Хабарҳо
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар ноҳияи Мастчоҳ - 23.11.2020 16:29
Раҷаббой Аҳмадзода: Парчами давлатӣ - баёнгари ҳастии давлат ва рамзи иттиҳоду ҳамдилӣ - 23.11.2020 15:35
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.11.2020 07:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 22.11.2020 14:00
Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд - 20.11.2020 17:26
Ба таваҷҷуҳи олимону журналистон: Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» гузаронида мешавад - 20.11.2020 13:07
Баргузории вохӯриҳои судманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд - 20.11.2020 09:27
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ аст - 20.11.2020 09:24
Ҷаласаи панҷуми Шўрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид - 20.11.2020 09:22
Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - 19.11.2020 09:08

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то имрӯз 13234 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати шиносоӣ бо ҷараёни ҷамъоварии пахта аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуд.

Аснои боздид Раиси вилоят ба Кооперативи тиҷоратии ба номи Ҷаббор Расулови Ҷамоати деҳоти Ёва ташриф оварда, бо рафти ғунучини ҳосил шинос гардид.​

Тавре иттилоъ дода шуд, соли равон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров истеҳсоли 18200 тонна пахта ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 13234 тонна “тиллои сафед” ҷамъоварӣ шудааст. Пахтакорони ноҳия ҳамарӯза бо кӯмаки ҳашарчиён беш аз 320 тонна пахта чида, ба хирман месупоранд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо масъулини соҳаи кишоварзии вилоят ва ноҳия таъкид кард, ки кишоварзон бояд бо истифода аз рӯзҳои офтобии фасли тирамоҳ ҷамъоварии ҳосилро ҳарчи зудтар ба анҷом расонанд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки заркорони ноҳия рӯзҳои наздик нақшаи пешбинишударо иҷро менамоянд.

Сипас, Раиси вилоят фаъолияти корхонаҳои пахтатозакунии ҶДММ «Зафариён» ва ҶДММ ​ «Юсуфсаркор»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Дар корхонаҳои зикршуда қабул ва коркарди пахта муташаккилона ба роҳ монда шуда, даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд.

Раиси вилоят ҳамзамон ба манзили сокини ноҳия, собиқадори соҳаи кишоварзӣ ва механизатори номии вилоят Аҳмадҷон Қосимов ташриф оварда, ӯро аёдат намуд.

Зимни аёдат Раиси вилоят таъкид кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли собиқадорони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ хабар мегирад ва ба хизмати арзандаи чунин шахсон арҷ мегузорад.

Механизатори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қосимов аз таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти мамлакат изҳори хушнудӣ намуда, барои ободиву шукуфоии бештари Ватани азизамон дасти дуо бардошт.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то имрӯз 13234 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст