Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Суғд

 

free counters
 
 
2.jpg
city14.jpg
manza2.jpg
РАСУЛЗОДА Коҳир
 
Мӯҳтарам хонумон ва ҷанобон!   

    Вилояти Суғд минтақаи кӯҳанбунёд ва нотакрор аст. Тамоми давраҳои таърихи қадимаи Тоҷикистони имрӯза дар ин сарзамин инъикоси худро ёфтаанд. Бо тамоми  роҳи тайнамудаи ҳазорсолаҳо  ва  дафтари ёддошти халқи тоҷик аз тариқи ёдгориҳои нотакрори таърихӣ, ки дар ҳудуди вилояти Суғд ҷойгир шудаанд,  низ метавон ошно гардид. Дар вилояти Суғд ҳудуди  740 ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ  мавҷуданд, ки аз он чортояш ба рӯйхати обидаҳои таърихию фарҳангии умуиҷаҳонии ЮНЕСКО номнавис аст. Шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан  дар радифи    шаҳрҳои таърихии Осиёи Марказӣ макоми арзанда ва сазовори худро доранд.

    Аммо дар бораи  ин минтақаи сарсабзу зебо ва нотакрор сухан ронда, наметавон танҳо бо таърихи он маҳдуд шуд. Вилояти Суғд яке аз минтақаҳои аз лиҳози иқтисодӣ мутараққӣ  ва босуръат инкишофёбандаи   Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Кишвари мо дар оғози қарни 21 ба  роҳи таҷаддуди иқтисодӣ ворид гардид. Солҳои  мудҳиши харобиовар ва нобасомониҳои иҷтимоӣ, солҳои сангини  барқарор намудани сулҳ  ва  бунёди кишвари нави соҳибистиқлол паси сар шуданд. Холо Тоҷикистон давраи  ислоҳоти ҷиддии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва институтсионалиро аз сар гузаронида,  бо як қатор мамлакатҳои дунё ва созмонҳои байналмиллалӣ ҳамкориро марҳила ба марҳила ба роҳ мондааст ва имрӯз дар ҷаҳон мавқеъи хоси худро қоим аст.

    Саҳми вилояти Суғд дар ҳаҷми умумии маҳсулоти дохилаи кишвар  23,8 %-ро ташкил медиҳад.  Дар ин ҷо 17,2 %  маҳсулоти саноатӣ ва 31,4% маҳсулоти хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии  Тоҷикистон тавлид мешавад.  Саноати сабук, бофандагӣ, коркард,  маъданҳои кӯҳӣ, хӯрока ва ғайра  дар бахши саноати минтақа  пешрафтатарин  буда, пахтакорӣ ва кишти ғалла аз самтҳои афзалиятноки хоҷагии қишлоқ  маҳсуб мешаванд.

    Фазои ороми сиёсӣ, вазъи  устувории  иқтисодӣ-иҷтимоӣ, иқтидори бузурги саноат ва хоҷагии қишлоқ, ҳамчунин  сатҳи баланди тахассусӣ  барои рушди вилоят заминаи мустаҳкамро муҳайё кардаанд. 

    Садорати вилояти Суғд ва Маҷлиси вилоят сиёсатеро, ки ба  ҷалби инвеститсияҳо мусоидат хоҳад кард, босубот амалӣ  менамоянд. Консепсияи  рушди дарозмуддати равобити иқтисоди  берунаи вилоят тасдиқ ёфта,барои инвесторҳо як қатор ҳуҷҷатҳое, ки имтиёзҳоро пешбинӣ мекунанд,   қабул шудаанд.  Тавсеаи доимии робитахои  иқтисоди  берунаи вилоят натиҷаи  чунин муносибат аст. Вилоят қабл аза ҳама бо шарикони худ аз Руссия, ИМА,Чин, Итолиё, Британияи Кабир, Қазоқистон ва як қатор  кишварҳои дигари дуру наздик ҳамкории фаъолона дорад.
    Ман аз номи суғдиён ҳамаи коршарикони тоҷик ва хориҷиро ба ҳамкорӣ даъват менамоям. Мо доимо ба ҳамкории боз ва барои  ҷонибҳо  судманд омода ҳастем.     
    Ба диёри зебоманзари Суғди бостонӣ  марҳамат намоед!

РАСУЛЗОДА Коҳир
Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии МО Ҷумҳурии Тоҷикистон

 


карта области

Шиносномаи вилояти  Суғд

Таърих 

Ҷуғрофиё

 Рамзҳои давлатӣ

 

Раъйпурсӣ

Амалӣ шудани кадомин ҳадафҳои стратегии мамлакатро заруртар мешуморед?
 

Кисту чист

Рустамов Содиқ Каримович

мудири шӯъбаи энергетика ва саноати дастгоҳи  Раиси вилоят