Ифтитоҳи Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ»

( 0 Овоз )

14 ноябри соли 2019 дар шаҳри Истаравшан Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи иншоот Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ширкат варзид.

Бинои истиқоматии баландошёна ва Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дорои 8 ошёна мебошад. Дар ин иншооти замонавӣ 60 ҳуҷраи истиқоматӣ, мағозаи тиҷоратӣ, таваққуфгоҳ барои 40 автомашина, майдончаи варзишӣ ва айвонча барои истироҳати истиқоматкунандагон мавҷуд аст.

Масоҳати умумии иншоот, ки аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Абдувоҳид Қулиев бунёд гардидааст, 806 метри мураббаъ буда, барои сохтмони он 5,5 миллион сомонӣ сарф шудааст.

Дар Маркази фароғатию тиҷоратии «Истаравшан-ситӣ» 12 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни ифтитоҳи иншоот аз раванди корҳои ободониву бунёдкорӣ дар вилоят ёдовар шуда, саҳми соҳибкоронро дар ободонии маҳал назаррас арзёбӣ кард. Таъкид карда шуд, ки бунёди биноҳои истиқоматии баландошёна ва марказҳои хизматрасонӣ барои таъмини сокинон бо манзил ва ҷойи корӣ амри заруриву саривақтӣ мебошад.

Хадамоти матбуоти

Раиси вилояти Суғд

Share