Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ятимони шаҳри Кӯлоб туҳфа ва кумакҳои моддӣ супориданд - 24.09.2020 07:48
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои иловагӣ ва майдони варзиширо дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41-и шаҳри Кӯлоб мавриди истифода қарор доданд - 24.09.2020 07:42
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб»-ро ифтитоҳ намуданд - 24.09.2020 07:40
Боздиди Раиси вилоят аз Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» - 23.09.2020 17:55
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти ҶДММ “Сайҳун” - 23.09.2020 17:04
Сафари кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - 23.09.2020 16:26
Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” оғоз ёфт - 23.09.2020 16:07
Таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар маркази вилоят - 23.09.2020 16:05
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти корхонаи “Файзи Расул” - 22.09.2020 16:57
Ба озмун: Бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Қадами сиву як бар чӣ самт аст? Сулаймонбеков Аноятбек генерал-майори амният Абдураззоқ Саид журналист, фаъоли ҲХДТ - 22.09.2020 16:45

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи нави дӯзандагии ҶДММ «Нассоҷии Хуҷанд» оғоз бахшиданд

( 1 Овоз )

16 сентябр дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба коргоҳи нави дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ташриф оварда, ба фаъолияти он оғоз бахшиданд.

Нахуст, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни коргоҳ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки ба ифтихори Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил карда шуд, дидан карданд.

Дар намоиш ҳунармандони чирадасти шаҳрҳои Хуҷанд, Бӯстон, Гулистон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҳсули дастранҷи худро муаррифӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунару маҳорати занону бонувони хушсалиқаи вилояти Суғд баҳои баланд доданд.

Миллати тоҷик дар тӯли таърих бо тамаддуни оламшумул ва фарҳанги гаронбаҳо соҳибмақом аст ва ҳунарҳои мардумӣ низ ҷузъи таркибии арзишҳои миллии мо ба шумор мераванд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ  таваҷҷуҳ  ба эҳё ва рушди он бештар гардид.

Сарвари давлат аз намоиши маҳсулоти истеҳсолкардаи ин коргоҳ, ки аз сару либоси мактабӣ, хилъатҳои тиббӣ, ниқобҳои муҳофизатӣ, матоъҳои безараркардашуда ва корҷомаҳо барои амалиёти ҷарроҳӣ иборат аст, боздид намуданд.

Дар коргоҳи нави дӯзандагии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди ”Нассоҷии Хуҷанд” муосиртарин таҷҳизот ва технология, ки истеҳсоли Ҷумҳурии Мардумии Чин, Федератсияи Россия ва Италия мебошанд, васлу насб гардидаанд.  Бояд тазаккур дод, ки дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва иқдому ташаббусҳои созандаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” коргоҳи нави дӯзандагӣ, ки дар он асосан, истеҳсоли либоси мактабӣ ба роҳ монда шудааст, таъсис доданд.

Мақсад аз бунёди коргоҳи нави дӯзандагӣ то ҳадди ниҳоӣ коркард намудани ашёи хоми маҳаллӣ, ба шуғли доимӣ фаро гирифтани аҳолӣ ва тақвият бахшидани иқтидори содиротии мамлакат мебошад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иқтидори истеҳсолии коргоҳи нави дӯзандагӣ дар як сол 60 ҳазор баста сару либоси мактабӣ аст.

Маҳсулоти коргоҳи навтаъсиси дӯзандагӣ аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ истеҳсол гардида, ба талаботи бозори дохиливу хориҷӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар коргоҳи дӯзандагӣ дар ду баст 200 нафар ба шуғл фаро гирифта шудаанд, ки 90 дарсади онҳо занону бонувон мебошанд.

Корҳои сохтмонӣ дар ин коргоҳ  аввали соли 2020 оғоз гардида, бо ҷалби 80 нафар сохтмончии маҳаллӣ бо сатҳу сифати баланд ба иҷро расид. Масоҳати умумии иншоот 1 ҳазору 400 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Ашёи хом асосан аз хоҷагиҳои пахтакори шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба корхона дастрас гардида, то марҳилаи ниҳоӣ коркард мешавад.

Масъулони корхонаи “Нассоҷии Хуҷанд” нақша доранд, ки дар асоси шатрнома содироти маҳсулоти худро ба Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Беларус ба роҳ монанд.

Дар маҷмӯъ, дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Нассоҷии Хуҷанд” ҳафт коргоҳ, аз қабили ресандагӣ, бофандагӣ, рангу пардоздиҳии риштаву матоъҳо ва истеҳсоли либоси гуногун мавҷуд аст, ки дар онҳо зиёда аз 500 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мебошанд.

Роҳбарияти коргоҳ  барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат нисбат ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ арзи сипосу миннатдорӣ баён карда, азм доранд, ки  минбаъд низ ҷиҳати пешрафти иқтисоди миллӣ ва ба ин восита ташкили ҷойҳои нави корӣ  аз ҳарвақта дида бештар талош  намоянд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти коргоҳи нави дӯзандагии ҶДММ «Нассоҷии Хуҷанд» оғоз бахшиданд