Хабарҳо
Ифтитоҳи бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар ноҳияи Мастчоҳ - 23.11.2020 16:29
Раҷаббой Аҳмадзода: Парчами давлатӣ - баёнгари ҳастии давлат ва рамзи иттиҳоду ҳамдилӣ - 23.11.2020 15:35
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон - 23.11.2020 07:56
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд - 22.11.2020 14:00
Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозонро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуд - 20.11.2020 17:26
Ба таваҷҷуҳи олимону журналистон: Озмуни ҷумҳуриявии «Асари беҳтарин дар мавзӯи экология» гузаронида мешавад - 20.11.2020 13:07
Баргузории вохӯриҳои судманд дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд - 20.11.2020 09:27
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: Гузаронидани ҳама гуна чорабиниҳои тантанавӣ ба муносибати Соли нави мелодии 2021 дар қаламрави кишвар манъ аст - 20.11.2020 09:24
Ҷаласаи панҷуми Шўрои ҳамоҳангсозии соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид - 20.11.2020 09:22
Таъйиноти кадрӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе - 19.11.2020 09:08

Ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19

( 0 Овоз )

Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таҳти раёсати Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 Раҷаббой Аҳмадзода ҷаласаи навбатии ситоди вилоятӣ доир шуд.

Дар ҷаласа муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самараддин Ализода, муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, раисони шаҳру ноҳияҳо, масъулини соҳаи тандурустӣ, олимони соҳаи тиб Алишер Мухторов ва Эркин Раҳмонов иштирок доштанд.

Нахуст доир ба вазъи соҳаи тандурустии вилоят сардори Раёсати тандурустии вилоят Фаррух Мақсудзода гузориш дод. Таъкид карда шуд, бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус дар шаҳру навоҳии вилоят корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, баҳри табобати беморон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Новобаста аз чораандешиҳо бархе аз шаҳрвандон қоидаҳои беҳдоштиро риоя накарда, бидуни ниқобҳои муҳофизатӣ гаштугузор менамоянд. Ин ҳолат боиси нигаронӣ буда, бояд ҳар як нафар барои ҳифзи саломатии худу атрофиён масъулияти бештар эҳсос намояд.

Зикр гардид, ки бо супориши Раиси вилоят аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳаи тиб гуруҳҳои корӣ ташкил карда шуда, барои омӯзиши вазъ ба шаҳру ноҳияҳо сафарбар шуданд. Дар натиҷаи таҳлилҳо муайян гардид, ки бархе аз сокинон нисбати саломатии худ бепарво буда, ҳолатҳои риоя нашудани фосила, надоштани ниқобҳои тиббӣ дар кӯчаву хиёбонҳо, бозору марказҳои савдо ба қайд гирифта шудааст.

Раиси вилоят бори дигар ба масъулини ниҳодҳои марбута барои ҷоннок намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ супоришҳо дода, таъкид кард, ки корҳои безараргардонӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ тақвият бахшида шавад. Дар зимн табибони оилавӣ низ вазифадор гардиданд, ки назоратро дар маҳал пурзӯр намуда, нафарони беморро сари вақт ба табобат фаро гиранд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат Самараддин Ализода бо таҳлили вазъи мавҷуда иброз дошт, ки масъулин бояд дар ҳамбастагӣ фаъолият намуда, масъулияти бештар эҳсос намоянд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ҷаласаи Ситоди вилоятӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19