Нафрати халқ ба раҳгумзадагон

( 1 Овоз )

Яке аз ҳикматҳои писандидаву омӯзандаи ниёгони мо талқини омурзиш ва афви гуноҳ аст. Дар сарчашмаҳои қадим омадааст, ки ҳар сол дар айёми Наврӯз шоҳони Аҷам дари зиндонҳоро боз карда, ба асирон озодӣ мебахшиданд. Агар ба таърихи аҷдоди худ бо чашми ибратбин назар андозем, мебинем, ки бузургтарин подшоҳону императорон ҳамин ойини ниёгонро идома додаанд. Намунаи равшани ин гуфтаҳо кирдори сабақандӯзонаи Исмоили Сомонист, ки бо бародараш Наср мунсифонаву одилона раво дида буд.

Ин воқеа дар «Зайн-ул-ахбор»-и Маҳмуди Гардезӣ чунин омадааст: «Чун Тоҳир ибни Ҳусайн ба сарфи Ғассон ба Хуросон омад, эшонро ҳам бар он амалҳо нигоҳ дошт. Ва аз ин ҳама писарон Аҳмад ба кор омадатар буд. Ва чун ӯ бимурд, ӯро ду писар монд: Наср ва Исмоил. Ва ба рӯзгори Тоҳириён Самарқанду Бухоро эшон доштанд. Самарқанд Наср дошт ва Бухоро Исмоил. Ва миёни эшон некӯ кор ҳамерафт, то бадгӯён миёни эшон таҳриз карданд ва ваҳшат афканданд ва онро мадад ҳамекарданд, то он ваҳшат бодат ёфт ва мустаҳкам гашт, то кори эшон ба ҳарб расид ва лашкарҳо бикашиданд ва ба ҳарби якдигар рафтанд, андар санаи хамса ва сабъина ва миатайн (275/888-889) ҳарб карданд ва Исмоил бар Наср зафар ёфт ва Насрро дастгир карданд ва пеши Исмоил оварданд.

Чун Исмоилро чашм бар вай уфтод, пиёда шуд ва пеши ӯ омад, бар дасти ӯ бӯса дод ва аз вай узр хост ва ӯро ба сабили хубӣ, бо ҳама ҳашаму ҳошият ба Самарқанд бозфиристод. Ва аз паси он Исмоил мар Насрро бар ҳама Мовароуннаҳр халифа кард ва кор некӯ ҳамерафт».

Чунин таҷрибаи ниёгонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 1992 аз минбари Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор бурда, ба ҷониби намояндагони тамоми тарафҳои манфиатхоҳ оғӯши бародарона кушода, роҳи афву бахшоиш ва сулҳу дӯстиро ҳамвор сохта буданд. Аз ин таърих то ба рӯзгори мо Президенти кишвар беш аз 15 маротиба ба қонунҳо доир ба афв имзо гузошта, 25-уми октябри соли 2019 бахшида ба 25-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 ҳазор нафар маҳбусро озодӣ бахшиданд. Табиист, ки ин тасмимҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаро шахси некбин ва соҳиби имони комил рӯйи кор оварда метавонад. Барои бахшидани гуноҳи муҷримон дили бузург ва ҳиммату ҷавонмардӣ лозим аст. Дар дунё одамоне ҳастанд, ки фарзандон ё пайвандони худро бахшида наметавонанд.

Аз ин рӯ, агар мо гӯем, ки Пешвои маҳбуби миллати мо бо таъмини сулҳу амният дар мамлакат як формула ё модели сулҳро ба вуҷуд оварданд, дар мавриди афви маҳбусону зиндониён ва бахшидани аъмоли нафароне, ки бо забону қавл тавбаву узрхоҳӣ карда ба Ватан баргаштаанд, боз як бинои устувори Институти ҷудогонаи гуманизмро низ асос гузоштанд. Сарвари давлат борҳо дар суҳбату мулоқот ва вохӯриҳо бо сокинони ҷумҳурӣ таъкид менамоянд, ки таҷрибаи талхи ҷанги бародаркушӣ барои мо ҳазорсолаҳо кифоя аст, мо набояд душмани ҳамдигар бошем ва ғаразу буғзу адоватро дар дили худ парвариш диҳем. Ҳатто кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро батакрор огоҳ менамоянд, ки пеш аз он ки кирдору рафтори ғайриқонунии шаҳрвандеро баррасӣ мекунанд, бояд пеши назар оваранд, ки баъди паси панҷара рафтани падар ё модари хонадон сарнавишти минбаъдаи фарзандони онҳоро чӣ пайомадҳое дунбол мегирад. Ё баъди маҳбасӣ шудан дар ҳаёти ин ё он шаҳрванд дигаргуниҳои мусбати сифатӣ рух медиҳад ё не?

Ин таҳлилҳо маънои онро доранд, ки дар ҳақиқат Президенти мамлакат рамзу далели ошкору равшани Раҳбари оқилу фарзона, ояндабину фардонигар, созандаву бунёдкор ва ғамхори наслҳо мебошанд. Агар мо дар хусуси кулли тадбирҳову ташаббусҳои неку судманди Пешвои миллат, ки боиси рушди бесобиқаи ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ дар кишвар гардидаанд, мулоҳиза ронем, сад ҷилд китоб камӣ мекунад.

Мо китобдорон аз он ифтихормандем, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ ба ҷашну иди касбӣ шарафёб гардидем ва ҳамасола 4-уми сентябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи китоб ба тантанаи шукуҳманди ходимони китобхонаҳо, китобдорону китобшиносон табдил ёфтааст.

Боиси сарфарозист, ки дар кишварамон батадриҷ китобхонаи зиёд бунёд мегардад, ҳазорон китобхона таҷдиду азнавсозӣ мешавад, махзани китобии ин муассисаҳои фарҳангӣ бо осори тозанашр ғано меёбад. Таъмини китобхонаҳо бо васоити техникӣ ҳам ба маром даромада, китобхонаҳои электронӣ таъсис меёбанд ва китобхонаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ сомонаҳои худро созмон додаанд. Ҳам дар пойтахт ва дар маркази вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд ҷиҳати ба даст овардани маълумоти олии касбӣ барои китобдорони оянда факултету шуъбаҳои китобшиносӣ амал мекунанд. Ба василаи озмуни ҷумҳуриявии китобхонӣ бо номи «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тамоми қишрҳои ҷомеа ба китобхонаву китобхонӣ ҷалб гардида, оммавигардонии мутолиаи китоб ва фарҳанги китобдорӣ бамаротиб рушд мекунад. Албатта, маблағи зиёде, ки барои қадршиносии ғолибон се сол инҷониб ҷудо мешавад, худ як далели равшани сарпарастиву дастгирии китобдӯстон аз тарафи Роҳбарияти олии мамлакат аст.

Таҳти сарварии одилонаву оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дастовардҳои назаррас соҳиб гардида, дар арсаи байналхалқӣ обрӯву нуфузи хосса пайдо кардааст. Ҳукумати кишвар барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа шароити хуби зиндагӣ, таҳсил ва кору фаъолиятро фароҳам овардааст. Бинобар ин, ҳар як сокини мамлакатро зарур аст, ки ба қадри Истиқлолият, Ваҳдат, Сулҳ ва дигар арзишҳои олии умумимиллӣ расида, онҳоро ҳифз намояд. Ҳифзу нигаҳдории  сулҳу субот ва амният дар кишвар боис мегардад, ки мардум зиндагии орому шоистаро идома диҳанд.

Дар канори ҳамаи муваффақиятҳои рӯзафзун нерӯҳое ҳам ҳастанд, ки ҳадафҳои иртиҷоӣ дошта, теша ба решаи халқу миллат ва давлат задан мехоҳанд. Аз ин қабил ташкилотҳои ифротгаро ҳизби наҳзати исломӣ ва паймони миллии Тоҷикистон ба шумор мераванд, ки дар кишварҳои аврупоӣ пушту паноҳи сиёсӣ ёфта, бо ҳар роҳу восита, бо дастгирии ҳамешагии  хоҷагони хориҷӣ мехоҳанд, ки вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангии мамлакатро ноором созанд.

Саркардаи хоинони Ватан бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ташнагони ҷангу хун худро ҳомию пуштибони сарзамини аҷдодӣ вонамуд сохта, бо ташкили гурӯҳҳо, шабакаҳо, маҳфилҳо, каналҳои ҷудогона дар интернет, видеову роликҳо, мусоҳибаҳо ва бо истифода аз матбуоти озоди Аврупо ҳамарӯза ҳазор хабару иттилоот, эътирозномаҳо, муроҷиатҳо ва найрангу дасисаҳо эҷод карда, ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаво медиҳанд. Мақсади асосии онҳо қудратталабӣ ва ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ мебошад. То судури хиёнати такрорӣ дар Тоҷикистон дар либоси дини мубини ислом ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ таъсис дода, ба садҳо амали ноҷавонмардона даст заданд. Ҳоло дар Аврупо дар «ҷомаи рангини демократия» – паймони миллии Тоҷикистонро бунёд карда, бо дасисаҳои нав, суҳбату мавъизаҳои «пуртаъсири бегуноҳона» ба дили мардум роҳ ёфтанӣ шуда, шабу рӯз пайи халалдор кардани фазои орому осоиштаи Ватани аҷдодии хеш ҳастанд. Онҳо аз ҳар даричаву равзана ба муқобили давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон баромада, гоҳо аз содагиву зудбоварии баъзе аз наврасону ҷавонон ё ашхоси беирода истифода менамоянд.

