Хабарҳо
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29

Раҷаббой Аҳмадзода шахсиятҳои маъруф ва собиқадорони меҳнатро аёдат кард

( 1 Овоз )

30 июли соли 2020 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи Иди Қурбон шахсиятҳои маъруф ва собиқадор Сайрам Исоева, Ҷӯрабек Набиев, Турсунбой Раҳматов ва Шариф Ҳафизовро аёдат намуд.

Раиси вилоят аёдатшудагон ва аҳли оилаи онҳоро ба муносибати фарорасии Иди Қурбон табрик гуфт ва изҳор дошт, ки бо дастгириву раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти вилоят мунтазам аз ҳоли собиқадорони меҳнат бохабар гардида, барои дастгирии моддиву маънавии онҳо тадбирҳои судманд меандешад. Таъкид гардид, ки дар арафаи Иди Қурбон анҷом додани амалҳои неку писандида ва дастгирии ҳамдигар аз беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб рафта, иҷрои корҳои хайр суннати деринаи мардуми тоҷик маҳсуб меёбад.

Собиқадорони меҳнат низ фарорасии иди саидро ба Раиси вилоят ва кулли мардуми вилоят таҳният гуфта, барои ғамхориҳои доимӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Бояд таъкид кард, ки Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайрам Исоева 24 ноябри соли 1942 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми мактаби миёна ба Донишкадаи театр ва санъати рассомии ба номи А. Островскии шаҳри Тошканд дохил шуда, соли 1964 онро бо муваффақият хатм мекунад. Беш аз 56 сол инҷониб дар саҳнаи театру кинои тоҷик нақшофарӣ карда, дар вазифаҳои гуногун низ фаъолият бурдааст. Ин ҳунарманди нотакрор дар кинофилми «Рустам ва Суҳроб»-и коргардон Борис Кимёгаров нақши Гурдофаридро бозидааст. Сайрам Исоева ҳамчун коргардони бомаҳорати театр низ маъруф аст ва бо кӯшиши ӯ даҳҳо асарҳои саҳнавию ҳаҷвӣ ба саҳна гузошта шудааст.

Устоди санъат, Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҷӯрабек Набиев бошад соли 1941 таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи ДДОЛ ба номи С.М.Киров аст ва солҳои зиёд дар Театри давлатии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ансамбли тарона ва рақси «Дурдона», Донишгоҳи давлатии Хуҷанд фаъолият карда, аз шашмақомсароёни номии тоҷик мебошад.

Собиқадори хизмати давлатӣ Турсунбой Раҳматов солиёни зиёд дар мақомоти давлатӣ кору фаъолият бурда, айни замон раисии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати вилоятро ба уҳда дорад.

Шаҳрванди фахрии Хуҷанд Шариф Ҳафизов собиқадори соҳаи варзиш мебошад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд



Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раҷаббой Аҳмадзода шахсиятҳои маъруф ва собиқадорони меҳнатро аёдат кард