Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Суғд

 

free counters
 
 
4.jpg
3.jpg
3.jpg

Боздид аз боғу токзори ноҳияи Ҳисор

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба боғу токзор ва заминҳои полезии лалмии қисмати кӯҳистони ноҳияи Ҳисор ташриф оварда,дар ҷамъоварии ҳосили фаровони заҳмати деҳқонону боғпарварон бевосита иштирок намуд.

Тавре аён мегардад, рушди боғутокпарварӣ, ки аз бахшҳои сердаромади соҳаи кишоварзии кишвар мебошад, таҳти назорати доимии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Ин аст, ки бо супориши Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди соҳаи боғутокпарварӣ барномаи мақсадноки давлатӣ барои солҳои 2007-2010 қабул шуда буд ва тибқи он дар зарфи 4 сол бояд дар майдони 5680 га боғу токзори нав бунёд ёфта, наздики 2700 га боғу токзори кӯҳна барқарор карда мешуд.

Ба туфайли ҳавасмандгардонии мудоми боғпарварон, ки ба таври шоиста бевосита аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон сурат мегирад, тибқи нишондодҳои оморӣ, ин барномаи чорсола дар се сол барзиёд иҷро шуд.

Аз ин хотир моҳи августи соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи нави боғутокпарварӣ қабул карда шуд, ки тибқи он дар солҳои 2010-2014 бояд дар майдони 50 ҳазор га боғу токзори нав бунёд карда шавад.

Тавре аз иттилооти масъулини соҳа бармеояд, дар солҳои 2010-у 2011 ва 8 моҳи соли 2012 дар майдони зиёда аз 36600 га боғу токзори нав бунёд ёфтааст, ки 5040 га аз нақшаи иҷрои фармони мазкур дар ин муддат зиёд буда, баробар ба 115,8% он мебошад.

Танҳо дар ин боғу токзори лалмии қисмати кӯҳистони ноҳияи Ҳисор, ки бо супоришу ҳидояти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфтааст, зиёда аз 5 ҳазор нафар аз аҳолии маҳаллӣ бо кор, маоши хуб ва ҳамчунин бо меваи хушлаззату ҳезум таъмин мегарданд. Тавре зикр гардид, аҳолии деҳоти атроф қаблан дар ин заминҳо гандуми лалмӣ кишт карда, ҳосили ночиз мегирифтаанд. Ҳоло бошад, даромаднокии онҳо аз боғу токзор даҳҳо маротиб афзудааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, ҳоло аз ин боғу токзор ҳамарӯза даҳҳо тонна ангур, себу нок ва тарбузу харбузаи лалмӣ ба бозори дохилӣ ва ҳам хориҷи кишвар, аз ҷумла ба Афғонистону Покистон ба фурӯш бароварда мешавад.                  
                                    Аз сайти  Президенти
                                     Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Раъйпурсӣ

Амалӣ шудани кадомин ҳадафҳои стратегии мамлакатро заруртар мешуморед?
 

Кисту чист

Бобоҷонова Ранохон Маҳмудовна

мудири шӯъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд