Хабарҳо
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12
Боздид аз парвариши помидор ва лимӯ дар қитъаи назди ҳавлигии сокинони деҳаи Заркори ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:34
Боздиди Раиси вилоят аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:36
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 01.06.2020 04:53
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод - 01.06.2020 04:57
Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд - 01.06.2020 18:41

Шиносоӣ бо фаъолияти як қатор дорухонаҳо ва ширкатҳои воридкунандаи маводи доруворӣ

( 0 Овоз )

5 май Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Сарвазири мамлакат Ширин Исматуллозода дар шаҳри Бӯстон бо фаъолияти як қатор дорухонаҳо ва ширкатҳои воридкунандаи маводи доруворӣ шинос гардиданд.

Чуноне иттилоъ дода шуд, дар вилояти Суғд як зумра ширкатҳое фаъолият мебаранд, ки маводи дорувориро вориди бозорҳои вилоят менамоянд. Яке аз чунин ширкатҳои фаъол ҶДММ “АзияФарм” мебошад, ки айни замон дар анборҳои он миқдори зиёди доруворӣ захира карда шудааст. Дар аснои боздид аз ширкати мазкур таъкид карда шуд, ки имрӯзҳо дар вилоят садҳо нуқтаи фурӯши доруворӣ фаъолият дорад ва сокинон аз хизматрасонии онҳо истифода менамоянд.

Раиси вилоят бо назардошти вазъи мавҷуда таъкид кард, ки тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти дорухонаҳо таҳти назорати масъулин қарордорад.

Зикр гардид, ки барои пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси COVID-19 лавозимоти зарурии тиббӣ ва маводи доруворӣ захира гардида, дар сурати лозимӣ иловатан аз ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонӣ доруҳо харидорӣ ва мавриди истифода қарор дода мешавад.

Ба раёсати тандурустии вилоят дастур дода шуд, фаъолияти дорухонаҳои ҳудуди вилоятро назорат намуда, аз ба таври сунъӣ боло бурдани бархе номгӯи доруҳо сари вақт пешгирӣ карда шавад.

Сипас, Раиси вилоят ва муовини Сарвазири мамлакат аз ҶДММ “Дурахшон Бӯстон” боздид намуданд. Дар ин корхонаи саноатӣ, ки ба истеҳсоли қоғази ташноб ва салфеткаҳо машғул аст, даҳҳо нафар кор мекунанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ва Ширин Исматуллозода зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва тибқи талаботи бозор истеҳсол намудани маҳсулот ба масъулини корхона тавсияҳои муфид доданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Шиносоӣ бо фаъолияти як қатор дорухонаҳо ва ширкатҳои воридкунандаи маводи доруворӣ