Хабарҳо
Паёми шодбодии Раиси вилоят бахшида ба Рӯзи кимиёгарон - 30.05.2020 10:19
Хуҷанд: Раҷаббой Аҳмадзода аз рафти бунёди хонаи истиқоматии нуҳошёна ва маҷмааи хизматрасонӣ дар маҳаллаи Мевағул шинос гардид - 28.05.2020 20:48
Раҷаббой Аҳмадзода сарҳадчиёнро бо Иди касбиашон табрик ва туҳфаҳо тақдим намуд - 28.05.2020 20:54
«Хуҷанд-Агро» ба ширкатҳои «Gallina Blanca» «Доширак», "Маги" ва як қатор тарабхонаи Аврупо маҳсулот содирот мекунад - 29.05.2020 08:56
Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 09:29
Хуҷанд: Ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолияти хеш оғоз бахшид - 29.05.2020 11:00
Дар ноҳияи Спитамен ситоди сайёри назди Раиси вилоят оид ба вазъи эпидемологӣ ва пешгирии паҳншавии бемории COVID-19 баргузор гашт - 29.05.2020 20:56
Боздиди Раиси вилоят аз парвариши помидор ва қаламфури ширин дар хоҷагии деҳқонии «Дӯстобод-2» - 29.05.2020 19:20
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода наврасони маъюбро аёдат намуд - 29.05.2020 18:26
Спитамен: Оилаҳои аз бемории сироятӣ фавтида аёдат карда шуданд - 29.05.2020 16:53

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

( 0 Овоз )

26 март дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд баъди навсозии куллӣ Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маросими ба истифода додани ин иншооти фарҳангию фароғатӣ бо бардоштани парда аз рӯи муҷассамаи мунаҷҷим, риёзидон ва ихтироъкори номвари тоҷик Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, ки замони зиндагиаш ба давраи ҳукмронии Давлати Сомониён рост меояд, оғоз ёфт.

Муҷассамаи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо баландии 6,5 метр дар даромадгоҳи боғ қомат афрохта, дар паҳлӯи он ҳамчунин ихтирои дастгоҳи нуҷумии ин мунаҷҷими барҷастаи тоҷик- «Устурлоб» сохта шудааст.

Дар дохили Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ ҳамчунин Планетария бунёд шудааст, ки бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни ҷаҳонии Наврӯз дар фазои тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Планетария аз ҷониби як нафар соҳибкори шаҳри Хуҷанд сохта шуда, он аз толори аксбинии сайёра бо насби таҷҳизоти муосир, толори тамошо ва қабули меҳмонон, утоқҳои корӣ ва таҳхона иборат мебошад.

Зимни муаррифии ихтироот ва корҳои таҳқиқотии олимону муҳаққиқон дар самти илмҳои дақиқ иттилоъ дода шуд, ки вобаста ба эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар ин ҷо маҳфилҳои ситорашиносӣ, техникони ҷавон, ганҷшинос, дизайн ва меъморӣ амал намуда, як китобхона низ таъсис ёфтааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсиси чунин маҳфилҳоро дар тақвият ёфтани қобилияти эҷодии наврасону ҷавонон муҳим арзёбӣ намуда, изҳор доштанд, ки бояд дар замони пешрафти илму техника ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Дар идомаи боздид аз Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ, иттилоъ дода шуд, ки ин иншоотӣ фарҳангӣ-фароғатӣ дар маҳаллаи «Дӯстии халқҳо» дар масоҳати қариб 7 гектар доман паҳн карда, ҳангоми навсозии он 200 нафар сокини маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида буд.

Ҷиҳати ободу зебо гардонидани ин гӯшаи шаҳри Хуҷанд ҳамзамон дарвозаи асосии Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ бо санъати зебои гаҷкорӣ бунёд гардида, ба манзараи дилфиребе мубаддал гаштааст.

Дар ин ҷо 5 фаввораи зебою диққатҷалбкунанда, амфитеатр бо 2000 ҷойи нишаст, як шаршара, 20 суҳбаткада, 80 нишасткурсӣ, 100 таҷҳизоти равшанидиҳанда ва чандин пергола бунёд ва васлу насб гардида, имрӯзҳо боғ ба яке аз ҷойҳои аслии сайру гашти сокинони шаҳри Хуҷанд табдил ёфтааст.

Кабудизоркунӣ ва гулпӯшкунии зиёда аз 50 ҳазор метри мураббаъ, панҷарабандии атрофи боғ, ороиши ҷӯйборҳо бо сангҳои табиӣ, чароғонкунии роҳравҳову гирду атрофи боғ, шинонидани зиёда аз 800 бех ниҳоли дарахтони ороишию ҳамешасаб ва беш аз 700 ҳазор бех гулҳои рангоранг аз тадбирҳои ободоние буданд, ки дар доираи лоиҳаи сохтмону барқарорсозии Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар шаҳри Хуҷанд бо сифати баланд ба анҷом расонида шуданд.

Дар ин боғ ҳамчунин “Олами афсона” — мавзеи бозии кӯдакон, гӯшаи ҳайвоноти нодир ва чандин иншооти дигари ёрирасону хизматрасонӣ сохта шудааст.

Қатори сайёраҳо, ки дар маркази боғ ҷойгир карда шудааст, басо ҷолибу диданӣ буда, хусусан шабонгоҳ манзараи зебои ин макони бузурги фарҳангию фароғатӣ диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб менамояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, инчунин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо сохтани ин макони дилфиреби фароғатӣ маслиҳатҳои судманд доданд.

Чунин тадбирҳои ободониву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд ба монанди дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ вусъати тоза касб карда, сокинон барои истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 таҷлил карда мешавад, кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Боғи Абӯмаҳмуди Хуҷандиро дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд