Хабарҳо
Паёми шодбодии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон - 30.05.2020 10:19
Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии нуҳошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағул шинос гардид - 28.05.2020 20:48
Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро бо Иди касбиашон табрик ва туҳфаҳо тақдим намуд - 28.05.2020 20:54
«Хуҷанд-Агро» ба ширкатҳои «Gallina Blanca» «Доширак», "Маги" ва як қатор тарабхонаи Аврупо маҳсулот содирот мекунад - 29.05.2020 08:56
Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 09:29
Хуҷанд: Ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолияти хеш оғоз бахшид - 29.05.2020 11:00
Дар ноҳияи Спитамен ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт - 29.05.2020 20:56
Боздиди Раиси вилоят аз парвариши помидор ва қаламфури ширин дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2» - 29.05.2020 19:20
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 18:26
Спитамен: Оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтида аёдат карда шуданд - 29.05.2020 16:53

Раиси вилоят аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва омодагӣ ба пешвози 5500-солагии Саразми бостонӣ шинос шуд

( 0 Овоз )

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва омодагӣ ба пешвози 5500-солагии Саразми бостонӣ шинос шуд.

Имрӯзҳо сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати бо дастовардҳои арзанда истиқбол гирифтани ҷашнҳои таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5500-солагии Саразми бостонӣ заҳмат кашида истодаанд.

Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳр, инчунин саҳмгузории соҳибкорону саховатмандон ва аҳолӣ дар шаҳру деҳоти Панҷакент сохтмони даҳҳо иншооти гуногун ҷараён дорад. Тибқи нақша то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳр 400 иншоот ва ба истиқболи 5500-солагии Саразм бошад наздик 30 иншоот сохта ба истифода дода хоҳад шуд.

Ҳоло дар мавзеъи таърихии Саразм корҳои сохтмонӣ бинои осорхонаи муосир барои намоиш ва гузарондани корҳои тадқиқотии бозёфтҳо, рамзи 5500 солагии саразм, мумфарш ва ободу сарсабз намудани роҳи даромадгоҳи мамнунгоҳи таърихӣ ва дигар иншоотҳои ҷашни бо маром идома дорад. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараени корҳои сохтмонӣ дидан намуда, барои бо сифтаи баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ ба масъулин дастуру супоришхо дод.

Едовар бояд шуд, ки Саразм соли 2010 аз ҷониби ЮНЕСКО ба Рӯйхати умумиҷаҳонии мероси фарҳангӣ ворид гардид. Аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ Барномаи давлатии таҷдиди ёдгории Саразм барои солҳои 2012 - 2020 қабул шудааст. Саразм дар муддати тӯлонӣ ҳамчун маркази коркарди фулузот, махсусан арзизу мис ва вобаста ба ин рушди ҳунармандӣ баҳри истеҳсоли олоти меҳнату ҷанг, кулолгарӣ ва маснуоти заргарӣ дар минтақа нақши муҳимро бозидааст. Бозёфтҳои ёдгории Саразм мубодилаи тиҷоративу фарҳангии байнминтақавии тамоми Осиёи Марказиро муаррифӣ мекунад.

Саразм ҳамчун нодиртарин ёдгории тамаддуни бостонии Осиёи Миёна, маркази ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон дар таърих ҷойгоҳи махсусро дорад. Зимни сафар Раиси вилоят рафти корҳои ободониву хуррамгардонӣ, бунёди иншооти муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои соҳаи маорифу тандурустӣ, меҳмонхонаву марказҳои хизматрасонӣ ва биноҳои баландошёнаи хуштарҳу замонавиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раиси вилоят аз ҷараёни корҳои ободониву созандагӣ ва омодагӣ ба пешвози 5500-солагии Саразми бостонӣ шинос шуд