
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ аст - 20.11.2020 09:24
Ҷаласаи панҷуми Шўрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид - 20.11.2020 09:22
Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - 19.11.2020 09:08

Маросими ба истифодадиҳии дидбонгоҳи сарҳадии “Санҷидзор”

( 0 Овоз )

15 ноябри соли 2020 дар шаҳри Конибодом бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи сарҳадии “Санҷидзор” доир гардид.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дидбонгоҳи сарҳадии «Санҷидзор» аз бинои асосӣ, анборҳо, ҷойи нигоҳдории техникаи ҳарбӣ, буғхона, ҳаммом, ошхона, майдончаи сафороӣ, майдончаи варзишӣ, манора  ва хонаи афсарон иборат буда, дар он барои сарбозон ва афсарон шароити зарурии маишӣ ва хизматӣ фароҳам оварда шуд.

Корҳои сохтмонӣ дар дидбонгоҳи сарҳадӣ соли 2017 оғоз гардида, он бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва аз ҷониби сохтмончиёни ҶДММ «Мубин» ва ҶДММ «Аъзам-Ю» сохта шудааст.

Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз бинои асосии дидбонгоҳ ва ҳуҷраҳои кории он ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд. Таъкид гардид, ки бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қисмҳои низомии ҳудуди вилоят барои хизмату буду боши афсарону сарбозон шароити зарурӣ фароҳам гардидааст.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки марзбонони вилоят ҷиҳати таъмини ягонагии ҳудудиву марзии кишвар, дахлнопазирии он, осоишу амнияти аҳолӣ тамоми қувва, таҷриба ва маҳорати хешро сафарбар намуда, бо истифода аз шароити фароҳамгардида содиқонаву сарбаландона ба халқу Ватан хизмат менамоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Маросими ба истифодадиҳии дидбонгоҳи сарҳадии “Санҷидзор”