Хабарҳо
Озмуни фосилавии расми беҳтарин дар мавзӯи“Ваҳдат -кафили сулҳ” доир мешавад - 02.06.2020 17:03
Рустам Азизи дар бораи дуругхои Мухиддин Кабири. - 02.06.2020 15:54
Худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ ҳифз намоед - 02.06.2020 11:54
СИТОДИ ҶУМҲУРИЯВӢ: ИМТИҲОНҲО ДОИР НАМЕШАВАНД! Баҳои аттестатсияи хатм барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ дар синфҳои 9 ва 11 дар асоси ҷамъбасти баҳои чорякҳо ва солона гузошта мешавад - 02.06.2020 10:15
Хуҷанд: Мулоқоти судманд дар маҳаллаҳои Тути Калон ва Чорчароғ - 02.06.2020 10:12
Боздид аз парвариши помидор ва лимӯ дар қитъаи назди ҳавлигии сокинони деҳаи Заркори ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:34
Боздиди Раиси вилоят аз нашъунамои ниҳоли пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов - 31.05.2020 16:36
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷавонони маъюбро аёдат намуд - 01.06.2020 04:53
Мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо табибони Маркази саломатии Ҷамоати шаҳраки Меҳробод - 01.06.2020 04:57
Раҷаббой Аҳмадзода тарбиятгирандагони Мактаб-интернати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғдро аёдат намуд - 01.06.2020 18:41

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода: Дар ин рӯзҳои ҳассос бояд ҳар яки мо дар канори мардум бошем

( 1 Овоз )

4 май ҷаласаи навбатии Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус баргузор гардид, ки дар кори он аъзоёни ситод ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози ҷаласа қайд намуд, ки имрӯз раванди пешгирии хуруҷи бемории коронавирус ва муолиҷаи беморон, ҳифзи саломатии мардум ва тақвияти чораҳои зиддиэпидемикӣ зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дорад.

Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таъмини муассисаҳои соҳаи нигаҳдории тандурустӣ бо доруворӣ, таҷҳизоти тиббӣ, либосҳои муҳофизатӣ, ниқобҳо ва дигар лавозимоти заруриву маводи хӯрока тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.

Раиси вилоят изҳор дошт, ки дар ин рӯзҳои ҳассос ҳар яки мо бояд дар канори мардум бошем ва барои тақвияти корҳои пешгирикунанда чораҳои зарурӣ андешем. Дар баробари ин, дар ҷаласаи ситод вобаста ба масъалаҳои пурзӯр намудани чораҳои безараргардонӣ дар ҳамаи шаҳру навоҳии вилоят, тозаву покиза нигоҳ доштани муҳити зист, кучаву хиёбон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, танзими нарху наво дар бозор, таъмини бозорҳо бо маҳсулоти ниёзи аввал ва дигар масъалаҳо таваҷҷуҳ равона карда шуд.

Масъулин инчунин вазифадор гардиданд, ки барои бештар огоҳ намудани ҷомеа аз пайомадҳои бемории коронавирус ва роҳҳои пешгирии он корҳои тарғиботиро ба насби навиштаҷоти огоҳкунанда ҷоннок созанд. Сокинон бояд донад, ки бе зарурат ба куча набароянд ва ҳангоми гашту гузор аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода намуда, тавсияи табибонро риоя намоянд.

Мувофиқи мақсад дониста шуд, ки осоишгоҳҳои ҳудуди вилоят омода карда шуда, беморони мубтало ба коронавирус пас аз ҷавоб шудан аз беморхонаҳо барои барқарорсозии саломатӣ ба осоишгоҳҳо ҷалб карда шаванд.

Боиси зикр аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории коронавируси COVID-19 дар вилояти Суғд то имрӯз тибқи қарорҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар марҳилаи нахуст 6,5 миллион сомонӣ ва дар марҳилаи дуюм барои дастгирии табибону харидории лавозимоти зарурии тиббӣ 3 миллион сомонӣ ҷудо гардид. Ҳамчунин дар пайравӣ аз ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ва раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят маоши якмоҳаи худро ба фонди махсуси зидди бемории коронавирус гузарониданд.

Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то рӯзи 4 май дар мамлакат 230 ҳолати сироятёбӣ, аз ҷумла дар вилоят 70 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода: Дар ин рӯзҳои ҳассос бояд ҳар яки мо дар канори мардум бошем