Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони шаҳри Кӯлоб туҳфа ва кумакҳои моддӣ супориданд - 24.09.2020 07:48
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагӣ ва майдони варзиширо дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41-и шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор доданд - 24.09.2020 07:42
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб»-ро ифтитоҳ намуданд - 24.09.2020 07:40
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» - 23.09.2020 17:55
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Сайҳун” - 23.09.2020 17:04
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.09.2020 16:26
Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз ёфт - 23.09.2020 16:07
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази вилоят - 23.09.2020 16:05
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаи “Файзи Расул” - 22.09.2020 16:57
Ба озмун: Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Қадами сиву як бар чӣ самт аст? Сулаймонбеков Аноятбек генерал-майори амният Абдураззоқ Саид журналист, фаъоли ҲХДТ - 22.09.2020 16:45

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

( 1 Овоз )

16 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои истиқоматӣ аз 9 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 32 ҳуҷраи барҳаво мебошад.

Иншоот бо тарҳи муосир сохта шуда, дар ошёнаи аввали он дар масоҳати 200 метри мураббаъ Маркази саломатӣ ҷойгир аст, ки аз 7 ҳуҷраи корӣ, аз ҷумла ҷарроҳӣ, доругузаронӣ, буғхона ва тамизгардонӣ, интенсивӣ, табобати дандон, амрози занона, бемориҳои дарунӣ ва ҳамшираи тиб иборат мебошад. Ҳамаи ҳуҷраҳо бо дастгоҳҳои муосири соҳа муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Дар таҳхонаи бино озмоишгоҳ барои таҳлилҳои биокимиёвӣ ҷойгир буда, дар он таҷҳизоти зарурӣ мавҷуданд.

Корҳои сохтмонӣ соли 2018 оғоз гардида, бо ҷалби мутахассисони баландихтисоси маҳаллӣ бо сифати баланд анҷом ёфтаанд.

Бинои истиқоматӣ барои ҳайати шахсӣ ва афсарони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд туҳфаи арзишманди Ҳукумати ҷумҳурӣ дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни 29-солагии Истиқлоли давлатӣ мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чанде аз оилаҳои кормандон калиди хонаҳои истиқоматиро супорида, онҳоро барои соҳиби манзили истиқоматӣ шуданашон таҳният гуфтанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ барои таъмини шароити арзандаи кору хизмат ва зисту зиндагонии кормандони сохторҳои қудратӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, барои мукаммал намудани воҳидҳои сохторию низомии он бо техникаю таҷҳизот пайваста чораҳои зарурӣ амалӣ менамояд, то амнияту осоиштагии сокинон таъмин карда шавад.

Ҳамаи ҳуҷраҳо бо ҷиҳози зарурии рӯзгор, аз қабили ҷевон, рахти хоб, яхдон, телевизор ва дигар шароити зист таъминанд.

Ҳамчунин бино ба шабакаи мутамаркази гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Кормандони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки соҳиби манзилҳои истиқоматӣ шуданд, барои дастгириҳои пайваста ва муҳайё намудани шароити арзандаи зист ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Саҳн ва атрофи бинои истиқоматӣ сабзкорӣ шуда, бо гулу буттаҳои ороишӣ зиннат ёфтааст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои 9-ошёнаи истиқоматӣ барои кормандони Раёсати КДАМ дар вилояти Суғдро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд