Хабарҳо
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сардори Ситоди муттаҳидаи Артиши Ҷумҳурии Исломии Покистон генерал Надим Раза мулоқот намуданд - 26.11.2020 11:58
Дар Истаравшан бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 58 мавриди истифода қарор гирифт - 26.11.2020 11:37
Оғози маъракаи иттилоотии «16 рӯз мубориза алайҳи хушунат» - 26.11.2020 11:31
Дар Ҷамоати деҳоти Шаҳраки шаҳри Исфара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд - 26.11.2020 11:10
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Россия Валентина Матвиенко мулоқот намуданд - 25.11.2020 10:42
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - 24.11.2020 16:11
Таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар шаҳри Бӯстон - 24.11.2020 13:56
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Парчам дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 24.11.2020 14:53
Ашт. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҷамъомади идона баргузор гардид - 24.11.2020 14:48
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва оғоз гардид - 24.11.2020 14:44

Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода

( 0 Овоз )

30 июли соли 2020 машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат муовини якум, муовинони Раиси вилоят, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раиси шаҳри Хуҷанд ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Дар машварат ҷараёни татбиқи супориши протоколии маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба гузаронидани тўйҳои домодиву арўсӣ дар тартиби нав, вазъи корҳои пешгирикунанда ва мубориза бар зидди паҳншавии бемории сироятии коронавирус КОВИД-19, вазъи интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта шуд, ки бо назардошти мавҷуд будани эҳтимоли мавҷи хуруҷи дуюми коронавирус дар вилоят 1030 кат барои табобат ва 1700 кат барои ба карантин фаро гирифтан омода мебошад. Дар ин замина барои захираи маводи доруворӣ ва либосҳои тиббӣ, тақвияти корҳои безараргардонӣ дар назди масъулин вазифагузорӣ карда шуд. Ҳамзамон аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намуда, саломатии худ ва атрофиёнро ҳифз намоянд.

Раиси вилоят пас аз шунидани гузориши масъулин изҳор дошт, ки роҳбарони воҳидҳои сохторӣ бояд дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ беш аз пеш фаъолнокӣ нишон дода, бо ҳисси баланди хушиносиву ватандўстӣ ва садоқати баланд ба Ватану миллат корҳои фаҳмондадиҳиро вобаста ба масъалаҳои ҷаласаи имрўза дар ҳамаи ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва маҳали зисти аҳолӣ тақвият бахшанд.

Таъкид карда шуд, ки сокинони вилоят бояд донанд ва осуда бошанд, ки роҳбарияти мамлакат, дар симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар асоси дастурҳои Пешвои муаззами миллат, ҷиҳати ҳалли саривақтии муаммоҳои муваққатӣ вобаста ба маҳдудиятҳои зикргардида ва бартараф кардани онҳо, чораҳои зарурӣ андешида истодааст.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Машварати кории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода