Хабарҳо
Айнӣ. Раиси вилоят ба пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуд - 04.06.2020 16:27
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ - 04.06.2020 16:30
Дар ноҳияи Айнӣ ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 доир шуд - 04.06.2020 16:33
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии зардолу ва нашъунамои пахта дар Конибодом - 05.06.2020 15:13
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни мумфаршкунии роҳҳо дар Конибодом - 05.06.2020 14:52
Баргузории ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилояти Суғд оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Конибодом - 05.06.2020 14:41
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Конибодом - 05.06.2020 13:55
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандони аз СOVID-19 сироятёфта ройгон анҷом дода мешавад - 05.06.2020 12:48
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист - 04.06.2020 11:55
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 05.06.2020 11:23

Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад”

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба манзили Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат, Ҳамроҳ Тоҳирова рафта, мавсуфро бо фарорасии Иди саиди Фитр табрику таҳният гуфтанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат, Ҳамроҳ Тоҳироваро аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фарорасии Иди Рамазон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла зикр дошт, ки муҳимтарин фазилати иди саиди Фитр бо нияти нек, шодмониву хушҳолӣ ва амалҳои хайру савоб истиқбол гирифтани он ба ҳисоб меравад. Дар ин рӯзи саид ният ба аъмоли нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, аёдати беморон ва эҳтироми падару модар, наздикону ҳамватанонро риоя кардан, аз Парвардигор талаби дуои оромиву осоиш, саломатӣ, сиҳатии комили маризони ба бемории сироятии короновирус мубталошуда ва рушду пешрафти сарзамини аҷдодиро менамоем, ки аз суннатҳои асили милливу динии мардуми созанда ва фарҳангиву таҳаммулгарои мо ба шумор меравад.

Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, собиқадори меҳнат, Ҳамроҳ Тоҳирова аз ин таваҷҷуҳу самимият болида гардида, ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, шукронаи амнияту оромии давлатро намуда, таъкид дошт, ки гирифтор шудани бархе шаҳрвандон ба бемории коронавирус ӯро ҳамчун зан, ҳамчун шаҳрванди ин сарзамини биҳиштосо ором гузошта наметавонад, зеро аз сари ин бонуи рӯзгордида дар баробари дигар вабоҳо чӣ гуна рӯзҳои мудҳишу ҷонгудоз гузаштааст. Иншоолоҳ ин ҳам мегузард, мисли хоб. Зеро ҳама чиз доимӣ нест.

Ҳамроҳ Тоҳирова мегӯяд, ки то саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад. “Ин балое ки хурду калонро ба ташвиш овардааст, маҷрои зиндагии моро чун дигар сокинони сайёра гум намудааст. Мутмаъинам, ки бо азми қавӣ ва матиниродагӣ алаҳи ин беморӣ мо муборизаи беамон мебарем ва агар лозим шавад ман ҳам тайёр ҳастам- гуфт Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ Ҳамроҳ Тоҳирова.

Мавсуф зикр дошт, ки имрӯз ҳазорон табибон ва ҳамшираҳои шафқат дар хидмати мардуми Тоҷикистон ҳастанд, шабу рӯз ҷони худро дар хатар гузошта, зидди ин беморӣ мубориза мебаранд ва ба хотири наҷот додани шаҳрвандони мамлакат тамоми донишу таҷрибаи касбии худро сафарбар мекунанд.

Номбурда аз ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахсус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ ва ба табобат фаро гирифтани беморони коронавируси нави COVID-19 ситоиш намуда, иброз дошт, ки бо чунин омодагиҳо ва андешидани тадбирҳои қатъӣ Тоҷикистон метавонад дар кӯтоҳтарин муддат ба ин беморӣ ғолиб ояд, зеро ба фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Роҳбари Давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ихлосу боварии калон дорад.

Бояд қайд намуд, ки Ҳамроҳ Тоҳирова соли 1965 дар вакили анҷумани ХХIII КПСС интихоб гардид, гирифтани унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, орденҳои Ленин ва «Ситораи Сурх» ва насибаш гашт. Ў вакили анҷумани ХХIV КПСС ва съездҳои ХIV, ХV, ХVI, ХVII, ХVIII Партияи коммунистии Тоҷикистон низ будааст. Ҳарчанд номи Ҳамроҳ Тоҳирова дар тамоми Иттиҳоди Шуравӣ машҳур шуд, ў савори аспи ғурур набуд, балки фурўтан монд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки Ҳамроҳ Тоҳирова аз аввалин бонувони шаҳри Хуҷанд аст, ки соли 1974 ба муносибати 50-солагиаш ба унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд шарафёб гардид ва ҳамон сол ба нафақа баромад. Чилу панҷ сол аст, ки нафақа мегирад, вале аз корҳои ҷамъиятӣ дар канор нест, дар ҷамъомад аз таҷрибаи зиндагии хеш ҳикоя мекунад, роҳҳои пешрафти худ ва пешбурди коргоҳро ба ҷавонони навкор нишон медиҳад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Ҳамроҳ Тоҳироваи 100 сола: “То саҳар дуо мекунам, то ин ки короновирус аз сарзамини мо нест шавад”