Хабарҳо
Хуҷанд. Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 21.10.2020 10:23
Суғд. То имрӯз 94 ҳазору 262,2 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд - 21.10.2020 08:53
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ва корхонаи “Суғдиён” - 20.10.2020 17:00
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” дар ноҳияи Спитамен - 20.10.2020 11:47
Исфара. Соҳибкорон Ӯлмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ мактаби замонавӣ бунёд менамоянд - 20.10.2020 09:07
ТАЪСИСИ ШУЪБАИ ТАБОБАТИ НУРӢ: МУСОИДАТ БА БЕҲДОШТИ СОЛИМӢ - 19.10.2020 14:35
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР – ИҚДОМИ НЕК - 19.10.2020 14:32
Тоҷикистон кофтукови айбдоршаванда дар ҷинояти қаллобиро, ки дар Аврупо пинҳон шудааст, эълон кард - 18.10.2020 14:03
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифобахши Аср»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 17.10.2020 15:40
Ифтитоҳи хатҳои нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар ҶДММ «Сайҳун» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон - 17.10.2020 15:43

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳринав мулоқот намуданд

( 0 Овоз )

30 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншоот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳринав мулоқот карданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ аз ободу зебо гардидани ин гӯшаи диёр ва беҳтар шудани шароити зиндагии мардуми он таъкид доштанд, ки сокинони ноҳия бо дастгирӣ аз сиёсати пешгирифтаи давлат ва Ҳукумати мамлакат ва бо заҳмати аҳлона ба дастовардҳои назаррас ноил шуданд.

Дар ноҳияи Шаҳринав бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёду таҷдиди 413 иншоот ба нақша гирифта шуда, аз ин шумора то имрӯз корҳо дар 252 иншоот пурра ба анҷом расидаанд.

Таъкид гардид, ки аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар зарфи 29 соли гузашта барои рушди ноҳияи Шаҳринав аз ҳисоби буҷети давлат қариб 520 миллион сомонӣ маблағ равона карда шудааст.

Ғайр аз ин, давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар ноҳия 18 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 567 миллион сомонӣ татбиқ гардидааст.

Ҳоло дар ҳудуди ноҳия татбиқи 8 лоиҳаи дигар идома дошта, маблағи дар доираи онҳо азхудшуда қариб 40 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар давраи зикршуда дар ноҳияи Шаҳринав танҳо ба сармояи асосӣ 317 миллион сомонӣ маблағгузорӣ гардида, аз ҷумла маркази ноҳия дар ҷойи нав сохта шуд.

Дар ноҳия 15 корхонаи саноатӣ ба қайд гирифта шуда, дар онҳо дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ҳамагӣ 17 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 800 ҳазор сомонӣ кам мебошад.

Вобаста ба истифодаи нокифояи имконоти рушди соҳаи саноат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияро вазифадор карданд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва вазорату идораҳои марбута фавран нақшаи чорабиниҳои дахлдорро вобаста ба бунёди корхона ва коргоҳҳои нави саноатӣ, ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда ва васеъ ҷорӣ намудани технологияҳои муосир таҳия карда, бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва дастгирии ташаббусҳои бахши хусусӣ амалӣ намоянд.

Барои рушди соҳаи кишоварзӣ роҳбарони ноҳия, Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор шуданд, ки ҷиҳати бартараф кардани камбудиву мушкилоти ҷойдошта ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тамоми имконотро сафарбар созанд.

Барои беҳтар намудани инфрасохтори зарурӣ ҷиҳати таъмин намудани рушди бемайлони соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳия аз ҷониби Ҳукумати кишвар мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд.

Танҳо барои таҷдиди 12 километр шоҳроҳи Душанбе — сарҳади Ӯзбекистон, ки аз ҳудуди ноҳияи Шаҳринав мегузарад ва сохтмони пул ба дарозии 74 метр 282 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Дар доираи нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар солҳои 2018-2021 дар ноҳия таъмиру таҷдиди 31 километр роҳҳо пешбинӣ гардида, то имрӯз корҳо дар беш аз 20 километр роҳ анҷом дода шудаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия вазифадор шуданд, ки бо истифода аз ҳамаи манбаъҳо ва имконот ҷиҳати пурра таъмиру таҷдид намудани роҳҳои маҳаллии ноҳия чораҷӯӣ намоянд.

Дар ноҳияи Шаҳринав аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ 70 бинои муассисаи таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 4500 ҷойи нишаст ба истифода дода шудааст.

Ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳитаҷриба барои соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ тибқи квотаи Президентӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ 320 нафар, аз ҷумла 190 нафар духтарон ба муассисаҳои олии касбии мамлакат қабул гардида, 225 нафари онҳо баъди хатми таҳсил дар соҳаҳои гуногун муваффақона фаъолият карда истодаанд.

Барои пешрафти кори соҳаи тандурустӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, роҳбарону масъулони ноҳия супориш гирифтанд, ки якҷо бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ доир ба рафъи камбудиву мушкилоти дар муассисаҳои тиббӣ ҷойдошта, бо мутахассисони баландихтисос ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин кардани беморхонаву марказҳои саломатӣ, беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва пурзӯр кардани корҳои фаҳмондадиҳиву пешгирикунанда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар охир Президенти мамлакат бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми меҳнатдӯсти ноҳияи Шаҳринав бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои ноил шудан ба ҳадафҳои созанда ба комёбиҳо ноил мегарданд.

Пас аз суханронии Сарвари давлат сокинони ноҳия, намояндагони касбу кори гуногун — Абдуғаюр Саломов, Лайлобону Холзода- донишҷӯ ва сокини 101-солаи ноҳияи Шаҳринав, собиқадор Абдулазиз Қодиров бо шукргузорӣ аз даврони ободу осудаи Ватан сухан гуфтанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Шаҳринав мулоқот намуданд