Хабарҳо
«Хиёнат»: Фоҷиаи инсоният - 07.08.2020 19:06
Ташкилоти ғайритиҷоратии «Иттифоқи корхонаҳои саноати сабуки вилояти Суғд» таъсис ёфт - 07.08.2020 14:29
Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҶДММ «Суғд-Текстайл» - 07.08.2020 14:23
Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба рӯзи касбии сохтмончиён - 07.08.2020 11:08
Мулоқоти сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилоят бо занони шаҳри Исфара - 07.08.2020 08:35
Рӯзи Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд - 06.08.2020 12:47
Border Troops Reports About Border Incident - 06.08.2020 11:06
Изҳороти Маркази матбуоти Қушӯнҳои Сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон - 06.08.2020 09:47
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз боғу токзори хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Хуросон боздид ба амал оварданд - 06.08.2020 08:57
COVID-19. Масъалаи омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хониш дар ҷаласаи имрӯзаи Ситоди ҷумҳуриявӣ баррасӣ гардид - 06.08.2020 08:50

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати фарорасии Иди Қурбон

( 0 Овоз )

Сокинони азизи меҳнатқарини вилояти Суғд!

Ҳамаи Шуморо ба муносибати фарорасии Иди Қурбон самимона муборакбод гуфта, ба кулли ҳамватанон тансиҳатӣ, хотирҷамъӣ ва дар амалӣ гардидани орзую ниятҳои нек муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Иди Қурбон таҷассумкунандаи арзишҳои фарҳанги инсондӯстиву инсонпарварӣ буда, бахусус силаву навозиши ятимону бепарасторон, поси хотири гузаштагон ва муҳимтар аз ҳама, хайру эҳсон намудан ба дармондагону ниёзмандон ва шахсони камбизоат аз фазилатҳои неки ин ид маҳсуб меёбанд.

Бо ифтихор изҳор менамоям, ки мардуми вилоят, чун тамоми сокинони кишвари соҳибистиқлоламон дар партави сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат, ризоияти миллӣ, пешрафти иқтисодиёт, фарҳанг, такмилёбии ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ба комёбиҳои назаррас ноил гардида истодааст.

Имрӯзҳо вазъи ҷаҳони муосир ва торафт фарохтар доман паҳн кардани бемории сироятӣ талаб менамояд, ки нисбат ба саломатии хеш бетараф набошем, бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар хона, маҳалли зист, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ барои ҳифзи сиҳатии худ, аъзои хонавода ва ҷомеа талош варзем, кӯшиш намоем, ки ин беморӣ саломатӣ ва ҳаёти одамонро дар хатар нагузорад.

Ба андешаи табибон, риояи қатъии тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагӣ яке аз муҳимтарин роҳҳои пешгирии ин беморӣ буда, он бо матлаби “покизагӣ нисфи имон аст”, ки дар таълимоти дини ислом баён гардидааст, борҳо таъкид шудааст.

Дар арафаи ид  анҷом додани амалҳои неку писандида, дастгирии якдигар, таҳаммулпазирӣ, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷон кӯмак расондан волотарин арзишҳои дини мубини ислом ва беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб мераванд. Бинобар ин, чунон ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, моро зарур аст, ки беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона меҳнат кунем, муҳимтар аз ҳама, дар чунин шароит ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем.

Боиси ифтихор аст, ки дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир маърифати шаҳрвандон нисбати анҷом додани амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ, ки аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст, боло рафта, эҳсонкорӣ дар вилоят ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Ҳамзамон, бархе аз шаҳрвандони мо маблағҳои закот ва ба нияти ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои амалҳои хайр, аз ҷумла ба беморону шахсони камбизоат сарф карда истодаанд, ки ин амалҳои неку писандида, воқеан ҳам, боиси дастгирӣ ва шоистаи таҳсин аст.

Итминони комил дорам, ки бо ҳиммати баланду меҳнати фидокоронаи мардуми меҳнатқарин Ватани азизамон – Тоҷикистон боз ҳам ободу шукуфонтар хоҳад шуд.

Бори дигар Иди Қурбонро ба сокинони вилоят муборакбод гуфта, барои ҳама хонаи обод, ризқи фаровон, тандурустӣ ва саодати рӯзгорро таманно менамоям.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони азиз!


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати фарорасии Иди Қурбон