Хабарҳо
Айнӣ. Раиси вилоят ба пайвандони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ намуд - 04.06.2020 16:27
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии ноҳияи Айнӣ - 04.06.2020 16:30
Дар ноҳияи Айнӣ ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 доир шуд - 04.06.2020 16:33
Шиносоии Раиси вилоят бо рафти ҷамъоварии зардолу ва нашъунамои пахта дар Конибодом - 05.06.2020 15:13
Шиносоии Раиси вилоят бо ҷараёни мумфаршкунии роҳҳо дар Конибодом - 05.06.2020 14:52
Баргузории ҷаласаи ситоди сайёри назди Раиси вилояти Суғд оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии сирояти коронавирус COVID-19 дар Конибодом - 05.06.2020 14:41
Мулоқоти Раиси вилоят бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Конибодом - 05.06.2020 13:55
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳубини шаҳрвандони таҳти муоинаи тиббӣ қарордошта ва шаҳрвандони аз СOVID-19 сироятёфта ройгон анҷом дода мешавад - 05.06.2020 12:48
Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи байналмилалии муҳити зист - 04.06.2020 11:55
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии таъсири бемории сироятии СOVID-19 ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» - 05.06.2020 11:23

Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз нуқтаҳои захираи маводи дорувории Раёсати тандурустии вилоят

( 0 Овоз )

30 апрели соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба беморхонаи клиникавии бачагонаи вилоятӣ ташриф оварда, бо кормандони соҳаи тандурустии вилоят ва табибони ин муассиса сӯҳбати самимӣ намуда, бо вазъи захираи маводи зарурии тиббӣ аз наздик шинос гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода зикр дошт, ки дар вилоят баҳри пешгирӣ аз сироят ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида мешавад. Алҳол ситоди вилоятӣ фаъол буда,  тибқи қарори марбутаи Раиси вилоят аз буҷети вилоятӣ барои харидорӣ намудани доруворӣ ва лавозимоти зарурии тиббӣ 6,5 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

- Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нахустҷаласаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид доштанд, дар чунин шароит мо бояд беш аз ҳар вақти дигар сарҷамъу муттаҳид бошем, содиқонаву софдилона ва поквиҷдонона заҳмат кашем, садоқату ҷавонмардӣ ва ҷоннисории худро нисбат ба Ватан, давлат ва халқамон собит намоем, меҳру муҳаббати инсониро фаромӯш насозем ва нисбат ба якдигар ғамхору меҳрубон бошем. Хусусан, масъулияти кормандони соҳаи тандурустӣ дар ин вақту замон бояд баланд эҳсос гардад, - зикр дошт Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода.

Ҳангоми боздид аз анбори захираи доруворӣ таъкид гардид, ки табибон бо лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла либоси муҳофизатӣ ва корҷомаҳо таъмин буда, якчанд корхонаҳои саноатии вилоят ба дӯхтани лавозимоти тиббӣ машғуланд.

Раиси вилоят ба роҳбарони ширкатҳои фарматсевтии вилоят дастур дод, ки дар таъмини саривақтии мардум бо доруворӣ аз ҳарвақта дида бештар ҳиссагузорӣ намуда, ҷиҳати дастгирии оилаҳои камбизоат тадбирҳои неку хайр андешанд.

Тибқи иттилои Раёсати тандурустии вилоят алҳол аз ҷониби кормандони Марказҳои назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, шуъбаҳои дезинфексионию безараргардонии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар шоҳроҳҳои асосии дохили шаҳру ноҳияҳо, роҳравҳо, кӯчаю хиёбонҳо, истгоҳҳо, бино ва хонаҳои истиқоматӣ, боғҳои фарҳангию фароғатӣ, муассисаҳои савдо, хӯроки умумӣ, нақлиёт, корхонаю ташкилот ва ғайра дар масоҳати умумии наздик 583 ҳазор м2 чорабиниҳои безараргардонӣ гузаронида шудаанд.

Ҳамзамон бо мақсади дарёфт ва гузаронидани назорати хонагии шахсоне, ки аз давлатҳои хориҷӣ баргаштаанд, аз ҷониби кормандони тиббии марказҳои саломатӣ чорабинии гардиши хона ба хона пурзӯр карда шуд. Чунончӣ, 28 апрели соли равон 52680 хоҷагӣ гардиш шуда, 252355 нафар шаҳрванд аз муоинаи тиббӣ гузаронида шуд.

Бинобар ба итмом расидани 14 рӯзи карантинӣ то 29 апрели соли 2020 ҳамагӣ 3336 нафар аз беморхонаҳо рухсат шуда, айни замон 420 нафар дар муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳо бистарӣ мебошанд.

Раиси вилоят ба масъулини соҳаи тандурустии вилоят дастур дод, ки бобати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ, доир намудани чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷомеа нисбат ба пешгирии сирояти коронавирус тадбирҳои амиқ андешанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз нуқтаҳои захираи маводи дорувории Раёсати тандурустии вилоят