Хабарҳо
Муроҷиатнома ба Кабирӣ - Кобра, Муҳаммадиқбол- Муҳаммади беиқбол, Мирзои Салимпур – ноздонаи ҷонона (вокуниш ба Нидои миллат – филми мустанади “Хиёнат”) - 10.07.2020 17:40
Нақшаи нишастҳои матбуотӣ барои кормандони воситаҳои ахбори омма - 10.07.2020 16:36
Ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Суғд дар нимсолаи якуми соли 2020 - 10.07.2020 16:23
Тақдими медалҳои ҷашнӣ ба собиқадорони ҷангу меҳнат - 06.07.2020 21:30
Мулоқоти Раиси вилоят бо фаъолони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:43
Шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти занбӯрпарварони ноҳияи Деваштич - 08.07.2020 16:46
Дар ноҳияи Деваштич 5400 гектар картошка кишт карда шудааст - 08.07.2020 16:48
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба корҳои сохтмонӣ дар Майдони «Истиқлол» оғоз бахшиданд - 10.07.2020 13:43
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба истифода доданд - 10.07.2020 13:42
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дӯзандагиро бо 350 ҷойи корӣ ифтитоҳ намуданд - 10.07.2020 13:39

Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ҷомеаи вилоят

( 0 Овоз )

20 ноябри соли 2019 дар маҷлисгоҳи калони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо намояндагони ҷомеа баргузор гардид.

Дар мулоқот муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят, роҳбарони сохторҳо ва идораву муассисаҳои вилоятӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку ҷамоатҳои деҳот, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ходимони илму фарҳанг ва дини вилоят ширкат варзиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мулоқотро ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки чорабинии мазкур дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардида, ҳадафи мулоқот баррасии масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла баррасии вазъи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо амалҳои номатлуб ва ҷараёни корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба ҷашни бузурги 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар мулоқот ҳамзамон, муовинони Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода ва Анвар Яъқубӣ суханронӣ намуда, роҷеъ ба масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ҳарф заданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки вазъи имрӯзаи минтақа ва ҷаҳон мақомоти давлатиро водор месозад, ки фаъолияташонро ба таври ҷиддӣ тақвият бахшида, барои таъмини иҷрои вазифаҳое, ки имрӯз дар назди онҳо истодаанд, саъю талоши комил варзанд. Асос-​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ ​ гузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд, ки рӯйдодҳои охирини ҷаҳон дар минтақаҳои гуногуни дунё нишон медиҳанд, ки терроризм​ ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд.

- Мубориза бар зидди терроризму экстремизм ва дигар таҳдидҳои замони муосир яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати дохиливу хориҷии роҳбарияти олии мамлакат мебошад. Имрӯз барои муборизаи муштарак бар зидди терроризм ва экстремизм санадҳои байналмилалӣқабул ва мавриди амал қарор доранд, ки стратегияи глобалии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бар зидди терроризм ва Конвенсияҳои зиддитеррористии он аз ҷумлаи ин санадҳо маҳсуб мешаванд, - зикр дошт дар суханронии хеш муовини Раиси вилоят Баҳоваддин Баҳодурзода.

Воқеан ҳам Тоҷикистон дар сафи пеши мубориза бо терроризму ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир қарор дошта, бо сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми мушаххас мегузорад. Ҳанӯз баҳри мубориза бо терроризм ва экстремизм соли 1999 як зумра санадҳои ҳуқуқии меъёрӣ қабул шуда буданд. Пешвои миллат санаи 16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо терроризм” имзо гузоштанд ва 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бо экстремизм” ба тасвиб расид. Ин ду қонун барои Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо терроризм ва экстремизмро фароҳам овард. Инчунин, соли 2016 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» тасдиқ гардид.

Мавриди зикр аст, ки рафти таъмини иҷрои Фармони мазкур ва қарори Раиси вилоят аз 15 декабри соли 2016, №532 «Дар бораи татбиқи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020» дар вилояти Суғд» санаи 23 октябри соли равон дар Иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифта, назди масъулини соҳа вазифаҳои мушаххас гузошта шуда буд.

Илова бар ин, дар маҷлисҳои фаъолони вилоят оид ба ҷамъбасти фаъолият дар семоҳа ва нимсола, ҳамчунин маҷлисҳои машваратии назди Раиси вилоят бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ масъалаи мазкур мавриди муҳокимаи ҷиддӣқарор дода шуда, баҳри пурзӯр намудани ҳамкорӣ дар ин самт дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Дар мулоқот зикр гардид, ки ҳолати иҷрои қонунгузории мазкур дар тамоми сатҳҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарори дахлдори уҳдадорикунанда қабул карда шуда бошад ҳам, камбудиҳо ҷой доранд.​

Ҳамзамон таъкид гардид, ки ташаккул наёфтани фарҳанги ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ, махсусан мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз ҷониби аҳолӣ яке аз мушкилот аст, ки ба содир гардидани амалҳои номатлуб мусоидат менамояд. Зеро худдорӣ намудани баъзе шаҳрвандон аз ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баёнгари бетарафии онҳо буда, дар сурати тақвият бахшидани ҳамкориҳо суботу амният дар маҳалҳо бештар таҳким меёбад. Дар ин бобат дастур дода шуд, ки раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, маҳаллаҳо ва нозирони минтақавӣ дар фаъолияти кории худ ба ин масъала таваҷҷӯҳи зарурӣ зоҳир намоянд ва ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, аз омаду рафти шахсони бегона пайваста огаҳ бошанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода амалиёти террористии санаи 6 ноябри соли 2019 ба амаломадаро амали нангин арзёбӣ намуда, таъкид дошт, ки баҳри рух надодани чунин ҳодисаи номатлуб​ бояд масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳо вазифа ва уҳдадориҳои худро софдилона иҷро намоянд.​

Ҳамзамон, Раиси вилоят ба масъулин дастур дод, ки корҳои тарғиботии мақомоти маҳаллӣ бо оилаҳои осебпазир ба таври ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.

Дар мулоқот фаъолияти раёсатҳои маориф, фарҳанг, ҷавонон ва варзиш, муассисаҳои таълимӣ ва ғайраҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.​

​ - Истиқлол ва ваҳдату сулҳ неъматҳое ҳастанд, ки онҳоро ҳифз бояд кард. Аз ин рӯ, ҳар як фарди худогоҳ ва ватандӯст бояд дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии Ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос бошад.​ Моро лозим аст, ки Ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд, - зикр гардид дар мулоқот.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

ШУМО ДАР: Навид Мулоқоти Раиси вилоят бо намояндагони ҷомеаи вилоят