Ба андешаи мо китобдорон бояд мардуми тоҷик аз муҳтавои маърузаву гузоришҳо ва парешонгӯиҳои раҳбарони ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ ва паймони миллии Тоҷикистон чанд маънии мушаххас бардоранд ва ба ҳадафҳои нопоки онҳо ҳушмандонаву зиракона муносибат намоянд. Мароми нопоки ин гурӯҳ ба чунин омилҳо сахт бастагӣ дорад:

1. Ин гурӯҳҳо мақсад доранд, «ормону орзуҳо»-и дар солҳои 90-уми асри ХХ татбиқ нагардидаи худро амалӣ созанд.

2. Раҳгумзадагон ҳанӯз аз таъсири хоҷагони хориҷии худ берун намондаанд ва ё аз дастгоҳи идории онҳо раҳо наёфтаанд. Яъне байни  бадхоҳони дохилӣ ва хориҷӣ ҳамон пайвандҳои дар солҳои наҳси 90-уми асри гузашта барқароршуда канда нашудааст, баръакс, имрӯзҳо бо шаклу шеваҳои наву модернӣ устувор гардидааст. Мисоли содаи ин даъво интиқоли осони маблағ бо воситаи интернет ва аз роҳи шабакаҳои иҷтимоӣ идора кардани фиребхӯрдагони тоҷик мебошад.

3. Ифротгароии диниро бо як шохаи демократияи пиру фартути ғарбӣ омезиш дода, дар либоси нав даъвои ҳақиқату сиёсат кардани террористони наҳзатӣ ва ҷавонони бепаймон.

4. Бо ташкили сомонаҳо, роҳҳову каналҳо дар дохили шабакаҳои иҷтимоии сернуфус ва дигар василаҳои иттилоотии электронӣ мағзшӯии як гурӯҳ наврасону ҷавонони бегуноҳу камтаҷриба. Мисол: наврас ё ҷавоне, ки ҳодисаҳои нангини ҷанги шаҳрвандиро надидааст ва ё аз сахтиву азоби халқ баъди ба даст овардани истиқлолият бехабар аст, баъди дидану шунидани даъвою дасисаи хоинони халқу миллат хаёл мекунад, ки то замони худро шинохтани ӯ ҷомеа ягон камбудӣ надошт.

Ба таври дигар гӯем, ин воизон дар мағзи ҷавонон мафкураи бад кардану бад нишон додани низоми сиёсии Тоҷикистонро аз дидгоҳи иҷтимоии наврасу ҷавони имрӯз ворид мекунанд. Масалан, агар як нуқси иҷтимоӣ, мисли норасоии барқ, қимат шудани нархи роҳкиро, таҳсил ва дигар хароҷоти рӯзмарра дар кишварамон сар занад, онро байрақ сохта, ҳисси нафрату худситезиро дар ниҳоди насли рӯ ба камол парварданӣ мешаванд.

5. Аз холигоҳи андеша ва озодии муҳоҷирони меҳнатӣ истифода бурда, дар ҳолатҳои гуногун аз чанд нафар шахсе, ки солҳо ба зодгоҳаш барнагаштааст ва ё шаҳрвандиву мақоми сукунатро дар Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои аврупоӣ гирифтааст, мусоҳибаҳои иғвоангез меороянд. Дар бисёр маврид суҳбату наворҳояшон ягон зарра ба талаботи низоми демократӣ, матбуоти озод, ахлоқи инсонӣ, шарму ҳаё ва иффати тоҷикона мувофиқу муносиб нест. Раҳгумзадагон аз содагӣ ва ё заъфи иҷтимоии чанд нафаре истифода бурда, бо як шеваи  номатлуб навореро сабт карда, бо ҳақорату дашном ва ҳарфҳои муғризона дар сомонаҳо мегузоранд. Онҳо хаёл мекунанд, ки бо ҳамин кӯшишу ҳаракатҳои ноҷою нохалафона шуури кулли ҷомеаро тағйир медиҳанд.

6. Боз ҳам асоси дасисаву шайтонигариҳои фиребхӯрдагони халқу миллат ҳамон пули ҳароми хоҷагони хориҷист, пуле, ки гӯё аслан тамом намешавад ва аз сияҳоби нафси бадхоҳон ба хандақи ифротгароён мерезаду мерезад. Оё он хоҷагони бадбахти хориҷӣ боре ба худ савол намедиҳанд, ки ҳамин пулҳоро ба бедодгароён надода, ба фоидаи халқу ватани худ сарф намоянд, бо он пул дасти ҳамватани бечораи худро гиранд ва як гӯшаи диёри хешро обод созанд? Оё халқи худашон медонад, ки мазҳакабозони сиёсатмадор пули ҳаққу ҳалоли мардумро бар зарари миллати дигар сарф мекунанд? Оё мусалмон харобиву вайронии Ватани мусалмони дигарро беибо ба худ раво мебинад?

Мо медонем, ки оқибат баднафсӣ, ҳаққимардумхӯрӣ, авомфиребӣ, нодида гирифтани ҳуқуқи халқ оқибати даҳшатбору ҳалокатбор дорад.

Бинобар ин, моро бисёр зарур аст, ки пеши роҳи ифротгароиву таблиғоти ин хатокоронро бигирем ва нагузорем, ки ягон фарзанди халқ ба ин вартаи ҳалокат афтад. Имрӯз халқи мо аз мазмуну моҳияти терроризм, экстремизм, радикализм ва ифротгароӣ бохабар аст ва дар роҳи мубориза бо ин зуҳуроти ғаразнок омодаву пойдор ва устувор аст.

Як чизро вобаста ба мазмуни оғози мақолаамон таъкид карданием, ки бештари ҷавонон ё муҳоҷироне, ки имрӯз фирефтаи ин ифротгароён шудаанд, гумроҳанд. Онҳо ё аз рӯи зарурати иҷтимоиву молиявӣ ва ё бо сабабҳои гуногун ба доми ин қабил ноҷавонмардон афтодаанд. Тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар нафаре, ки аз кирдори худ пушаймон мегардад, афв карда мешавад. Ҳукумати мамлакат ва тамоми ниҳодҳои ҳуқуқӣ омодаанд, ки баъди тавбаву узрхоҳӣ ва ба Ватан баргашта, зиндагии орому осоиштаро пеш гирифтан онҳоро аз ҳама гуна ҷавобгарӣ озод намоянд. Имрӯз сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ қатъан имкон медиҳад, ки баъди узрхоҳӣ гуноҳи ин қабил ашхос мавриди афву бахшиш қарор гирад. Мо бовар дорем, ки ҳамаи он ҷавонон ба худ меоянду тавба мекунанд, зеро мо аз дӯст бегона намесозем ва аҳли сарзамин мутмаинанд, ки ҷавонони бонангу номуси дар хориҷабуда аз баҳри саркардагони аҳдшикаста мебароянду роҳи дурустро ихтиёр мекунанд.

Пас, чаро иғво, фитна, ошӯб, фарёд, мубориза, ғараз? Шумо медонед, ки баъди зуҳури ҳар гуна ҳодисаҳои ваҳшатбори сиёсӣ халқи бегуноҳ поймол мешавад, хуни ноҳақ мерезад, ободиҳо вайрон мешаванд, низоми зиндагӣ номураттаб, дастгоҳу механизми давлатдорӣ абгору фалаҷ мегардад! Наход мо аз бародаркушии солҳои 90-уми асри ХХ дарси ибрат нагирем! Наход боз тоҷик парокандаву душмани ҳамдигар гардад! Мабод он рӯз!

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.

Ҳамаи китобдорони кишвар, аз ҷумла китобдорону китобшиносони вилояти Суғд ҳамчун зиёиёни асил ба ифротгароёни ба аҷнабиён фурӯхташуда мегӯем, ки мо халқи шукргузорем, ба қадри Сулҳу Ваҳдат, ободиву шукуфоии диёр мерасем ва хоки онро тӯтиёи дидаи худ менамоем. Халқу миллати тоҷик ва кулли сокинони хуштолеи Ватан сипосгузори меҳнатҳои созандаи Пешвои маҳбуби миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Сокинони сарбаланди сарзамини соҳибистиқлоли мо як ҳадаф доранд: Тоҷикистон ба пеш, ба сӯи созандагӣ, бунёдкорӣ ва рӯзгори ободу зиндагии шоиста!

Китобдорони вилояти Суғд

ШУМО ДАР: АСОСӢ