Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Суғд

 

free counters
 
 
4.jpg
4.jpg
manza1.jpg

Боздиди кории Қоҳир Расулзода аз муассисаи давлатии Қасри фарҳанги Арбоб

6 октябри соли 2012

Имрӯз Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода аз муассисаи давлатии   Қасри фарҳанги Арбоб боздиди корӣ анҷом дод. Ёдовар мешавем, ки дар ин иншоот ба муносибати 20-солагии ичлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон , ки дар ҳамин макон баргузор шуда буд, корҳои азнавбарқароркунӣ идома доранд.

Азнавсозии Арбоби овозадор бо маблагузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд  амалӣ шуда,  алҳол марҳилаи охирини корҳо дар ин иншоот идома доранд. Дар асл корҳо дар худи бинои асосии қаср ба итмом расида, танҳо ободонии саҳн ва атрофи иншоот ҷараён дорад. Вобаста ба ин, Раиси вилоят дастур дод, ки мутасаддиён  ба масъалаи сабзгардонии атрофи бино бахусус, шинонидани дарахтони ҳамешасабз аҳамияти ҷиддӣ диҳанд.

Айни ҳол, маҷмааи фаввораҳо барқарор гардида, роҳравҳои саҳни қаср сафолакбандӣ, нишастгоҳҳо насб ва майдонҳои миёни роҳравҳо сабзу гулзор шудаанд. Дар чойхонаи миллӣ ҳам корҳои сохтмонӣ давом мекунанд. Ин ҷо баробари насби системаи ҳавокашӣ ва бомпӯшкунии чойхона, ҳамчунин корҳои дуредгарӣ ва гаҷкорӣ сурат мегиранд.  Барои ин кор устоҳои кандакор аз Исфара ва дастаи гаҷкорон таҳти роҳбарии устоҳои таҷрибадор Ҳоҷӣ Амриддини Самарқандӣ ва Ҳоҷӣ  Мирзораҳим ҷалб карда шудаанд. 

Аммо суръати корҳои сохтмониро дар чойхона Раиси вилоят қобили қабул надонист. Ин нукта, зимни баргузории ситоди корӣ таъкид гардид. Айни ҳол бештар аз 400 нафар дар Қасри Арбоб, азҷумла, 338 нафар дар сохтмони чойхона кор мекунанд. Раиси вилоят бо назардошти тағйирёбанда будани ҳавои моҳи октябр ва пешбинӣ шудани боронгариҳо, ба масъулин дастур дод, ки шумораи  коргаронро зиёд ва суръати корҳоро тезонанд. Барои анҷоми корҳои асосии сохтмонӣ дар бинои чойхона мутасаддиён то санаи 14-уми октябр мӯҳлат гирифтанд. Раиси вилоят ба масъулин супориш дод, ки мумфаршкунии роҳи асосиро аз баргашти шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров то Қасри Арбоб низ оғоз намоянд. Ҳамчунин дар мавриди ташкили осорхонаҳо Раиси вилоят таъкид намуд, ки бояд онҳо доимамалкунанда шаванд ва хусусияти фарқунанда дошта бошанд. Қасри Арбоб дар пироҳани нав ва бо тарҳи замонавӣ дар арафаи ҷашни 20-солагии Иҷлосияи таърихӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.


Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 

Раъйпурсӣ

Амалӣ шудани кадомин ҳадафҳои стратегии мамлакатро заруртар мешуморед?
 

Кисту чист

Рашидов Убайдулло Рашидович

Мудири шӯъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд