Хабарҳо
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» - 30.11.2020 14:30
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид - 28.11.2020 09:32
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Раза мулоқот намуданд - 26.11.2020 11:58
Дар Истаравшан бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 58 мавриди истифода қарор гирифт - 26.11.2020 11:37
Оғози маъракаи иттилоотии «16 рӯз мубориза алайҳи хушунат» - 26.11.2020 11:31
Дар Ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд - 26.11.2020 11:10
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд - 25.11.2020 10:42
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.11.2020 16:11
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Бӯстон - 24.11.2020 13:56
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчам дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 24.11.2020 14:53

Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶСП “Зуҳал” ва ҶДММ “Анҳор”

( 2 Овоз )

23 октябр Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Бӯстон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсоли равған ва орд шинос гардид.

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Раиси вилоят фаъолияти ҶСП “Зуҳал”-ро, ки ба истеҳсоли равған машғул аст, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод. Корхонаи мазкур бо истифода аз технологияҳои замонавӣ дар нуҳ моҳи соли равон 356,6 тонна равған истеҳсол намуда, пешниҳоди сокинон намудааст.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар вилояти Суғд 22 корхонаи истеҳсоли равған фаъол буда, аз тарафи корхонаҳо аз оғози сол то инҷониб 3 ҳазору 834,5 тонна равғани растаниву офтобпараст истеҳсол карда шудааст. Барои самранок истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолӣ бошад аз тамоми имкониятҳо истифода бурда мешавад.​

Болоравии нисбии нархи равған дар чанд рӯзи охир ба кам ворид шудани ашёи хом вобастагӣ дошта, ҷиҳати воридсозии ашёи хом ба шарикони хориҷӣ шартномаҳо имзо гардидааст.

Раиси вилоят баҳри воридсозиву захираи ашёи хом ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли равған, инчунин коркарди чигит дастур дода, пешниҳод намуд, ки дар шаҳрҳои саноатии вилоят ярмаркаҳо ташкил ва бо нархи аслӣ равған ба фурӯш гузошта шавад.

Дар шаҳри Бӯстон Раҷаббой Аҳмадзода бо раванди истеҳсолот дар ҶДММ “Анҳор”, ки ба коркарди ғалла машғул аст, шинос гардид. ҶДММ “Анҳор” яке аз корхонаҳои калонтарин дар самти коркарди ғалла маҳсуб ёфта, соли 2018 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

Зимни шиносоӣ таъкид карда шуд, ки имрӯз дар вилояти Суғд 34 корхонаи коркарди ғалла фаъолият дорад. Иқтидори корхонаҳои истеҳсоли орд беш аз 1 миллион тоннаро ташкил медиҳад ва корхонаҳои ватанӣ имконият доранд, ки талаботи аҳолиро қонеъ намоянд. Дар нуҳ моҳи соли равон корхонаҳои ордбарории вилоят 388,1 ҳазор тонна орд истеҳсол намуда, дар таъмини бозори дохилӣ бо орд саҳмгузорӣ намуда истодаанд. Айни ҳол нархи орд муътадил буда, барои истеҳсоли он захираи кофии гандум мавҷуд мебошад.

Раиси вилоят пас аз шиносоӣ ба роҳбарияти корхона ҷиҳати истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, зиёд намудани ҳаҷми истеҳоли маҳсулот дастуру супоришҳо дод.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶСП “Зуҳал” ва ҶДММ “Анҳор”