Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Суғд

 

free counters
 
 
rais3.jpg
city15.jpg
manza4.jpg

Табрики Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба муносибати Рӯзи кормандони соҳаи кишоварзӣ

8 октябри соли 2012

Яке аз нишонаҳои беҳтарини ғамхории давлати  соҳибистиқлол ва биҳиштдомони Тоҷикистон нисбати коркунони соҳаи кишоварзӣ он аст, ки ҳар сол айёми тирамоҳи пурфайз  Рӯзи кишоварзон ба таври хотирмон таҷлил мегардад.

 Ба истиқболи ин рӯзи муборак пахтакорон, ғаллакорон, боғу токпарварон, чорводорон ва механизаторони меҳнатқарин бо ғайрати дучанд заҳмат кашида, баҳри пешрафти иқтисодиёт саҳми арзанда мегузоранд. Зеро рушду пешрафти ин соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқ барои инкишофи ояндаи иқтисодиёти кишвари азизамон хеле муҳим буда, чун таҳкурсии мустаҳкам хизмат мекунад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи мазкур эътибори хоса зоҳир намуда, борҳо қайд кардаанд, ки соҳаи кишоварзӣ барои мамлакати мо яке аз соҳаҳои манфиатовар ва муҳимтарин ба шумор меравад.

Сол аз сол афзудани маҷмӯъи маҳсулоти кишоварзӣ ва дар бозорҳои берунӣ мавқеъ пайдо намудани он гувоҳи онанд, ки кулли кормандони соҳа тадриҷан мушкилиҳои мавҷударо бартараф намуда, дар шароити муносибатҳои иқтисодӣ тадбирҳо меандешанд.

Вазъи имрӯзаи соҳа ва талаботи ҷамъиятӣ, таъмини сатҳи баланди рушди он ба амал баровардани чораҳои заруриро нисбати густариши таҷдиди сохторӣ, ташкили шаклу усулҳои нави хизматрасонӣ, механизми муносибатҳои бозорӣ ва фароҳам овардани шароити хуб барои фаъолияти истеҳсолкунандагонро тақозо менамояд. Дар иҷрои ин вазифаҳо ҳамагон бояд талош варзанд ва ҳиссагузор бошанд.

Боиси қаноатмандист, ки кормандони соҳа  бо дарки масъулият дар соли ҷашнвораи бузурги миллӣ - 20-солагии Иҷлосияи таърихи  XVI –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири пешрафту инкишофи иқтисодиёт ва пурнозу неъмат гардонидани дастархони мардум меҳнати сазовор намуданд.

Кормандони соҳаро бо рӯзи иди касбӣ, иди ҳосилот, фаровонию осоиштагӣ муборакбод гуфта, барояшон тани сиҳат, хонаободӣ ва барори кор хоҳонам.

 

Раъйпурсӣ

Амалӣ шудани кадомин ҳадафҳои стратегии мамлакатро заруртар мешуморед?
 

Кисту чист

Шарипов Абдуҳаким Шарифович

Шарипов А мудири шӯъба оид ба корҳои дини  дастгоҳи Раиси вилоят