Хабарҳо
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12
Боздид аз парвариши помидор ва лимӯ дар қитъаи назди ҳавлигии сокинони деҳаи Заркори ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:34
Боздиди Раиси вилоят аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:36
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 01.06.2020 04:53
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод - 01.06.2020 04:57
Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд - 01.06.2020 18:41

Табрики Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа

( 1 Овоз )

Ҳамасола 7 – уми май дар ҷумҳурӣ Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа таҷлил мегардад. Ба ин муносибат тамоми алоқачиёни вилоятро бо иди касбиашон табрик намуда, ба онҳо тансиҳативу хонаободӣ, файзу баракати рӯзгор, фаъолияти пурмаҳсул ва фатҳи қуллаҳои баланди касбиро орзумандам.

Алоқа яке аз муҳимтарин соҳаҳои хоҷагии халқ буда, пешбурди ин соҳа, бахусус дар солҳои охир аҳамияти стратегии худро исбот намуд.

Боиси таъкид аст, ки дар қарни ХХI татбиқи васеи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ беҳтар ба роҳ монда шуда, рушду нумӯи хоҷагии халқро бидуни истифодаи самараноки онҳо тасаввур кардан мумкин нест.

Айни ҳол, шумораи умумии истифодабарандагони алоқаи барқӣ дар қаламрави вилоят зиёда аз 72 ҳазор нафар, истифодабарандагони алоқаи мобилӣ 1608,5 ҳазор нафар, истифодабарандагони шабакаи Интернет 965,1 ҳазор нафар мебошанд. Миқдори нуқтаҳои радио дар вилояти Суғд 2501 ададро ташкил дода, ғайр аз ин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва анбуҳи одамон баландгӯякҳо шинонида шудаанд.

Итминони комил дорам, ки таҷлили Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа дар марҳалаи сифатан нави ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ҷиҳати омодагиҳо ба ҷашни мубораку муқаддаси 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баланд бардоштани нуфузу эътибори кишвари азизамон мусоидат хоҳад намуд.

Бо чунин орзуву ниятҳои нек бори дигар фарорасии Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқаро ба тамоми мардуми шарифи вилоят самимона таҳният гуфта, дар ҷодаи кору фаъолият ба кулли кормандон тансиҳатӣ, ободии рӯзгор, осмони соф ва муваффақиятҳои беназир таманно мекунам.

Иди касбӣ муборак!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Табрики Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Рӯзи радио ва кормандони соҳаҳои алоқа