Хабарҳо
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12
Боздид аз парвариши помидор ва лимӯ дар қитъаи назди ҳавлигии сокинони деҳаи Заркори ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:34
Боздиди Раиси вилоят аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:36
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 01.06.2020 04:53
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод - 01.06.2020 04:57
Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд - 01.06.2020 18:41

Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр

( 0 Овоз )

Ҳамдиёрони азиз,

Иди сади Фитрро ба тамоми сокинони вилояти Суғд самимона муборакбод гуфта, ба кулли ҳамватанон тансиҳатӣ, хотири ҷамъ, сарбаландӣ ва дар амалӣ гардидани орзую ниятҳои нек муваффақиятҳои беназир таманно менамоям.

Ин иди шариф баёнгари беҳтарин арзишҳои олии инсонӣ - сабру таҳаммул, накӯкорӣ, раҳму шафқат ва меҳру муҳаббат буда, ҳамасола дар кишвари соҳибистиқлоли мо бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шарофати озодиву соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон таҷлил мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 23-юми апрели соли равон дар паёми табрикотии худ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон, роҷеъ ба фазилатҳои ин моҳи муборак ба маврид таъкид намудаанд: «Рамазон, ки дорои арзишҳои маънавии бузург мебошад, барои мардуми мусулмон моҳи муқаддас ба шумор меравад. Ин моҳ инсонро ба сабру таҳаммул ва парҳезкорӣ даъват карда, дар табиати одамон меҳрубонӣ ва раҳму шафқатро нисбат ба якдигар бедор месозад ва онҳоро ғолиби нафсу ҳомии рӯҳ мегардонад».

Имрӯзҳо вазъи ҷаҳони муосир ва торафт доман паҳн намудани бемории хатарноки сироятӣ талаб менамояд, ки нисбат ба саломатии худ бетараф набошем, бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар хона, маҳалли зист, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ барои ҳифзи саломатии худ, аъзои хонавода ва аҳли ҷомеа талош варзем, кӯшиш намоем, ки ин беморӣ саломатӣ ва ҳаёти одамонро дар хатар нагузорад.

Ба андешаи табибон риояи қатъии тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагӣ яке аз муҳимтарин роҳҳои пешгирии ин беморӣ буда, он бо матлаби “покизагӣ нисфи имон аст”, ки дар таълимоти дини ислом баён гардидааст, борҳо таъкид шудааст.

Барҳақ, дар ин моҳи муборак анҷом додани амалҳои неку писандида, дастгирии якдигар, таҳаммулпазирӣ, ба ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷон кӯмак намудан волотарин арзишҳои дини мубини ислом ва беҳтарин фазилатҳои инсонӣ ба ҳисоб меравад. Дар моҳи мубораки Рамазон ҳар касе, ки бештар некӣ намуда, бахшишу эҳсон мекунад ва дасти ятиму бепарастор мегирад, бешак рисолати олии инсониро ба ҷо меорад. Бинобар ин, чунон ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, моро зарур аст, ки беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлонаву софдилона меҳнат кунем, муҳимтар аз ҳама, дар чунин шароит ҳимматбаланд бошем, амалҳои хайру савоб ва эҳсонкориро бештар намоем.

Боиси ифтихор аст, ки солҳои охир маърифати шаҳрвандон нисбати анҷом додани амалҳои солеҳ, аз қабили хайру эҳсон ва парҳезгорӣ, ки аз ҷумлаи беҳтарин фазилатҳои инсониву имонӣ дониста шудааст, боло рафта, эҳсонкорӣ дар вилоят ба анъанаи нек табдил ёфтааст.

Дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин рӯзҳои барои халқу миллат ҳассоси муборизаи дастҷамъона барои пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус вакилони ҷамоати шаҳраку деҳот, вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо ва вакилони маҷлиси вакилони халқи вилоят, соҳибкорону саховатпешагон ва шахсони парҳезгору хайрхоҳ ба оилаҳои шахсони ниёзманд, ятимону маъюбон, камбизоатону дармондагон ва муҳтоҷон пайваста дасти саховату ҳиммат  дароз карда истодаанд, ки аз фазилатҳои муҳими моҳи Рамазон ба ҳисоб меравад.

Ҳамзамон, бархе аз шаҳрвандони мо маблағҳои закот ва ба нияти ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои корҳои хайр, аз ҷумла ба беморону шахсони камбизоат сарф карда истодаанд, ки ин амалҳои неку писандида воқеан ҳам боиси дастгирӣ ва шоистаи таҳсин буда, бо боварии комил метавон гуфт, ки минбаъд низ аз ҷониби ашхоси олиҳиммату саховатманд ва парҳезгору хайрхоҳи вилоят дастгирӣ меёбад.

Бори дигар, ҳамаи мардуми вилоятро бо фарорасии Иди саиди  Фитр табрик намуда, аз даргоҳи Худованди мутаол барои ҳар яки шумо саодатмандӣ, сарбаландӣ, тандурустӣ, ризқу рӯзии фаровон, имони комил ва дар рушди устувори Ватани азизамон муваффақиятҳо орзу менамоям.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Иди саиди Фитр