Хабарҳо
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12
Боздид аз парвариши помидор ва лимӯ дар қитъаи назди ҳавлигии сокинони деҳаи Заркори ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:34
Боздиди Раиси вилоят аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:36
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 01.06.2020 04:53
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод - 01.06.2020 04:57
Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд - 01.06.2020 18:41

Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

( 0 Овоз )

Ҷавонони саодатманди диёр!

Ҳамаи Шуморо, ки ояндагони боэътимоди Ватани маҳбубу соҳибистиқлоламон маҳсуб мешавед, ба муносибати фаро расидани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям ва ба ҳар яки Шумо дар ин айёми пурнишот хотири ҷамъу тансиҳатӣ, дастоварду муваффақият ва дар татбиқи ҳадафҳои неку созандаи Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастоварду муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоям.

Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат  эълон гардидааст. Ин таваҷҷуҳ ва ғамхории бузург Шумо ҷавононро дар роҳи иҷрои вазифаҳои арзишманде, ки давлат ва Хукумати мамлакат ба зиммаатон вогузор намудаанд, як ҷаҳон ифтихору рӯҳбаландӣ мебахшад.

Имрӯз ягон соҳае нест, ки ҷавонони садоқатманду боиродаи мо бо қувва ва нерӯи дучанд фаъолият надошта бошанд. Меҳнати бо азму талош, таҳсили аълои Шумо ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти олии кишвар қарор дорад. Таъсиси стипендияҳо ва квотаи Президентӣ, стипендияи байналмилалии Президентӣ - “Дурахшандагон”, қабули қонуну барномаҳои рушди иҷтимоии ҷавонони мамлакат, грантҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тарбияи ватанпарастии ҷавонон, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, таъмини оилаҳои ҷавон бо манзил ва қитъаи замин, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон барои варзишгарони мамлакат ва дар ин замина дар вилоят таъсис додани стипендияҳои Раиси вилоят ва расони шаҳру ноҳияҳо барои ҷавонони фаъол ва варзишгарони муваффақ, таъини мукофотпулиҳо барои ғолибони озмуну олимпиадаҳо ва ҳамасола дар сатҳи баланди ҷамъиятиву сиёсӣ таҷлил гардидани Рӯзи ҷавонон аз зумраи ҳамин тадбирҳои судманди давлату Ҳукумат ба ҳисоб мераванд.

Дар ин росто, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф», ҷалби ҷавонон ба илм ва азхудкунии техникаву технологияҳои муосир аз вазифаҳои муҳимми масъулин ба шумор рафта, татбиқи пайгиронаи ин ҳадаф омили асосии рушди нерӯи инсонӣ, шарти муҳимтарини пешрафти устувори давлат ва тақвияти иқтидори иқтисодии он мебошад.

Тазаккур бояд дод, ки имсол Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо яке аз идҳои мусулмонони ҷаҳон Иди саиди Фитр ба ҳам омадааст. Ин воқеъият боз ҳам масъулинро водор месозад, ки баҳри некӯаҳолии зиндагии ҷавонон, бахусус ҷавонони имконияташон маҳдуд аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Дар ин радиф, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳо ҷавонони имконияташон маҳдудро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонида истодааст.

Яке аз масъалаҳои мубраме, ки ҳамаи мо бояд бо тамоми масъулият ва ҷиддият муносибат намоем, дар қалбу шуури ҷавонон парвариш додани ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносӣ буда, имрӯз ҷавонони мо бояд дар чунин рӯҳияе ба воя расанд, ки барояшон ҳар як пораи хоки ватанамон азизу муқаддас бошад ва ҳифз кардани онро барои худ қарзи фарзандиву имонӣ ва шарафи бузург донанд.

Ҷавонони азиз!

Дар шароити имрӯзаи дунёи муосир, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии "Covid-19" мубориза мебарад, Шумо чун татбиқкунандагони нақшаву ниятҳои неки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолати наҷиби худро минбаъд низ бо иродатмандӣ иҷро намоед, зеро пешрафт ва шукуфоии миллат аз саҳми фаъолонаи Шумо дар ҳаёти иқтисодӣ ва сиёсиву ҷамъиятӣ вобаста мебошад.

Боварии комил дорам, ки Шумо ҷавонон аз ӯҳдаи иҷрои ҳама вазифаҳои дар наздатон гузошташуда сарбаландона мебароед ва минбаъд низ кӯшиш мекунед, ки ба нафъи давлату ҷомеа боз ҳам содиқона хизмат намоед.

Бо чунин орзуҳои нек, бори дигар, кулли ҷавонони саодатмандро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, иқболи нек ва дар роҳи хизмат ба халқу Ватан ғайрату матонат ва азму иродаи қавӣ орзу менамоям.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак!

 

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Паёми табрикии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон