Хабарҳо
Қадршиносии ғолибони даври дуюми мусобиқаи меҳнатӣ байни ноҳияҳо ва хоҷагиҳои пахтакор - 24.10.2020 10:11
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶСП “Зуҳал” ва ҶДММ “Анҳор” - 23.10.2020 16:15
Беҳтарин навоварони олами коинот муайян шуданд - 23.10.2020 13:58
Боздиди​ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз корхонаи коркарди равғани ҶДММ "ЗирвЭко" - 23.10.2020 12:06
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Зафаробод - 23.10.2020 10:12
Ғолибони озмуни вилоятии "Камолхонӣ" қадршиносӣ шуданд - 23.10.2020 10:39
Бунёди 7 толори варзишӣ ва 25 майдончаи варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳо - 23.10.2020 10:34
Хуҷанд: Фаъолияти марказҳои дилхушӣ қатъ карда шуд - 23.10.2020 10:27
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии Марказии Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА генерал Кеннет Ф. Маккензӣ мулоқот намуданд - 23.10.2020 08:45
Табрикоти роҳбарони кишварҳои хориҷӣ ва шахсиятҳои маъруф ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.10.2020 08:39

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди сохтмони гармхонаи замонавӣ санги асос гузошта, аз гармхонаи «ММК-Агро» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд

( 0 Овоз )

Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди марҳилаи дуюми гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК-Агро” санги асос гузошта, бо лоиҳаи сохтмони он шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат гармхонаи мазкур дар масоҳати 3 гектар замин бунёд гардида, тибқи лоиҳа, дар он парвариши маҳсулоти кишоварзӣ бо усули гидропоникӣ роҳандозӣ мегардад.

Дар гармхонаи нав парвариши помидору бодиринг ба роҳ монда мешавад ва тибқи баҳогузории олимон, ҳар сол аз он то 6 тонна бодиринг ва 6 тонна помидор ҷамъоварӣ мегардад.

Маҳсулоти он дар баробари қонеъсозии талаботи бозори дохилӣ, ҳамчунин ба содирот нигаронида мешавад, ки ин иқдом иқтидори содиротии мамлакатро боло бардошта, ҷойҳои нави корӣ фароҳам меорад.

Гармхонаи замонавӣ бо назардошти меъёрҳои муосир бунёд гардида, фаъолияти он ба таври автоматӣ роҳандозӣ мегардад. Хусусан таъмини зироат бо нуриҳои менералӣ тариқи компютер сурат хоҳад гирифт. Аз рӯйи баҳогузорӣ,  гармхонаи сохташаванда насли панҷум ва охирини  гармхонаҳо ба ҳисоб рафта, бо истифодаи маҳсулоти хушсифату технологияи муосир бунёд хоҳад ёфт.

Ҳамчунин марҳилаи сеюми сохтмони гармхона дар назар дошта шудааст, ки дар масоҳати 5 гектар бунёд хоҳад шуд.

Дар маҷмӯъ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК-Агро” дар се марҳила дар масоҳати 10 гектар гармхонаҳои замонавӣ бунёд мекунад, ки ин иқдом ҷиҳати таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ дар фасли зимистон низ мусоидат хоҳад кард. Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ 30 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва 20 нафари дигар соҳиби кори мавсимӣ хоҳанд гашт.

Ёдрас мешавем, ки марҳилаи якуми гармхонаи ҷамъият моҳи марти соли 2020 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд ва Сарвари давлат зимни боздид барои густариши фаъолият ба масъулин дастуру супориш дода буданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз гузоштани санги асоси марҳилаи дуюм ба масъулин дастур доданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд ва дар муҳлати муқарраргардида анҷом дода, парвариши маҳсулоти кишоварзиро бо истифода аз тухмиҳои хушсифат роҳандозӣ намоянд.

Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хати оби полезиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Хати мазкур барои обёрии 30 гектар замини Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК-Агро” пешбинӣ гардидааст.

Об аз чуқурии 120 метр бароварда шуда, то минтақаи обёришаванда бо истифода аз қубурҳои гуногунқутр кашонида шудааст.

Иқдоми мазкур имкон медиҳад, ки  “ММК-Агро” заминҳои дар ихтиёрдоштаашро пурра истифода намояд.

Пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи гармхонаи нав ва ба истифода додани хати оби полезӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз гармхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК-Агро”, ки дар марҳилаи аввал бунёд гардида буд, боздид намуданд.

Масоҳати гармхонаи мазкур 2 гектарро дар бар гирифта, айни замон дар он помидор, бодиринг ва қаламфури булғорӣ нашъунамои хуб доранд. Ҳосили зироати гармхона то моҳи декабр барои чидан омода гашта, дар фасли зимистон ба бозорҳои мамлакат бароварда мешавад.

Тавре кишоварзон мегӯянд, дар фасли зимистон аз ин гармхона 100 тонна помидор, 50 тонна бодиринг ва 20 тонна қаламфури булғорӣ ҷамъоварӣ хоҳанд кард. То имрӯз аллакай аз гармхона 20 тонна помидор, наздик ба 8 тонна бодиринг ва бештар аз 500 килограмм дигар номгӯйи маҳсулот ҷамъоварӣ ва ба бозор бароварда шудааст.

Гармхона ба ду қисм: гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо гардида, тамоми таҷҳизоти он аз Кореяи Ҷанубӣ ворид шудааст. Барои таъмини сифати хуби маҳсулот ва бардоштани ҳосили баланд тариқи обёрии қатрагӣ ба растанӣ 13 намуди элемент расонида мешавад. Муътадилии ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ тариқи системаи буғӣ ва ба таври автоматӣ дар ҳама мавсими сол нигоҳ дошта мешавад ва барои иҷрои ин амалҳо ду деги калонҳаҷм низ насб гардидааст.

Қисмати органикӣ, яъне ба таври маъмулӣ парвариш кардани тухмиҳо, аз ду як ҳиссаи гармхонаи мазкурро ташкил медиҳад. Дар ин ҷо низ ҳама амалиёти парвариш ва нигоҳубини растанӣ тариқи автоматӣ ба роҳ монда шуда, муътадилии ҳарорати он бо усули радиаторӣ, яъне ҳавои сунъии гарм нигоҳ дошта мешавад. Барои иҷрои ин амал дар қисмати органикии гармхона 80 адад ҳаводиҳанда насб гардидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар гармхонаи мазкур 50 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, ҳамчунин 20 нафари дигар барои корҳои мавсимӣ ҷалб карда мешаванд.

Дар  тавозуни Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ММК Агро” дар баробари парвариши помидору бодиринг ва растаниҳои мавсимӣ, ҳамзамон 6 гектар ангурбоғ мавҷуд аст. Токзор бо истифода аз қоидаҳои муосири агротехникӣ бунёд гардида, 3 гектари онро навъи ангури “Суғдиён”, ки аз вилояти Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ворид карда шудааст, ташкил медиҳад. Дар 3 гектари дигар ангури навъи “ҳусайнӣ” парвариш меёбад.

Ҳамчунин бо мақсади таъмини аҳолӣ бо меваю сабзавоти тару тозаи ватанӣ дар назар аст, ки мавсими оянда токзори мазкур васеъ ва дар паҳлуи он 7 гектар боғи нави суперинтенсивии себу нок бунёд карда шавад.

Зимни боздид ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар назди гармхона дар масоҳати 2 гектар боғи гелос бунёд гардидааст, ки айни замон нашъунамои хуб доранд.  Дарахтони гелос аз Канада ворид гардида, ба иқлим ва боду ҳавои Тоҷикистон мутобиқанд ва аллакай дар соли сеюм ба ҳосил медароянд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди гармхонаҳои замонавӣ ва роҳандозии усулҳои нави парвариши маҳсулоти кишоварзиро омили асосии рушди соҳа номида, ҳамчунин ба масъулин дастур доданд, ки дар  вазъияти пандемияи ҷаҳонӣ ҳар порча заминро ба хотири таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ самаранок истифода баранд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди сохтмони гармхонаи замонавӣ санги асос гузошта, аз гармхонаи «ММК-Агро» дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздид намуданд