НОРИ ХУҶАНД, ЛАЪЛИ МЕВАҒУЛ ВА ГАВҲАРИ САЙҲУН

( 0 Овоз )

Нигоҳе ба мафҳуми Ватан ва афкори ватандўстӣ дар шеъри  Камоли Хуҷандӣ

Баҳсу баррасии шинохти мафҳуми Ватан ва ҷилваҳое аз афкори ватандўстӣ дар адабиёти тоҷик заминаҳои куҳанеро соҳиб аст, ки сарчашмаҳои онро метавон ба асотири куҳан пайванд бахшид.  Ишороте муайян дар китобҳои куҳан, аз ҷумла китоби муқаддаси Авасто ба паҳнаи Ориёно бегумон ба ватани аслии аҷдоди мо будани ин сарзамини куҳан таъкид варзида, заминаҳои зуҳури чунин афкорро ба дергоҳи таъкид тамдид медиҳад. Ин китоби дар китоби Авасто таъкид мешавад, ки “Беҳтарин сарзамине, ки Худо офарид, Ориёно буд”, бегумон ифодаи барҷастаи тақаддуси мафҳуми Ватан дар осори куҳани аҷдоди мо ба шумор меравад.  Ҳатто ҷой доштани гунаи қадимаи вожаи “mata”дар забонҳои бостон ба маънии зодгоҳ ва шакли “mehan” ва “mihan” дар забони паҳлавӣ низ ишорате ба қидмати ин ҳисс ва отифаи инсонӣ дар зеҳну андешаи ниёкони мо мекунад.  Дар шарҳи қидмати шинохти мафҳуми Ватан ва афкори ватандўстӣ дар миёни ақвоми мухтафи Шафеии Кадканӣ навиштааст, ки “Он чӣ мусаллам аст ин аст, ки мафҳуми ватан ва ватанпарастӣ дар адвори мухталифи таърихи башар ва дар фарҳангҳои мутафовити инсонӣ вазъ ва ҳоле яксон надорад. Дар баъзе ҷавомеъ шакл ва мафҳуми хосе дошта ва дар ҷавомеи дигар шакл ва мафҳуми дигар (3, 23)

Бар асоси мутолеаҳои анҷомёфта метавон муқаррар намуд, ки мафҳуми Ватан дар зеҳн ва андешаи инсоният пеш аз ҳама ба ҳамон найистон ё олами қудсӣ рабт мегирад,ки ба таъбири Мавлоно инсон аз он бурида шудааст, то к-аз нафираш марду зан биноланд. Аз ин лиҳоз, дар навбати аввал Ватани аслии инсон ҳамон олами улвӣ шинохта мешавад, ки рўҳи инсон ҳамеша тамоюли бозгашт ба онро дорад.  Ин дидгоҳ дар шеъри гузаштаи мо ҷойгоҳ ва мақоми хос дорад ва боз ҳам худи Мавлоност, ки мефармояд:

Ҳар касе к-ў дур монд аз асли хеш,

Боз ҷўяд рўзгори васли хеш.

Он ҷаҳони қудсӣ ва улвӣ, олами асл  дар адабиёти гузаштаи мо бо таъбирҳои “олами боло”, “олами беҷо”, “дарё”, “баҳр” ва амсоли ин ифода меёбад. Мавлонои Балхӣ боз ҳам ин матлабро тавзеҳ дода:

Мо зи болоему боло меравем,

Мо дарёему дарё меравем.

Мо зи ин ҷову зи он ҷо нестем,

Мо зи беҷоему беҷо меравем.

Дар мавриди дигар низ ба аҳли фалак ва ёри малак будани будани инсон таъкид меварзад, ки ҳамин маънии вожаи Ватан ва шеваи хоси шинохт аз онро ифода мекунад:

Ҳар нафас овози ишқ мерасад аз чапу рост,

Мо ба фалак меравем, азми тамошо кирост.

Мо зи фалак будаем, ёри малак будаем,

Бо ҳам он ҷо равем ҷумла, ки он шаҳри мост.

Худ зи фалак бартарем в-аз малак афзунтарем,

З-ин ду чаро нагзарем, манзили мо кибриёст.

Халқ чу мурғобиён, зода зи дарёи ҷон,

Кай кунад ин ҷо мақом, мурғ к-аз он баҳр хост.


Ҳофизи Шерозӣ бошад, ин маъниро ба он шева баён мекунад, ки инсон малаке буд, ки ватани аслии вай фирдавси барин аст. Аммо ба иштибоҳи хурдани гандум, Одам ўро аз ин Ватани аслӣ ба дайри харободобод оварда:

Ман малак будаму фирдавси барин буд ҷоям,

Одам овард ба ин дайри харобободам.

Бо ин ҳама, албатта амри тақдир ва рози офариниш ҳамин буда, ки  инсон бояд дар замин мавтан ихтиёр кунад, чун ин олам барои инсон офарида шуда, ки ин маъниро низ Мавлонои Балхӣ тафсир карда:

Бода аз мо ҳаст шуд, не мо аз ў,

Қолаб аз мо ҳаст шуд, не мо аз ў.

Замин ё ҷаҳони омадшуд ҳам барои инсон баъд аз ҳузури вай бар қаламрави он Ватане гардид, ки ҳастии одамӣ бар он пайванди азалӣ гирифт, яъне қисмат ҳамин шуда, ки бояд инсон амири дунёи равон бошад, зеро халқу зуҳури гетӣ ба номи вай рақам зада шудааст. Ҳарчанд аҳли шеъру адаб ва орифон зиёда дар накўҳиши ҷаҳони фонӣ ва олам гузаро ашъори фаровон сурудаву инсониятро аз муҳаббату дилбастагӣ бар он боздоштаанд.

Баробари ин, зодгоҳ ё макони валодати инсон низ ҳамчун ҷузъи сайёраи замин ба унвони ватани инсон ҳамеша мавриди ситоиш ва тавсиф қарор гирифтааст. Шафеии Кадканӣ дар иртибот ба ҷойгоҳи ин мавзўъ дар адабиёти гузаштаи мо чунин навиштааст: “Талаққӣ аз зодгоҳ ва зодбум ба унвони Ватан аз зеботарин ҷилваҳои авотифи инсонӣ дар шеъри порсӣ аст.  Аз ин ҷост, ки авотифи ватандўстӣ ва шефтагӣ ба сарзамин беш аз ҳар ҷойи дигар дар шеъри форсӣ ҷилвагар шудааст. Нуктаи қобили мулоҳизае, ки дар ин боб метавон ёдоварӣ кард, ин аст, ки ин шукуфтагии авотифи ватанӣ ҳам бешу кам дар мавориде ба шоирон даст дода, ки аз Ватан дур мондаанд ва эҳтимолан эҳсоси навъе тазод, ки асоси дарки ватан ва қавмият аст, бо дунёи перомуни хеш кардаанд, чаро, ки беҳтарин ва бештарини ин шеърҳо шеърҳоеанд, ки шоирон дур аз Ватан сурудаанд (3)

Бегумон метавон шеъри ватандўстӣ ва ватандории тоҷикро боз ба ҳам номи бо номи устод Рўдакӣ  пайванд бахшид, ки намунаи он қасидаи “Бўи Ҷуи Мўлиён” маҳсуб мешавад:

Бӯи ҷӯи Мӯлиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме!

Реги Омую дуруштиҳои ӯ,

Зери поям парниён ояд ҳаме!

Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст,

Хинги моро то миён ояд ҳаме.

Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,

Мир зӣ ту шодмон ояд ҳаме!

Мир моҳ асту Бухоро осмон,

Моҳ сӯйи осмон ояд ҳаме!

Мир сарв асту Бухоро бӯстон,

Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме!

Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,

Гар ба ганҷ-андар зиён ояд ҳаме (5,64).

Асари ин шеър, ки азамату шукўҳи Бухоро дар он муҷассам аст, омил гардид, ки амири ба Ҳирот сафаркардаву он ҷоро мавтан ихтиёр карда, сариҳол пой бар узангуи аспи хеш гузоштаву ҷониби Бухоро давидааст. Бо итминон метавон изҳор дошт, ки устод Рўдакӣ бо эҷоди ин қасидаи ғарро шеъри ватандўстии тоҷикро асос гузошт ва он минбаъд бо шева ва равишҳои мухталиф идома пайдо намуд.

Устод Шафеии Кадканӣ дар мақолаи хеш, ки қаблан аз он ёд шуд, шеъри дигари устод Рўдакиро ҳамчун намунаи аввали шеъри ватандўстӣ унвон намуда, аз ҷумла навиштааст, ки “аз қадимтарин шеърҳое, ки дар ёди Ватан, дар маънии зодгоҳ, дар шеъри форсӣ ба ҷой монда, ин қитъа аст, ки Абусаиди Абулхайр (375-440 ҳ.қ.) онро мехонда ва соҳиби “Асрор-ут-тавҳид” онро ҷузъи шеърҳое, ки бар забони Шайх рафта, нақл карда ва гўяндаи он Бухороист:

Ҳар бод, ки аз сўи Бухоро ба ман ояд,

З- бўи гулу мушку насими суман ояд.

Бар ҳар зану ҳар мард куҷо барвазад он бод,

Гўяд магар он бод ҳаме аз Хутан ояд. (3, 25)

Мусаллам аст, ки ин шеър дар аксари нусхаҳои Девони Рўдакӣ нақл шудааст ва бегумон аз ишорати Абусайиди Абулхайр ба гўяндаи бухороии он бояд манзур  ҳамин устоди шоирон бошад, чун бештари замони эҷоди ў дар Бухоро сипарӣ шуда ва ин ашъор он ҷо маъруф будаанд, ки албатта ин мавзўи баҳси ҷудогона аст.

Шайх Камоли Хуҷандӣ низ дар баробари он ки дар қаламрави адабиёти гузаштаи мо ба унвони яке аз суханварони мумтоз, орифи ҳақшинос, шоире, ки лутфи суханро ба камоли хеш расонид ва амсоли ин эътироф гардидааст, дар баёни мавзўоти мухталифи андарзиву тарбиятӣ, ахлоқиву маънавӣ нақши муассир дорад. Дар афкори ахлоқии Шайх Камоли Хуҷандӣ таблиғи ғояҳои ватандўстона, таҷассуми муҳаббати инсон ба Ватани аслии хеш, эҳсоси ватандўстӣ бо ҳар роҳу шева мавқеъ ва мақоми муҳим касб кардааст.

Дар навбати аввал, Шайх Камоли Хуҷандӣ низ чун орифи ҳақшинос ба шинохти мафҳуми Ватан аз зовияи маърифати олами улвӣ ва ҷаҳони моваро роҳ мекушояд ва чун Мавлонову Аттор ин миҳани аслии инсониятро “олами боло”, “олами озодагӣ”, “ваҳдат”, “дарё”, тавсиф мекунад, ки маҷмўи ин дидгоҳҳои вай дар ғазали зер муҷассам аст:


Орифи пинҳон зи пайдо хуштар аст,

Ганҷро ганҷина маъво хуштар аст.

Олами озодагӣ хуш оламест,

Эй дил, он ҷо рав, ки он ҷо хуштар аст!

Андар ин пастӣ дилат нагрифт ҳеч,

Азми боло кун, ки боло хуштар аст.

Ошиқонро дил ба ваҳдат мекашад,

Мурғи обиро ба дарё хуштар аст.

Хоҷа инкори қиёмат мекунад,

З-он ки имрўзаш зи фардо хуштар аст.

Як назар қонеъ шав аз олам, Камол,

Нахли мумиро тамошо хуштар аст (7,270)

Шайх Камол мисли орифони дигар ҷаҳони омадшудро олами пастӣ унвон мекунад ва инсонро ба шинохти ватани аслии хеш олами боло даъват мекунад. Дар ҷавҳари ин андешаҳои арзишманди шоир як ҳақиқати дигар ҳам нуҳуфтааст, ки ў одамиятро аз он ҳушдор медиҳад. Пастӣ дар шеъри Камоли Хуҷандӣ танҳо маҳдуд ба маърифати ҷаҳони омадшуд нест, яъне шоир бо такя бар он ки инсон аз олами боло ба ин  пастӣ ғариб афтодааст, танҳо ин матлабро тафсир намекунад.  Балки зимнан талқин ҳам мекунад, ки пастӣ мақоме ҳаст, ки инсон аз асли худ, аз мақоми муъбатару шарифаш берун афтодааст. Ба ин хотир, ин андешаро зимнан таъкид медорад, ки инсон дар асл махлуқи шарифест, ки вуҷуди вай омили аслии офариниши ҷаҳони омадшуд гардида. Аз ин рў, ў ҳақ надорад, ки ба иштибоҳ роҳ диҳад ва даст ба амалҳои пасту разилона занад.

Вақте дар байти дигар ба ин матлаб ишорат мекунад, ки “ошиқонро дил ба ваҳдат мекашад”, ин ҷо ҳамоно шеваи мазкури шинохти ҳақиқати ин амр равшан мешавад. Ҷойгоҳи аслии башарият мақоми ваҳдат аст, яъне дар умум мақоми ваҳдат, олами боло Ватани аслии инсоният ба шумор меравад, ки чун ҳамагӣ тамоми ақвоми олам сарчашмаи ягонаи офариниш доранд,  ҷумла ба ёди он мақому маконанд, ки онро ном ваҳдат аст. Гоҳо маврид эҳсос мешавад, ки худи вожаи Ватан ҳам дар шеъри Шайх Камоли Хуҷандӣ ба ҳамин маънӣ ба кор рафтааст. Дар “Фарҳанги ашъори Камоли Хуҷандӣ”-и Абдуҷаббори Суруш низ дар баробари панҷ маънии вожаи Ватан дар шеъри Хоҷа Камол мазомини мавриди назари низ таъкид шудаааст: “ВАТАН а. وطن 1. кишвар, диёр, сарзамин, ҷои таваллуд ва камолёбӣ, мас. деҳ, шаҳр, мамла-кат; аз ватан афтода ғарибاز وطن افتاده غریب яъне он ки ҷалои ватан шуда, касе, ки тарки диёр намудааст, мусофир, муҳоҷир.

На манам аз ватан афтода

ғариби туву бас,

Эй муқимону ғарибон ҳама овораи ту.

2. маскан, манзил, мақом; зодгоҳ, ҷойи зист.

Ҳеч шаб, эй маҳ, аз ватан ҷониби мо

наёмадӣ,

Ҳамчу шаҳон ба марҳамат сўи гадо

наёмадӣ.

3. маҷ. ошёна, лона.

Кўи ту хоҳад ин дили овора, не биҳишт,

Мурғи ғарибро зи гулистон ватан беҳ аст.

4. дар истилоҳи орифон мурод аз олами аввал, ки ҷони инсонҳо то гирифторӣ дар қафаси тан мурғи он гулистон буда, олами руҳонӣ, мала-кут. Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ин маъни-ро чунин шарҳ дода:

Мурғи боми малакутам, наям аз олами хок,

Чанд рўзе қафасе сохтаанд аз баданам...

Ман ба худ н-омадам ин ҷо, ки

ба худ боз равам,

Он ки овард маро, боз барад бар ватанам.

Хоҷа Камол бо ишора ба матлаби боло фар-муда:

Дил буд баҷономада дар тан зи ғарибӣ,

Дар зулфи ту бозаш кашиши

ҳубби ватан бурд.

5. ва низ аз нигоҳи шоири ориф киноя аз олами имкон, дунё, ҷаҳони ҷисмонӣ; мурод аз пай-кар, ҷисм, тан.

Чун дид Камол он сари кў,

тарки ватан кард,

Булбул чу чаман дид, раҳо кард қафасро.

ватан сохтанوطن ساختن ҷой гирифтан, ни-шастан, маскан ихтиёр кардан.

То уд ҷон насўхт, ба чашмам ватан насохт,

Оре, парӣ ба хонаи мардум ба бў равад.

Зимни кушоиши маънии байти мазкур маълум мешавад, ки вақте шоир аз иштиёқи дили овораи ошиқ ба кўи дўст сухан мекунад, вожаи Ватанро мо ҳами маънии ирфонии олами боло ё асл ба кор мебарад ва ҳатто изҳор медорад, ки дили овораи ман, на биҳишт, балки кўи туро хостор аст. Онсон, ки мурғи ғарибро аз гулистон Ватан беҳтар бошад:

Кўи ту хоҳад ин дили овора, не биҳишт,

Мурғи ғарибро зи гулистон ватан беҳ аст.

Албатта, мурғи ғариб метавонад инсон бошад, ҳам ба маънии ирфонӣ ва ҳам воқеӣ, зеро рўҳи инсон вақте ба ҷисмаш ворид шуд, ғариб аз ватани аслӣ афтод ва ҳамеша иштиёқаш ба ҷониби он манзили асосист, чун мисоли мурғи ғариб дар тани бошад ва орзуи ба Ватани аслӣ баргаштанро дорад. Барои инсони воқеии ғариб ҳам аз боғу бўстону қасру кушкҳои азим Ватани аслии худ беҳтар аст, зеро ба таъбири дигар:

Юсуф, ки ба Миср подшоҳӣ мекард,

Эй кош гадо будӣ ба Канъон хуштар.

Дар байти дигар низ чунин маънӣ ба равшанӣ ҳувайдо мешавад ва ҳатто дар тақвияти каломи хеш Камол ибораи ҳубби Ватан, яъне дўст доштани Ватанро ба кор мегирад:

Дил буд баҷономада дар тан зи ғарибӣ,

Дар зулфи ту бозаш кашиши ҳубби ватан бурд.

Равшан мегардад, ки сухан аз ғурбати рўҳонии инсон меравад, чун шоир аз дили баҷономада аз ғарибӣ ҳарф мезанад, ки онро ба сўи маъшуқи ҳақиқӣ кашиши ҳубби ватан бурда. Вақте шоир таъбири “дар зулфи ту бурдани кашиши ҳубби Ватан”-ро истифода мебарад, албатта сареҳан маънии ирфонӣ касб кардани вожаи мазкур муҷассам мегардад. Вале нуктаи дигареро низ метавон дар эътибор гирифт, ки ин ҷо мешавад байти мазкурро барои талқини ғояҳои ватандўстии инсон маънигузорӣ кард. Маълум аст, ки дили инсон дар дарди ғарибӣ ба ҷон меояд ва яке аз аносири муфассири муҳаббати Ватан, яъне ҷузъиёте аз он, мисли зебоиҳои табиат, хаёли ёри заминӣ ё суҳбату нишасти бо дўстону азизон имкон дорад, ки хаёлу хотири инсонро ба сўи хеш кашад. Аз ин рў, дар шеъри Камоли Хуҷандӣ имкон дорад, ки ибораи “дар зулфи ту бозаш кашиши ҳубби Ватан бурд” -ро ба ҳамин маънӣ низ истифода кунад, зеро ин аносири барангезаи иштиёқи инсон ба сўи Ватанро маҳз худи ҳубби Ватан сабаб мешавад, то онҳо барангехта шаванд. Маҳз, дўст доштани Ватан аст, ки омил ба зуҳури чунин хотироти рангин гардида, дили аз ғарибӣ ба ҷон омадаро таскин хоҳад бахшид.

Дар байти дигар, ки он ҷо низ манзур аз Ватан олами аввал аст, ки инсон асли хешро пайдо кардааст, аммо дар таркиби тамсил истифода шудани вожа талқини ғояи дўст доштани Ватанро мекунад, чун Хоҷа Камол чун марди орифу солики роҳи Ҳақ аз ин фармудаи Ҳазрати Паёмбари Акрам (с) огоҳи комил дорад ва онро пайваста бо шеваи шоиронаи хеш талқин мекунад: Дӯст доштани Ватан аз имон аст. Дар ин байт ҳарчанд вожаи “Ватан”-ро бо ҳамон маънии мавриди таъкиди мо истифода мекунад ва изҳор медорад, ки рўйи ман хоки пои ошиқи хоки пои туст ва ин ҳолу ҳавои хешро бо дўст доштани ватан масал мезанад, аммо мушоҳида мешавад, ки бо ҳамон назокат ва лутфи хосаи каломаш сухан мекунад, яъне дўст доштани Ватан айб нест:

Хоки поят дўст дорад рўи ман,

Нест айб, эй дўстон, ҳуббулватан.

Бо истифодаи ин масал мехоҳад таъкид дорад, ки хоки пои туро агарчӣ рўи ман дўст медорад, айбе нест, он мисли он бошад, ки дўст доштани Ватан ҳеҷ айбе набошад. Дар тафсири умумии ҳар ду мисраъ маънии ирфони вожаи Ватан таҷассум меёбад, зеро рўи ман ҷойгоҳи аслии хешро, яъне Ватани аслии худ, ки сароғози зиндагонии башарият бошад,дўст доштааст.  Ҳамзамон, ба ҳукми як тамсил сухан кардани шоир, ки дўст доштани Ватан ҳеҷ айбе нест,  зимнан метавонад хонандаро ба фикри муҳаббати Ватан, дўст доштани зодгоҳу ёру диёр низ бикашонад, ки ҳамеша ва дар ҳама давру замон барои инсоният арзиш ва аҳамияти муҳим доштааст ва имрўз дораду фардову фардоҳои дигар хоҳад дошт.

Дар чанд мавриди дигар низ, Камол бо онки ҳамин ҳақиқати зиндагонии башариятро онгуна ки бояд шинохтааст, аз Ватан- олами аслӣ  сухан мекунад, ки муҷиби ғурбати инсон гардида. Аз ин рў, вай таъкид медорад, танҳо ман ғариб ва дурафтода аз Ватани аслӣ нестам, балки ҳатто муқимону ғарибони дигар низ овораи ба ёди расидан ба васли маъшуқи азалӣ ва шарафи дидори зодгоҳи аслии Ҳазрати Инсон ҳастанд.


На манам аз ватан афтода ғариби туву бас,

Эй, муқимону ғарибон ҳама овораи ту.


Ҳатто Камоли Хуҷандӣ сабаби аслии ҳиҷрону ғурбатҳои хешро ҳам баста ба фироқ ва дурӣ аз ин ватани аслӣ марбут медонад ва таъкид медорад, ки вақте Камол сари кўи туро дид, тарки Ватан кард:

Чун дид Камол он сари кў, тарки ватан кард,

Булбул чу чаман дид, раҳо кард қафасро.

Ин афкори арзишманди Камоли Хуҷандӣ ва фармудаҳое чунини ў, ки ба шинохти мавфуми Ватан пайванд мегиранд,  аз диди иҷтимоӣ ва ахлоқӣ дар шароити имрўза арзиш ва аҳамияти умумибашарӣ  доранд, чун инсоният имрўз ба чунин ваҳдати инсонӣ ниёз дорад, то пеши роҳи маҷмўи ташаннуҷоти фикриву мазҳабиву иҷтимоиву фарҳангиро бигирад. Аз ин равзанаи маърифат дарки маҳфуми Ватан ба унвони ҷаҳоне, ки инсоният он ҷо офарида шуда, ҳамеша тамоюл ба сўи онро дар вуҷудаш эҳсос мекунад, дар ҷаҳони муосир беш аз беш аҳамияти умумиинсонӣ касб мекунад. Инсоният агар сайёраи Заминро ҳам Ватан медонад, аммо боз ҳам Ватани аслии ў ҳамоно ҷаҳоне саршор аз покиву қудсият аст, ки берун аз ҳама қуюди диниву мазҳабиву забониву миллӣ ва  монанди ин башариятро ба сўи хеш мекашонад. Барҳақ, Камоли Хуҷандӣ ва соири шуарои ориф ин Ватанро олами ваҳдат унвон кардаанд, ки инсон ҳамеша азми маърифати он мекунад ва тавассути ин дарку шинохт ҳақиқати инсонии хешро кашф хоҳад намуд.

Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ таблиғу тафсири чунин ғояҳои умумиинсонии Камоли Хуҷандӣ дар зимни маърифати мафҳуми Ватан ба маънии васеъ арзиш ва аҳамияти бештаре касб мекунанд, зеро тавре гуфта омад, маърифати ин афкори ирфонӣ аз диду манзари дигар ба тамомии инсоният ба ҳукми давои табобати бемориҳои ҷудоихоҳӣ, душманиву адоват нисбати ҳамдигар, кудурати қавмиву мазҳабиву динӣ хидмат мекунанд.

Ҳарчанд дар мавриди ғазали маъруфи “ғарибӣ”-и Шайх Камоли Хуҷандӣ диду назарҳои мухталиф аст, аммо тафаккур дар ҷавҳари маънии ин ғазал бар асоси гунаи дар нусхаҳои хаттӣ маҳфузи он ин амрро собит мекунад, ки ин ҷо дар асл сухани шоир ба ғарибии инсон аз Ватани аслии хеш олами таъкид мекунанд. То замони таълифи китоби “Сеҳри мубин”-и устод равоншод Абдулманнони Насриддин байти аввали ғазали мазкур нашрҳои Девони шоир шакли зайл дошт:

Дил муқими кўи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,

Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб.(5,128)

Дар заминаи баррасии моҳияти аслии ин ғазал ва пайванди он ба зиндагонии шоир устод Абдулманнони Насридин дар китоби “Сеҳри мубин” дар ҷараёни таҳқиқи масоили матншиносии ашъори шоир навиштаанд:

“Чунончӣ, ғазали машҳури ў «Ғарибӣ»-ро баррасӣ намоем, ки ҳақиқати ин масъала бештар зуҳур мекунад. Ин ғазал ба аксари таълифоти илмии муҳаққиқони муосир, дастуру китобҳои дарсӣ роҳ ёфта, ҳамчун санади боэътимод дар баёни зиндагиномаи Камоли Хуҷандӣ хидмат кардааст. Ба воситаи ин ғазал дурафтодагӣ, заъфу нотавонӣ, орзуи ватан доштан, дар ғурбат ҷон супоридани шоирро талқин намудаанд. ҳол он ки сарчашмаҳо аҷзу нотавонӣ, қашшоқию муфлисӣ, таваҷҷуҳ надоштани аҳли Табрезу Сарой ба шахсияти ўро зикр накардаанд, ахбори манбаъҳо баръакси тасаввуроти онҳоест, ки Камоли Хуҷандиро ғарибу муфлису дурафтода тасаввур менамоянд. Ҳамин маънӣ аз он ғазали машҳур низ собит намешавад. Ин матлабро ношири девони Шайх Камоли Хуxандӣ – Эраҷи Гулисурхӣ бисёр хуб шарҳ дода, чунин навиштааст: «Бештар дар Машриқзамин кўшиш шудааст, то бузургонашонро ғарибу дармондаву мазлум бидонанд ва шояд ҳам ончунонашон биноманд, аз ҷумла, дар бораи Камоли Хуҷандӣ бо истинод ба баъзе ашъораш сухан аз ғарибиву дармондагии ў сар кардаанд ва дар баъзе нукот ҳатто дар сина кўфта ва бар ғарибиву мазлумияти ў ашк рехтаанд, дар ҳоле, ки воқеият дар зиндагии Камол дақиқан ҷуз ин будааст. Хоҷа Камоли Хуҷандӣ на фақат дар Хуҷанду Чочу дигар шаҳрҳо маъруфу мавриди алоқаи мардум буда, балки бо он ҳама ишқу алоқаву садоқат дар гуфтор бар ҳар куҷо ки рафта, қадр дидаву ба бар садр нишаста, аммо, мутаассифона, мебинем, ба як ду ғазал аз ў истинод мекунанд ва ҳунармандеро ки садҳо муриди адабиву ҳазорон тариқатӣ дошта, чунон нишон медиҳанд, ки дар Чин асир будаву дар ғурбат ба сахтӣ ҷон медодааст.

Нахуст ба ғазале, ки матлаъи онро меоварем, истинод мекунанд:

Дил мукими кўи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,

Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб.

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,

Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб

Ишора дорад ба дурии ҷон аз ҷонон, ё руҳу равон аз он ҷойгоҳи нахустин чӣ эътикоди сўфиён ҷон дар ин домгаҳ ғариб афтодаву ҳар лаҳза орзу дорад, то бар остони арши Худовандӣ бўса занад. (Девони Шайх Камоли Хуxандӣ. Теҳрон, 1995,саҳ.323)

Аз ин баҳсу баррасӣ маълум мешавад, ки шакли аслӣ ва дурусти байти мазкур чунин будааст:

Дил муқими кўи xонон асту тан ин ҷо ғариб,

Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб».

Ин ҷо равшан мегардад, ки инсони ҷудоафтода аз асли хеш ҳамеша ба ёди ҷаҳони асили хеш, Ватани асосии ў олами болост ва дилаш ҳамеша муқими кўи ҷонону танаш дар ҷаҳони омадшуд ғариб. Дар мисраи дувум бошад, ин матлаб ба сароҳат ишорат мешавад, ки бечораи мискин тани танҳо дар ин олам чӣ кор мекунад.  Сифати бечораи мискин ин ҷо барои тан оварда шудааст.  Ҳатто вақте дар байти мақтаъ низ вақте ин вожаро ҳамчун сифати худи Камол ба кор гирифта таъкид мекунад, ки «дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад мискин Камол»,  манзур ҳамон ғурбати тани одамӣ дар ҷаҳони омадшуд аст ва манзур аз Камол худи инсони ғарибафтода дар ин олам ба шумор меравад.

Аз нигоҳи вежагиҳои хоси сабкӣ низ агар ба ин байт руҷуъ кунем, ҳамоно шакли “тан ин ҷо ғариб” боз ҳам назокати каломи шоирро рунамоӣ мекунад. Мусаллам аст, ки муҳимтарин хусусияти сабкии каломи Камол дар лутфи сухани вай муҷассам аст. Дар ин байт ҳам латофати сухани шоир дар  дар корбурди се мавриди вожаи тан аст, ки аввал дар мисраи аввал ба шакли тан ин ҷо ғариб ба кор рафта ва дар мисраи дувум тани танҳо. Камоли Хуҷандӣ дар мисраи аввал таъкид мекунад, ки дил дар кўи ҷонон, ҳамон ҷаҳони асл ва ба қавли худи вай “олами боло” муқим аст ва тан дар ин олам ғариб афтодааст. Яъне тани аввал, ба маънии тан, ҷисм ва вуҷуди инсон ба кор рафтааст. Дар мисраи дувум бошад, ибораи тани танҳо, ки ду маврид дар вуҷуди ибора вожаи тан ба кор рафта, ба маънии ба танҳоӣ, худии худ, бо худ, танҳои танҳо истифода шудааст. Ҳосили сухани шоир он аст, ки чун дил муқими кўи ҷонон асту тан ин дар ин ҷаҳон ғариб мебошад, ин тани бечораи мискин ба танҳоӣ  ва танҳо худаш чӣ кор мекунад ё чи коре аз дасташ меояд, то аз мақоми ғурбат раҳо шавад. Ба андешаи мо, дар сурати ба шакли аввали “ман ин ҷо ғариб” хондани байт  назокати сухани Шайх Камол коҳиш меёбад. Аз ин лиҳоз, ҳақ ба ҷониби устоди равоншод Абдулманнони Насриддин аст, ки “дар нусхаҳои тоҷикистонӣ ба ҷои «тан»-и мисраи аввал «ман» навиштаанд ва ҳамин «ман» «ғарибӣ»-и Камоли Хуҷандиро мушаххас ва таъин кардааст. Намедонам, аз чӣ сабаб дар иқтибоси Эраxи Гулисурхӣ (манзур иқтибоси дар боло зикршуда – Н.Н.) низ, ки дар боло фаро гирифтем, ҷои «тан» «ман» омадааст, ки дуруст нест. Ҳол он ки худи муаллиф дар зимни девон (ҷилди 2,саҳ.1050) «Дил муқими кўи ҷонон асту тан ин ҷо ғариб» овардааст”.

Нуктаи дигари қобили таваҷҷуҳ он аст, ки дар бархе нусхаҳои хаттии Девони Камоли Хуҷандӣ шакли

Ҷон муқими кўи ҷонон аст, ки тан ин ҷо ғариб,

Чун кунад бечораи мискин тани танҳо ғариб.

ба чашм мерасад, ки ин гунаи байт низ қобили мулоҳиза аст. Зеро илова бар ин ки вожаи “тан” ва тани танҳо” назокате бар шакли аввалаи байт бахшидаанд, дар ин маври “ҷону ҷонон” ҳам латофати байтро таъмин мекунанд. Истифодаи ҷон дар баробари тан низ дар ин гунаи байт мувофиқи матлаб аст.

Баробари ин, байти дувуми ғазал низ ин андешаро тақвият медиҳад, чун шоир мефармояд:

Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,

Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб.(7, 128)

Таъкиди дар «ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб» матлаби болоро ба гунае қувват мебахшад. Шоир махсусан дар ин ҷаҳон бесару бе ғариб афтодани инсонро таъкид мекунад, ки бегумон шарҳе бар байти аввали ғазал бошад. Мани рўҳонии инсон, ки ҳамеша орзуманди диёри хеш – олами болост,  ҳақиқати амри мазкур ва ҷанбаи муҳими ирфонӣ касб намудани байтро тавзеҳ медиҳад. Ин маъниро Камоли Хуҷандӣ дар мавориди дигар низ дар ғазалиёти хеш тавзеҳ дода, ки ифодагари маънии ҳамон байти ғазали қаблист:

Ошиқонро дил ба ваҳдат мекашад,

Мурғи обиро ба дарё хуштар аст.(7, 270)

Ё ҷои дигар инсонро талқин мекунад, то бидонад, ки ў қатраест, ки ба соҳилҳо аз дарё афтодааст ва ин қатра низ орзуманди диёри ёри худ- ҳамон дарёст, то бирасад ба дарёву дарё шавад:

Қатраи қатра зи дарё чу ба соҳилҳоӣ,

Гар ба дарё бирасӣ, қатра наӣ, дарёӣ!(7, 1166)

Шайх Камол дар чандин мавриди дигар аз ҷони улвие сухан мекунад, ки азми боло дорад ва ба гунае ҳамон маънии орзуманди диёри хеш будани рўҳи инсонӣ ва муқими кўи ҷонон гаштани дилро, ки дар шеъри ирфонии гузашта ба маънии ҷон ҳам ба кор меравад, ифода мекунад:

То дилам наззораи он қомати зебо накард,

Ҷони улвӣ орзуи олами боло накард. (7, 447)

***

То фишонад бар қаду болош нақди худ Камол,

Ҷони улвиро зи пастӣ сўи боло бурду рафт. (7,265)

Дар умум, таъкиди ин нукта ба маврид аст, ки ин ғазал баробари ифодаи мазмунҳои ирфонӣ дар шарҳу тафсири ҷудоафтодагии инсон аз олами улвӣ ба ҷаҳони омадшуд аз зовияи завқу назари гурўҳе барои баёни ҳолу ҳавои инсонҳои дар ғурбатафтода дар муҳиту манотиқи мухталифи ҷуғрофӣ низ маърифат шудааст. Ҳарчанд асли матлаби ирфонии Шайх Камоли Хуҷандӣ тафсир ёфт, вале ин шеваи шинохт ҳам метавонад барои маърифати ғояҳои ватандўстии шоир аз ҷониби хонандаи каломи ў муассир ояд, зеро дар шароити муайяни зиндагонии хеш инсонҳо метавонанд ашъори суханваронро вобаста ба ҳолу ҳавои хеш маърифат кунанд ва онро ҳамчун шореҳи аҳволи равонии худ ба кор гиранд. Ҳамин омил шояд боис шуда, ки ба ин шеър аз равишҳои дигари матлуби мақосиди хеш раҳ кушода, онро ба ғурбати замониву маконии Шайх Камоли Хуҷандӣ, ки ўро аз Хуҷанд ба Табрез расонида буд, пайванд бахшанд. Дар асл шояд ҳамин аносири воқеӣ омил ҳам метавонанд омил бишаванд, ки то шуаро мазмунҳои баланди орифонаро дар заминаи маърифати ин воқеиятҳо биофаранд ва дидгоҳҳои махсуси хешро тафсир кунанд. Шояд ҳамин ҳиҷрати воқеии шоир ҳам асаре барои зуҳури чунин афкори  баланди ирфонӣ гузоштааст, чун айни ин шеваи шинохтро дар “Маснавии маънавӣ”-и Мавлонои Балхӣ низ метавон ба мушоҳида гирифт. Мавлоно асари ҷовидонаи хешро бо шарҳи достони ҷудоафтодагии инсон аз найистон оғоз мекунад, ки он бахшро “найнома” ҳам унвон намудааст.  Аммо достони аввали “Маснавии маънавӣ”, ки бо он қисмати асосии ин шоҳасар шурўъ мешавад, “Шоҳ ва канизак” ном дошта, бо ин байт оғоз мегардад:

Бишнавед, эй дўстон, ин достон,

Дар ҳақиқат нақди ҳоли мост он.

Манзур аз нақди ҳоли Мавлоно дар ин достон ҳикояти ҳиҷрони ў аз зодбуми ҷуғрофиёи хеш- яъне Вахш аст, ки бо амри тақдир ба Қунияи Туркия афтод. Ин ҷо ҳам маълум мешавад,ки Мавлоно барои шарҳи воқеии достони най, ки аз ҷудоиҳо аз асолат шиква мекунад, аз достони зиндагонии ҷории хеш, дурафтодагии ҷуғрофии худ аз Ватани аҷдоди нақл мекунад, ки заминаҳои аслӣ ва сарчашмаи воқеияти рўзгорашро шарҳу тафсир мекунанд.

Аз ин шеваи шинохт низ миёни Мавлоно ва Камоли Хуҷандӣ навъе пайванди маънавӣ ҷой дорад ва бар ин асос беҳикмат нест, ки Шайх Камол гуфта:

Румӣ ба замини Рум зад нақб,

Аз хоки Хуҷанд сар баровард. (7,620)

Аз назари аввал, Камол агар худро Мавлоное мешуморад, ки аз Рум нақбе зад ва аз Хуҷанд берун омад, аз сўи дигар, ин ҷо навъе ба зодгоҳи хеш ҳам ишорат мекунад, ки аз вуҷуди ҳамешагии ёду ёдмони ватани азизаш дар ҷону ҷаҳони вай паём мерасонад.

Ҳамин тавр, афкори ватандўстонаи Шайх Камоли Хуҷандӣ бо баҳрагирӣ аз дидгоҳҳои ахлоқиву иҷтимоӣ, ҷуғрофиву таърихӣ ҷойгоҳ ва арзиши ирфонӣ касб намуда, ғояҳои умумиинсониро таҷассум ва таблиғ мекунанд. Бар ин асос, дар оинаи пиндорҳои афрод ва ҷомеаҳои мухталиф имкон дорад, ки ин ғазал ҳамчун намунае аз афкори ватандўстӣ ва таблиғи ормони меҳанпарастӣ ҷилвагар мешавад. Дар таркиби ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ мо ба ном ва мафоҳими ҷуғрофие чун Хуҷанд, Сайҳун, Оби Хуҷанд, нори Хуҷанд, Мевағал ва монанди ин дучор мешавем, ки ҳамагӣ сарчаша дар зеҳнияти ватандўстонаи шоир таъкид меварзанд, зеро ҳарчанд ў муқими шаҳри Табрез аст, аммо  тавассути корбурди ин мафоҳим ва номвожаҳо ба ёди зодгоҳи аслии хеш Хуҷанд меафтад. Вай ҳамеша худро бо ифтихор фарзанди шаҳри азизаш- Хуҷанд меномад ва ҳатто дар як қитъаи маъруфаш бо ифтихор асли Хуҷандӣ доштанашро таъкид менамояд:

Ду Камоланд дар ҷаҳон машҳур,

Яке аз Исфаҳон, яке зи Хуҷанд.

Ин яке дар ғазал адимулмисл

В-он дигар дар қасида бемонанд.

Филмасал дар миёни ин ду Камол

Нест фарқе, магар ба мўе чанд. (7,1259)

Ин ифтихор дар саросари ғазалиёти Камоли Хуҷандӣ ҳувайдост, ки бегумон ба муҳаббати самимонаи вай нисбати ёру диёри хеш таъкид меварзад. Шоир бо ифтихор таъкид менамояд, ки:


Гар биҷўянд, ба сад қарн наёбанд, Камол,

Булбуле чун ту хушалҳон ба чаманҳои Хуҷанд.

Воқеан, агар ба таърихи ташаккули шеъри тоҷикӣ дар ин сарзамини қадима руҷўъ намоем, равшан мегардад, ки ҳарчанд дар домани ин шаҳри азим шоирони зиёде дар қуруни баъд аз асри Камол зиндагӣ ва парвариш ёфтанд, аммо ҳақиқати амр он аст, ки касе ба пояи ин шоири бузург ва ин булбули хушилҳони Хуҷанд нарасид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ барҳақ фармудаанд, ки “Хуҷанд Камол ва Камол Хуҷанди худро машҳури ҷаҳон сохтанд”.

Ҳатто дар мавриди дигар агар таъкид бар он мекунад, ки мардуми Шероз ба ин андеша, ки Шайх Камол шоире аз Хуҷанд аст, бовар надоранд, аммо зимнан бо таъкиди ин матлаб нубуғи шаҳри азизи хешро ба ҷаҳониён тафсир мекунад ва нидо дармедиҳад, ки сарзамини ниёи ман Хуҷанд ҳамон хостгоҳест, ки Камоли Хуҷандиро ба оламиён эҳдо намудааст.

Бо луфту табъ мардуми Шероз аз Камол,

Бовар намекунанд, ки гўяд: Хуҷандиям.

Мавриди дигар, Шайх Камоли Хуҷандӣ ин матлабро бо шеваи дигар тафсир мекунад ва изҳор медорад, ки ҳарчанд хоки Хуҷандро гоҳе маврид аз Шероз кам мениҳанд ва дар мақоми шаҳрҳои бузург дар поинтар қарор медиҳанд, аммо дар рўзи ту, яъне дар замони худи Камоли Хуҷандӣ ба шарофати ҳузури ин шоири бузург  маъруфу машҳур гардид. Ба таъбири дигар, ин нуфузу обрў ва шуҳрат боз ҳам баста ба мақоми маънавӣ ва шуҳрати Камоли Хуҷандӣ пайванд мегирад, зеро бо нубуғи шоиронагӣ ва ҷойгоҳи ирфонии ин суханвар дар асри хеш ва қуруни баъдӣ Хуҷанд машҳури олам гашт:

Хоки Хуҷандро, ки зи Шероз кам ниҳанд,

Омад ба рўзгори ту обе ба рўи кор.(7, 678)

Ин байт аз ҷумлаи ифтихорияҳои бузурги Шайх Камоли Хуҷандӣ аз шаҳри азизи зодгоҳи хеш ва ҳамзамон шинохти манзалату мақоми худи ў маҳсуб меёбад, ки таҷассуми барҷаста ва шоистаи ҳисси ватандўстии шоир ва ормони миҳанпарастии вайро ҷилвагар сохатааст.

Дар мавриди дигар ҳам дар муроҷиат ба яке шоирони ҳамасри хеш, ки бо номи Муъҷазии Самарқандӣ маъруф будааст, бо камоли ифтихор аз хоки Хуҷанд буданашро таъкид мекунад ва ҳардуро дар назму наср Саъдии айёми хеш мешуморад:

Ба назму наср, гирифтам, ки Саъдии вақтем,

Ки ман зи хоки Хуҷандам, ту аз Самарқандӣ.


Шайх Камоли Хуҷандӣ дар бештари маврид ба шохисаҳои муҳими шаҳри Хуҷанд, ки дар таърихномаву сарчашмаҳои дигар низ бар онҳо ишораҳо рафтааст, ишорат мекунад.  Ҳарчанд ў барои қиёс ва муқобила бо аносири таҷаллои ҷамолии маъшуқ ин абзор ва василаҳо ба кор мегирад, вале зимнан ба мушоҳида мерасад, ки ҳамин ҳисси дўст доштани ватани аҷдодиаш омил ба корбурди ин мафоҳим дар шеъри вай гардидааст. Мусаллам аст, ки дар сарчашмаҳои таърихӣ ба макони анори ширин будани Хуҷанд ишорат рафтааст ва таъбири “нори Хуҷанд” барои ифодаи ширинии ин навъи мезва машҳур буда. Хоҷа Қамол ҳам  барои қиёс ва шарҳи зебоии лаби чун қанди маъшуқ таъбири нори Хуҷандро ба кор мебарад, ки дар ширинӣ ҳамто надорад:

Гуфтам: Аз себи самарқандӣ беҳу нори Хуҷанд

Бо занахдону лаби чун қанд. Гуфто: Беҳ набуд.(7, 416)


Мавриди дигар Камоли Хуҷандӣ дар шарҳи асрори ҳақиқат ва шинохти мақомоти маънавӣ таъбири “Оби Хуҷанд” ва “кўҳ”-ро  ба кор мегирад, ки манзур аз аввалӣ руди Сайҳун ва дувумӣ Мевағул бошад.

Аз Оби Хуҷанд бигзару кўҳ,

Дар шаҳри ту ин ба ҷуз масал нест (7,222)

Ҳарчанд Камоли Хуҷандӣ барои тафсири мафҳуми “илми муҳаққиқон”  ин ҳамаро ба кор мебарад, ки онро агар аз оби Хуҷанду кўҳи Мевағул гузарӣ ҳам пайдо нашавад ва ҷуз масал ё ривоят чизи дигаре набошад, аммо руҷуъи шоир ба ин мафоҳими хоси ифодакунандаи вежагиҳои Хуҷанд ба ҳолу ҳавои ҳамешагии вай ба ёди Хуҷанду ёрони хуҷандӣ таъкид меварзанд. Боз ҳам дар идомаи ҳамин ғазал ба кўҳи Мевағал мушаххасан ишорат мекунад ва муроҷиатан ба аҳли тариқ мегўяд, ки ин лаъл, яъне лаъли маърифати хоси аҳли Ҳақ ё аносири илми муҳаққиқон дар ин кўҳ нест ва зимнан ҳам бо таъкид бар достони Мўсо ва кўҳи Тур ишорат мекунад, ки имрўз мулоқоту меод бо Худованд дигар дар кўҳ қарор надорад:

Ин дур(р) на дар он ҳақир дарёст,

В-ин лаъл ба кўҳи Мевағал нест.

Дар кўҳ чӣ мекунӣ? Ба ман бош,

К-имрўз маъод дар ҷабал нест! (7,222)


Камоли Хуҷандӣ бо шарҳу тафсири ин нукта, ки дар кўҳ чӣ мекунӣ? Ба ман бош, ду матлабро тавҷеҳ медиҳад. Яъне дар кўҳ магард, балки бо худ бош ва он асрори ҳақро аз худ биталаб. Мавлоно ҳам фармуда:

Берун зи ту нест, ҳар чӣ дар олам ҳаст,

Аз худ биталаб, ҳар он чӣ хоҳӣ, ки туӣ.

Нуктаи дувум ба байти мақтаи ғазал пайванд мегирад, ки он фармуда:

Инҳо на мақолати Камол аст,

Асрори Худост ин, ғазал нест (7,222).

Дар ниҳояти ғазал шоир худ маҷмўи ин набудаҳоро тафсир мекунад, ки ин лаълу ин ганҷи маърифатро аз каломи ман ҷустуҷў кун, яъне ба таъбири вай бо ман бош, зеро ин ғазалҳои ман мақолат ва ё гуфтори холӣ нестанд, балки асрори Худованданд, ки бояд дар шинохти он аз тариқи маърифати каломам роҳ кушод.

Мавриди дигар Камоли Хуҷандӣ аз шириниҳои бемисли меваи Хуҷанд ёдовар мешавад, ки дар сарчашмаҳо низ бад-он ишорат рафтааст. Ҳарчанд шоир дар қиёс бо ширинии лаби маъшуқ меваи Хуҷандро баробар намедонад, аммо зимнан масал задан бар он худ ҳосили муҳаббату иродати вай ба зодгоҳаш ба шумор меравад:

Мевае, к-аз Хуҷанд меоранд,

Инчунин обдору ширин нест.

Вале дар иртибот ба байти ниҳоии ғазал, ки шоир мефармояд:

Офарин бар иборати ту, Камол,

Худ туро эҳтиёҷи таҳсин нест.(7,165)

маълум мешавад, ки суханвар ин ҷо ширинии гуфтори хешро ба меваҳои Хуҷанд қиёс мекунад ва изҳор медорад, ки меваҳое, ки аз Хуҷанд меоваранд, мисли ибороти Камол ширину обдор нестанд. Истифодаи ибораи “меваҳое к- аз Хуҷанд меоранд”, зимнан ду нуктаро гиреҳкушоӣ мекунанд. Аввалан, шоир бо таъкид бар ин матлаб ин нуктаро мусаллам мегардонад, ки дар замони Шайх Камоли Хуҷандӣ меваҳои ширину обдори Хуҷанд маъруф будаанд ва онҳоро ба саросари олам, аз ҷумла Табрез интиқол медоданд. Дувум, ин таъкид бар мавҷудияти робитаи шоир бо пайвандону ёрони хуҷандӣ дар замонаш таъкид меварзад ва ба эҳтимоли зиёд аз ҷониби онон ин меваҳои ширину обдорро ҳадя мегирифтааст, яъне дўстону азизони шоир барояш аз ин меваҳои обдору ширин Хуҷанд, чун анору зардолуву анвоъи дигари он туҳфаҳо ирсол мекардаанд.

Ҷое дигар баландӣ ва муҳкамии шеъри худро ба кўҳи Хуҷанд монанд мекунад, ки ин матлаб низ ҳақиқати андешаҳои ватандўстонаи шоирро шарҳу тафсир мекунад, зеро Камоли Хуҷандӣ аз камоли ифтихор ин ташбеҳро меофарад, то бо аносире аз шаҳри азизу зодгоҳи муборакаш ҳарфи тафохур ба забон биоварад:

Чун кўҳи Хуҷанд омад ин шеър

Бо оби баланду номи муҳкам.

Ҷанбаи дигари афкори ватандўстонаи Камоли Хуҷандӣ дар он ба зуҳур мерасад, ки ў ҳамчун орифи комил ва ҳақшинос саропои заминро муқаддас мешуморад чун ин ҷаҳони омадшуд барои инсон офарида шудааст. Хосатан, ў, ки муддате дар Табрез иқомат дошт ва онро макони абадии хеш ихтиёр намуд, ин шаҳрро низ на камтар Хуҷанд сутудааст. Бахусус, айёме, ки ба муддати се сол аз он дур мешавад ва ба Сарой интиқол меёбад, афкори ватандўстонаи шоир дар мисоли васфу ситоиши Табрез вусъати бештар касб мекунанд.  Борҳо ба ирсоли паёмҳои муҳаббати хеш аз шаҳри Сарой ба Табрез таъкид меварзад ва аз ғазалҳои ватандўстонаву ошиқонааш ёд мекунад, ки ба шаҳри дўстдоштааш фиристода:

Бифрист, Камол, ин ғазали тар сўи Табрез,

Чун сели сиришкат раҳи Сурхоб гирифтаст.(7,152)

Таъкиди шоир бар ин нукта, ки “сели сиришкат раҳи Сурхоб гирифтааст” ин матлабро равшан мекунад, ки ашки ҳиҷрони Камол дар фироқи Табрез ба ҳадде мавҷ мезанад, ки пеши роҳи дарёи Сурхобро,ки дар шаҳри муҳаббати ў ҷой гирифтааст, банд мекунад.

Ҳатто вақте аз асорати муғулон раҳо ёфта ба Табрез бармегардад, аз сари шодиву нишот ин ғазал сурудааст:

Биҳамдиллаҳ, ки дигар бор рўи дўстон дидам,

Чу булбул мекунам мастӣ, ки боғу бўстон дидам.

Ман он мурғи хушалҳонам, ки берун аз қафас худро

Ба иқболи баҳор эмин зи ташвиши хазон дидам.

Фалак гар тофт рўй аз меҳру баргардид аз ёрӣ,

Фаромўшам шуд он ҳар ду, чу ёри меҳрубон дидам.

Муроди ман миёни ёр буд, он дар канор омад,

Миёни роҳат афтодам, чу ранҷи бекарон дидам.

Шаби қадре, ки меҷустам ба хобу рўзи некўӣ,

Чу он рў дидаму он мў, ҳам ин дидам, ҳам он дидам.

Замони васл, к-аз дигар замонҳо беҳ ниҳад ошиқ,

Ба рўи дўстон ман он замонро ин замон дидам.

Камол, он дам, ки хоҳӣ дид бо ёрон қарин худро,

Бигў, ин давлат аз юмни шаҳи соҳибқирон дидам. (7,797)

Аз саропои ин ғазал ҳамин ҳисси муҳаббат ба Ватан ҳувайдост, чун шоир бо самимияти ба худ хос ин ҷо иродаташро тафсир мекунад ва аз васли дубораи хеш ба дўстону ёрону азизон табли шодӣ менавозад.  Камол рўдакивор замони васл ва ҳузури шодиву нишотро  дар дидори рўи дўстон пайдо мекунад ва гоҳи бо дўстону ёрон диданашро давлати бузург мешуморад.  Ин сурудаи Камоли Хуҷандӣ ба зоти худ намунаи барҷастаи ғазали ватандории шоир аст, чун тамоми ҳолу ҳаво ва ҳиссиёти инсони ватандўст дар он таҷассум ёфта.

Ҳатто аз байти мақтаъи як ғазали дигари Камол эҳсос мешавад, ки дили ў бар асари ошуфтагиҳои шаҳри Сарой чӣ миқдор барои Табрез танг шудааст, онгуна, ки гоҳе барои Хуҷанд танг мегардад:

Шаҳри Сарой чун дилат ошуфта шуд, Камол,

Вақт аст, агар азимати Табрез мекунӣ.(7,1209)

Сукунати чаҳор сола ва ё ба қавли дигар бештар аз даҳсолаи Камол дар Сарой, ки ба таври воқеӣ ҳамин замонро дар асорат ба сар бурд, муҳаббати Табрезро ҳамчун дигари шаҳри муҳаббатҳои ў афзун гардонид. Аз ин рў, ў Волиёнкўҳро чун Мевағул ва Табрезро чун Хуҷанд ва Сурхобро чун Сайҳун  ҳамеша дўст медорад ва таъкид медорад:

Зоҳидо, биҳишт ҷу, ки Камол,

Волиёнкўҳ хоҳаду Табрез.

Ҳамзамон, мавҷудияти як рубоӣ дар васфи Табрез ҳақиқати ин муҳаббат ва иродати Камолро тафсир мекунад:

Табрез маро ба ҷои ҷон хоҳад буд,

Пайваста маро дилнигарон хоҳад буд.

То дарнигарам руди Чарандобу Гиҷил,

Сурхоб зи чашми ман равон хоҳад буд.

Устод Аълохон Афсаҳзод ин шеваи вежаи оини ватандории Шайх Камоли Хуҷандиро дар муносибат ба пайванди махсуси ў ба Хуҷанду Табрез чунин тафсир кардаанд: “Камол дур аз зодгоҳи худ Хуҷанд дар Табрез, ки ҳукми ватани дувуми ўро дошт, мезист. Гуфтан душвор аст, ки барои Камол кадоме аз ин ду шаҳр азизтар ва маҳбубтар аст. Аслан, ҳар дуи ин шаҳр барои Камол мисли ду чашм зарур аст. Аз ин лиҳоз, дар тавсифи ҳам Хуҷанд, ки зодгоҳи ҷисмонии адиб аст, ва ҳам Табрез, ки будгоҳи охирини ўст, суханро дареғ намедорад» (10, 47)

Ба таври куллӣ баҳсу баррасии афкори ватандўстӣ, шеваҳои ситоишу васфи хоку оби диёр дар каломи Камоли Хуҷандӣ бозгўи он аст, ки ин суханвари мумтоз дар назари аввал ба гунае дар шинохти Ватани аслии инсоният роҳ мекушояд, ки арзиши андешаҳои ўро ба мақоми умумиинсонӣ ато мекунанд. Аз ин лиҳоз, чунин шеваи маърифати Камоли Хуҷандӣ аз мафҳуми Ватан, ки пайванд ба асолату ҳақиқати инсон ва мавтани руҳонии одамӣ мегирад, дар шароити кунунӣ аҳамияти муҳим касб мекунанд, зеро инсонияти сайёра имрўз бар чунин дидгоҳҳои маънавӣ ва иртибототу ҳамгироӣ ниёз дорад. Афкор ва андешаҳои умумиинсони Камоли Хуҷандӣ ва соири суханварони гузаштаи мо имрўз, ки бахши муҳими онро кашфи асрори ҳақиқат ва ваҳдати куллии башарият, аз ҷумла сарчашмаи воҳиди зуҳури инсоният, соҳиби ватани ягона будани бани башар ҳоло метавонад дар ҳаллу соири муаммоҳои вуҷуд,  анҷоми таноқузот ва муноқишаҳои қавмиву диниву мазҳабӣ, забониву миллӣ ёру ёвари инсоният бошанд.

Фузун бар, Хоҷа Камол ҳамеша дар ҳар куҷо буда, ба ёди Хуҷанду анори ширини он, оби руди Сайҳуну лаъли Мевағулу афтода, ки маҷмўи ин ёдкардҳо ва истифодаи абзорҳои хоси муҳити ҷуғрофиву табиат, аносири фарҳанги Хуҷанд дар шеъри шоир баробари бозтоби пайванду муҳаббати вай ба зодгоҳаш, оини хоси ватандўстии ўро муҷассам мегардонанд. Шоири шаҳир бо он ки фурсатҳои фаровони умри азизро дар Табрезу Сарой сипарӣ намуд, вале ёди Хуҷанду канори руди Сайҳун ва доманаи Мевағул ҳамеша ҳамраҳи ў ва ормони зиндагониаш буда, ки ҷилваҳои хоси ҳисси ватандўстиву ватандории шоир дар сурудаҳои ҳовии ин мафоҳими ҷуғрофиёи таърихии Хуҷанд ба мушоҳида мерасад. Баробари ин, маҳз дар робита ба ин мафоҳим метавон пайванди ҳамешагӣ ва робитаҳои Камоли Хуҷандиро бо Хуҷанду ёрони хуҷандӣ ба субут расонид.  Дар канори ин, зуҳури эҳсоси муҳаббати Шайх Камол нисбат ба ватани дувуми вай Табрез, ки дар чандин намунаҳо аз ашъори шоир ҷилвагаранд, бори дигар ба шинохт ва биниши пурвусъати суханвар дар маърифати мафҳуми Ватан дар доираи ҷуғрофиёи зиндагонии худи инсон таъкид меварзад.

Нуралӣ Нурзод,
муовини директори институти илмӣ- тадқиқии
илмҳои ҷомеашиносӣ
ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров

ШУМО ДАР: АСОСӢ