Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Суғд

 

free counters
 
 
4.jpg
5.jpg
r2.jpg

Азизов Азимбой

 Раиси ноҳияи Ашт

5 июли соли 1953 дар шаҳри Исфара  таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳи кӯҳии ба номи Г.В. Плеханови шаҳри Ленинградро  хатм намудааст. Ихтисос муҳандиси кӯҳӣ.  

Солҳои 1970-1972 дар вазифаҳои таъмиргари мошинсарои Раёсати агентии «Тадҷикуголҳ», солҳои 1973-1975 хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ҷумҳурии Туркманистон, солҳои 1975-1980 Донишгоҳи кӯҳии ба номи Г.В. Плеханови шаҳри Ленинград, солҳои 1980-1990 устои  зери кӯҳӣ, сардори минтақа,  сармуҳандиси шахтаи № 8, сардори шахта, сармуҳандиси Раёсати кони ангишти «Тадҷикуголҳ» дар шаҳри Шӯроб, солҳои 1990-1993 Директори генералии Раёсати кони ангишти «Тадҷикуголҳ» дар шаҳри Шӯроб, солҳои 1993-1995 ҷонишини аввали директори генералии Ҷамъияти  истеҳсолии «Ленинободуголҳ», шаҳри Шӯроб, солҳои 1995-1997 раиси шаҳри Шӯроб, солҳои 1997-1998 сардори кони ангишти №8, шаҳри Шӯроб, солҳои 1998-1999 сармуҳандиси шӯъбаи ҳолатҳои фавқулоддаи шаҳри Хуҷанд, солҳои 1999-2002 сардори Ҷамъияти шакли кушодаи «Алишер»-и шаҳри Шӯроб, солҳои 2002-2007 Директори генералии раёсати кони ангишти шаҳри Шӯроб, солҳои 2007-2010 сардори қабулгоҳи намояндагии савдои Федератсияи Россия дар вилояти Суғд шуда кор кардааст.

Аз июли соли 2010 то январи соли 2011 ба ҳайси муовини аавали раиси шаҳри Исфара кор кардааст. Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Исфара аст. Бо мукофоти  давлатии медали «Хизмати шоиста» соли 2005 сарфароз гардидааст.

Бо фармони Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2012 иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ашт таъин шудааст.

 

 

Раъйпурсӣ

Амалӣ шудани кадомин ҳадафҳои стратегии мамлакатро заруртар мешуморед?
 

Кисту чист

Назаров Обид Одилович

сардори Раёсати фарҳанги вилояти Суғд