Хабарҳо
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12
Боздид аз парвариши помидор ва лимӯ дар қитъаи назди ҳавлигии сокинони деҳаи Заркори ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:34
Боздиди Раиси вилоят аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:36
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 01.06.2020 04:53
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод - 01.06.2020 04:57
Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд - 01.06.2020 18:41

Мулоқоти Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент

( 0 Овоз )

Дар беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо табибон мулоқот намуд.

Бо мақсади огаҳӣ пайдо намудан аз вазъи фаъолияти табибон ва ҷараёни корҳо дар самти пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент дар беморхонаи марказии шаҳр бо табибон  мулоқот намуд.

Нахуст роҳбари вилоят оид ба дастгирии давлатии соҳаи тандурустӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва равона гардидани таваҷҷуҳи хоса ҷиҳати муҳайё намудани шароити мусоид барои  фаъолияти табибон ёдовар шуд. Гуфта шуд, ки рушди соҳаи тандурустӣ дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, имрӯзҳо фаъолияти шоистаи ҳар як табиб низ ҳамаҷониба мавриди қадршиносӣ қарор дорад. Барои адои садоқатмандонаи рисолати касбӣ ва меҳнати шабонарузии табибони шарафманди шаҳри Панҷакент арзи сипос намуд.

Даъват ба амал оварда шуд, ки дар шароити хуруҷи бемории сироятии короновирус зарур аст, ки табибони мо беш аз пеш  рисолати касбии хешро муваффақона ба анҷом расонида, ҷиҳати пешгирии авҷ гирифтани беморӣ байни аҳолӣ корҳои тарғиботиву равшаннамоиро вусъат бахшида, мардумро баҳри риояи қоидаҳои гигиенӣ ва тавсияи табибон раҳнамоӣ кунанд.

Баҳри худмуҳофизатӣ, зери назорати қатъӣ қарор додани  робита  бо мардум, ташкили маркази доимии машварат-онлайнҳо, таъмин намудан бо лавозимоти тиббӣ, корҷома, маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ, таъмин намудан бо наклиёти махсус барои фаъолияти табибони оилавӣ, ки дар заминаи қарорҳои ситоди доимоамалкунандаи ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии нави коронавирус (COVID-19) бармеояд ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Аз ҷониби роҳбари вилоят ба  беморхонаи марказии шахри Панчакент ба миқдори зарурӣ корҷомаҳои бисёркарата , маводҳои антисептикӣ ва ниқобҳои тиббӣ, дастгоҳи нафаси сунъи ва дорувории протоколии антивирусии Плакфинил барои табобат супорида  шуд. Ҳамчунин барои дастгирӣ ва расонидани кӯмаки тиббӣ барои беморони ниёзманд 50 маҷмаъи дорувори иборат аз маводи дорувории зиддивирусӣ ва антисептикӣ, ниқобҳои муҳофизати ройгон дастрас карда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафар бо сохтмони бинои Беморхонаи марказии шаҳр аз наздик шинос гардида, барои дар мӯҳлати пешбинишуда ва бо сифати баланд бунёд намудани иншоот ба масъулин дастуру супоришҳо дод. Дар сохтмони ин иншоот, ки бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят идома дорад, беш аз 60 нафар ҷалб гардиданд. Бинои нав тибқи лоиҳа аз чор ошёна иборат буда, барои 200 кат пешбинӣ шудааст ва он бо лавозимоти зарурии тиббӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад. Бо мавриди истифода қарор гирифтани иншоот сокинони шаҳр метавонанд дар шароити беҳтар табобат гиранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан