Хабарҳо
Ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид - 04.08.2020 14:26
Барои идомаи сохтмони хати оби нӯшокӣ дар шаҳраки Шӯроб дар марҳилаи аввал 1,2 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст - 04.08.2020 09:54
6 август дар Душанбе ҷаласаи дуюми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум доир мешавад - 04.08.2020 09:50
Хуҷанд: Тақдими 150 адад либосҳои мактабӣ ба хонандагони ятиму камбизоат - 04.08.2020 09:45
Оғози корҳои таъмиру мумфаршкунии 1,5 километр роҳ дар Ҷамоати деҳоти Ворух - 04.08.2020 09:41
Наимова Раҷамо модари Сангова Сумая духтаре, ки Кури Юнус фиребаш дод - 03.08.2020 23:23
Дар ноҳияи Спитамен корхонаи коркади шир бунёд ва 50 нафар бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд - 03.08.2020 15:11
Таҷрибаи оилаи Эмомовҳо дар самти захираи маҳсулот шоистаи пайравӣ аст - 03.08.2020 15:09
Шиносоии Раиси вилоят бо сохтмони бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо нуқтаҳои хизматрасонӣ ва кинотеатри замонавӣ дар ноҳияи Спитамен - 03.08.2020 14:38
Шиносоии Раиси вилоят бо тарзи истифодабарии замини хоҷагиҳои ёрирасон - 03.08.2020 14:29

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои иловагии истироҳатии ҶДММ «Баҳористон» шинос шуданд

( 0 Овоз )

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бинои иловагии истироҳатии ҶДММ «Баҳористон», ки дар соҳили «Баҳри Тоҷик» воқеъ аст, шинос шуданд.

Бунёди иншооти нави истироҳатӣ аз тадбирҳои навбатии роҳбарияти ҶДММ «Баҳористон» мебошад, ки бо мақсади васеъ намудани фаъолият, ҷалби ҳарчи бештари меҳмонон, истироҳаткунандагони дохиливу хориҷӣ ва фароҳам овардани шароитҳои муосиру замонавӣ анҷом дода мешавад.

Бинои мазкур бо лоиҳаи ҷолиб сохта шуда, аз 6 ошёна ва таҳхона иборат мебошад. Ҳуҷраҳо дорои муосиртарин шароиту имкониятҳои истироҳатию фароғатӣ ва табобатӣ буда, барои то 80 нафар пешбинӣ гардидааст. Дар бинои нав ҳамчунин меҳмонхона ва ҳавзи шиноварӣ бунёд гардида, ҳудуди он бо тарҳу намои хоса оро дода мешавад. Гирду атрофи бинои навро гулгашту фаввораҳо зебоии хоса мебахшанд. Бино ҳамчунин дорои таваққуфгоҳ хоҳад буд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа ва рафти корҳои сохтмонӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулону сохтмончиён ҷиҳати ба стандартҳои муосир ҷавобгӯ сохтани ин иншооти истироҳатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Бунёди чунин иншооти истироҳативу сайёҳӣ зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Аз ҷумла, дар вилояти Суғд давоми солҳои охир даҳҳо чунин иншоот бо сатҳу сифати баланд бунёд ва ба истифода дода шудаанд.

Осоишгоҳи маъруфи «Баҳористон» бо шароиту имкониятҳои мусоиди фароғативу табобатиаш солҳост, ки шумораи хеле зиёди табобатгирандагон ва истироҳаткунандагон аз дохилу хориҷи кишварро ба худ ҷалб менамояд.

Осоишгоҳ бо инфрасохтори замонавӣ, заминаи хубу муосири ташхисию табобатӣ ва сатҳи баланди хизматрасонӣ маҳбубияти зиёд дорад. Минтақаи сабзазору хуррами осоишгоҳ 22 гектарро дар бар мегирад. Тарҳи зебои биноҳои истироҳатию табобатӣ, пайроҳаҳои зебову чароғон, гулҳои рангоранг, фаввораҳо, айвонҳои бо кандакории миллӣ сохташуда, гӯшаҳои кӯдакона, чаманзорҳои сабзу хуррам маҳбубияти ин осоишгоҳро миёни сайёҳону истироҳаткунандагони дохиливу хориҷӣ зиёд намудааст.

Бо мақсади қабули меҳмонон 6 бинои истиқоматӣ бо ҳуҷраҳои гуногундараҷаи бароҳат ва шабакаи ягонаи муътадилкунандаи ҳарорати дохили бино бунёд гардидаанд. Дар маҷмӯъ Осоишгоҳи «Баҳористон» дорои 10 котеджи бо тарҳи нодир сохташуда барои 40 нафар, ду коттеджи ВИП, ошхона барои 880 нафар, тарабхона бо 150 ҷойи нишаст, фитнес клуб, толори варзишӣ, 2 ҳавзи шиноварии тобистонаву зимистона, минтақаи обутоби бадан, 2 майдони варзишӣ, корти теннис, чойхонаи миллӣ, амфитеатр ва кӯли сунъӣ мебошад. Шароити табиии мувофиқ ва заминаи муосири ташхисию табобатӣ бо сатҳи баланди хизматрасонӣ имкон фароҳам овардааст, ки ҳамасола теъдоди истироҳаткунандагону табобатгирандагон дар ин маҷмааи солимгардонӣ афзун шавад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонии бинои иловагии истироҳатии ҶДММ «Баҳористон» шинос шуданд