Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Суғд

 

free counters
 
 
rais7.jpg
city3.jpg
3.jpg

Хатнасури 70 нафар кӯдакон ва тӯи се оилаи навбунёд бо иштироки Раиси вилоят

6 октябри соли 2012

Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 6 октябри соли равон маросими хатнасури  70 нафар  кӯдакон  ва тӯйи арӯсу домодии се ҷуфти нав аз оилаҳои камбизоат  дар чойхонаи миллии  Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат»  баргузор гардид.

 Раиси вилояти Суғд, муовини авали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  соҳибҷашнҳоро самимона бо ин санаи хотирмон ва фарорасии 20-солагии Иҷлосияи таърихи  XVI –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрику муборакбод гуфт. 

Аз номи аҳли фарҳанг адиби маъруф, нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод ва раиси Шӯрои уламои дини вилоят Ҳоҷӣ  Ҳусайн Мӯсозода кӯдакони дӯстрӯ ва навхонадоронро таҳният гуфтанд. Ҳунарнамоӣ  санъаткорони   Муассисаи давлатии «Кохи Рӯдакӣ»  ба маърака шукӯҳи хоса бахшид. 

 

 

Хадамоти матбуотии
Раиси вилояти Суғд

 

 

Раъйпурсӣ

Амалӣ шудани кадомин ҳадафҳои стратегии мамлакатро заруртар мешуморед?
 

Кисту чист

Раҳматов Рустам Мирзоевич

Раиси ноҳияи Айнӣ