Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Суғд

 

free counters
 
 
4.jpg
city14.jpg
1.jpg

Ғолиби бозиҳои ниҳоии «Ҷоми Тоҷикистон-2012» муайян гардид

Бо мақсади таблиғу рушдиу инкишофи футбол дар вилояти Суғд  бозии ниҳоии «Ҷоми Тоҷикистон-2012» дар варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд, рӯзи 5 октябр, соати 14.00  баргузор гардид.

Дар бозӣ ду дастаи беҳтарини  Тоҷикистон, «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ва «Регар-ТадАз»-и шаҳри Турсунзода  довталабӣ намуданд.

Дар варзишгоҳ натанҳо сокинони маркази вилоят, мухлисон аз тамоми манотиқи кишвар бозиро бо кафкӯбиҳо тамошо карданд.  Дар қисми аввал ҳисоб кушода нашуда, бозӣ бо ҳуҷумҳои тарафайн анҷом ёфт. Дар  дақиқаи 79- уми бозӣ нахустин шуда ба дарвозаи ҳарифон  бозигари таҳти рақами  17 –и тими  «Регар ТадАз» Аҳтам Ҳамроқулов  тӯбро дохил  намуд.  Дар дақиқаи 89-ум  капитани дастаи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Дилшод Восиев  ҳисобро баробар намуд.

Ҳамин тариқ дар вақти асосӣ ғолиб муайян намуд ва тибқи қоидаи ФИФА боз 30 дақиқа  вақти иловагӣ дода шуд. Дар ин фурсат ҳам  тғйироти ҳисоб нашуд ва тариқи тӯбзании дастаҳо  бо ҳисоби 7 бар 6  дастаи  «Регар-ТадАз»-и шаҳри Турсунзода  пирӯзӣ ба даст овард. Дар ҷараёни ин бозӣ сардовар аз дастаи "Регар -ТадАЗ" Ҷамшед Исмоилов ва Акмал Сабуровро ва аз тими "Истиқол"-и Душанбе Давронҷон Эргашев ва Соҳиб Саванқуловро бо нишон додани корти сурх, аз майдон хориҷ намуд.

Ба  дастаи ғолиб - «Регар-ТадАз»-и шаҳри Турсунзода «Ҷоми Тоҷикистон-2012», медалҳои тилло ва сертификати  30 ҳазор сомонӣ мукофот  супорида шуд. Дастаи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе барои ишғоли ҷои дуввум соҳиби  медали нуқра20 ҳазор сомонӣ мукофот  гардид.

Ҷоизаҳоро Азизбек Раҷабов, муовини раиси ФФТ  ва Фирдавс Файзуллоев, дабири Кулли ФФТ тақдим кард.Дастаи "Регар" бо Ҷоми нави Тоҷикистон, ки дар Италия сохта шудааст, мукофотонида шуд. Ҷоми пешин ки аз соли 1938  то соли 2011-ум ба дастаҳои ғолиб супурда мешуд, дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов ба доварон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд. Ин бозии ниҳоӣ дар маркази виляти Суғд таҳти раҳбарии Раиси вилоят Қоҳир Расулзода дар сатҳи баланд баргузор шуд.

Хадамоти матбуотии
Раиси вилояти Суғд
 

Раъйпурсӣ

Амалӣ шудани кадомин ҳадафҳои стратегии мамлакатро заруртар мешуморед?
 

Кисту чист

Ҳикматов Абдукарим
 
Раиси ноҳияи Мастчоҳ