Хабарҳо
Суғд. То имрӯз 94 ҳазору 262,2 тонна пахта ҷамъоварӣ шуд - 21.10.2020 08:53
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ва корхонаи “Суғдиён” - 20.10.2020 17:00
Ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ ва чойхонаи “Роҳат” дар ноҳияи Спитамен - 20.10.2020 11:47
Исфара. Соҳибкорон Ӯлмасовҳо бо харҷи 30 миллион сомонӣ мактаби замонавӣ бунёд менамоянд - 20.10.2020 09:07
ТАЪСИСИ ШУЪБАИ ТАБОБАТИ НУРӢ: МУСОИДАТ БА БЕҲДОШТИ СОЛИМӢ - 19.10.2020 14:35
ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ РАҚОБАТПАЗИР – ИҚДОМИ НЕК - 19.10.2020 14:32
Тоҷикистон кофтукови айбдоршаванда дар ҷинояти қаллобиро, ки дар Аврупо пинҳон шудааст, эълон кард - 18.10.2020 14:03
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази ташхисӣ-табобатии «Шифобахши Аср»-ро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд - 17.10.2020 15:40
Ифтитоҳи хатҳои нави технологии истеҳсоли шароб аз ангур, маҳлули безараргардонӣ ва маҳсулоти хамирӣ дар ҶДММ «Сайҳун» дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон - 17.10.2020 15:43
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хати нави технологӣ оид ба истеҳсоли 10 намуд кулчақанд дар ҶДММ «Маҳмудов Ғ»-ро дар шаҳри Хуҷанд ба истифода доданд - 17.10.2020 15:45

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд

( 0 Овоз )

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро мавриди истифода қарор доданд.

Маркази таълимии «Пойтахт» барои бозомӯзии ҳайати шахсӣ ва сатҳи роҳбарии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Масоҳати Маркази таълимии «Пойтахт» 2 гектарро ташкил дода, сохтмони иншооти мазкур моҳи апрели соли 2020 оғоз гардид.

Дар марказ барои бозомӯзии 400 нафар кормандону мутахассисон дар як вақт шароити муосир муҳайё гардидааст.

Марказ аз як бинои дуошёна ва биноҳои якошёна иборат буда, бо тамоми таҷҳизоти соҳавӣ ва дастгоҳҳои махсус таъмин мебошад.

Бинои нави Маркази таълимии «Пойтахт» дорои қариб 20 синфхонаи дарсӣ, синфхонаҳои лингафонӣ мебошад, ки дар он мутахассисони соҳа бо истифода аз технологияи пешрафтаи мавҷуда ба курсантон ва дигар шунавандагони курсҳои таълимӣ забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ, англисӣ ва чинӣ меомӯзонанд.

Раванди таълим дар марказ тавассути тахтаҳои электронӣ ва дигар технологияи пешрафта ба роҳ монда шуда, ба кадрҳои ҷавон донишҳои замони муосир дар сатҳи баланд омӯзонида мешавад, ки ин яке аз бартариҳои он ба шумор меравад.

Утоқҳои дарсӣ, машқгоҳҳо, меҳмонхона барои 100 нафар, ошхона бо 100 ҷойи нишаст, китобхона ва дигар ҳуҷраҳои корӣ аз имконоти марказ барои бозомӯзии хизматчиён мебошад.

Зимни шиносоӣ бо имконоти муосири таълим дар марказ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони Қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи пурсамари шароити муҳайёгардида, тарбияи дурусти сарбозон дар роҳи ватандорӣ, ҳисси масъулияти баланд дар назди давлату миллат дастуру супоришҳо доданд.

Дар маркази таълимӣ ҳамзамон ҷиҳати ба машқу тамрин машғул шудани афсарону сарбозон ва шунавандагони курсҳои омӯзишӣ толори варзиш  бунёд гардидааст, ки бо лавозимоти муосири соҳавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Бо назардошти дар рӯҳияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ тарбия намудани сарбозону курсантон дар дохили бинои навбунёди Маркази таълимии “Пойтахт” осорхона бо номи “Толори сабақи ватандорӣ” ташкил карда шудааст, ки онҳо метавонанд ҳангоми фориғ аз машғулият будан аз таърихи ташаккули Қӯшунҳои сарҳадӣ  ва корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат воқиф гарданд.

Маркази таълимии «Пойтахт» ғайр аз бинои таълимӣ боз дорои фермаи парандапарварӣ мебошад, ки дар он 7 намуди паранда бо саршумори 2500 адад парвариш меёбад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ифтитоҳ намуданд