Хабарҳо
Хуҷанд. Раиси вилоят собиқадорони меҳнатро аёдат кард - 21.10.2020 10:23
Суғд. То имрӯз 94 ҳазору 262,2 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд - 21.10.2020 08:53
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ва корхонаи “Суғдиён” - 20.10.2020 17:00
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” дар ноҳияи Спитамен - 20.10.2020 11:47
Исфара. Соҳибкорон Ӯлмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ мактаби замонавӣ бунёд менамоянд - 20.10.2020 09:07
ТАЪСИСИ ШУЪБАИ ТАБОБАТИ НУРӢ: МУСОИДАТ БА БЕҲДОШТИ СОЛИМӢ - 19.10.2020 14:35
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР – ИҚДОМИ НЕК - 19.10.2020 14:32
Тоҷикистон кофтукови айбдоршаванда дар ҷинояти қаллобиро, ки дар Аврупо пинҳон шудааст, эълон кард - 18.10.2020 14:03
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифобахши Аср»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 17.10.2020 15:40
Ифтитоҳи хатҳои нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар ҶДММ «Сайҳун» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон - 17.10.2020 15:43

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро дар деҳаи Қаҳрамони деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав мавриди истифода қарор доданд

( 0 Овоз )

Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Шаҳринав Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Қаҳрамони деҳоти Сабо бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро мавриди истифода қарор доданд.

Муассисаи таълимии 2-ошёна аз 3 бино иборат мебошад. Бинои асосии он, ки соли 1960 қомат афрохта буд, аз сабаби корношоям гаштан пурра аз байн бардошта шуд. Корҳои сохтмонии иморати нав аз моҳи декабри соли 2018 оғоз ёфтанд. Дар рафти корҳо масъулин сохтмончиёни маҳаллиро ҷалб намуданд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-и ноҳияи Шаҳринав дар партави дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бо дастгирии оилаи Рӯзиевҳо бунёд шудааст. Дар ин бинои таълимӣ 800 хонанда дар ду баст ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.

Бинои нави муассиса, ки бо тарҳи замонавӣ бунёд шудааст, аз 12 синфхона иборат мебошад. Синфхонаҳо бо дастгоҳу лавозимоти таълимӣ муҷаҳҳазанд. Бо дарназардошти эълони солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” синфхонаҳои фанни физикаву химия дар ин мактаб барои гузаронидани озмоишҳо ва дарсҳои амалӣ ба таври муосир таҷҳизонида шудаанд.

Қомат афрохтани бинои нави таълимии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18 омӯзгоронро рӯҳбаланду ба кори хеш дилгарм намудааст. Бо истифода аз ин шароит онҳо фаъолиятро дар самти таълиму тарбияи насли наврас боз ҳам ҷоннок мекунанд.

Дар Муассисаи таълимӣ 650 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, ба онҳо 43 омӯзгор дарс мегӯянд. Аз ин шумора 35 нафарро занон ташкил мекунанд. То ба истифода додани бинои нави муассиса таълим дар ин мактаб дар се баст сурат мегирифт ва мушкилии норасоии ҷойи нишаст эҳсос мешуд. Бо қомат афрохтани иморати нави муассиса мушкилиҳои омӯзгорону хонандагон пурра бартараф гардид.

Дар баробари ба истифода додани бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18, ҳамчунин оилаи Рӯзиевҳо 1 километр роҳи асосии кӯчаи Қаҳрамонро аз ҳисоби худ асфалтпӯш карда, ин роҳро чароғон намудаанд.

Майдончаи муассиса таъмиру навсозӣ гардида, дар он барои баргузории дарси тарбияи ҷисмонӣ шароити хуб фароҳам мебошад. Саҳни мактаб сафолакпӯш ва чароғон карда шуда, дар гӯшаҳои алоҳидаи он гулҳои рангоранг шинонида шудаанд.

Баъди ба истифода додани бинои нави Муассисаи таълимӣ ва шиносоӣ бо имконоти он  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси сокинони ватандӯстро барои обод кардани як гӯшаи диёр шоистаи таҳсин ва дастгирӣ хонданд.

Аз омӯзгорон даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароити фароҳамгардида хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ тарбия намоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 18-ро дар деҳаи Қаҳрамони деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав мавриди истифода қарор доданд