Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Суғд

 

free counters
 
 
rais3.jpg
5.jpg
4.jpg

Табрики Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост. Пас биёед, соҳиби сазовор, хазинадори пурифтихор, вориси бонангу ор ва посдори ҳушёри забони модарӣ, забони халқи тамаддунсоз ва кӯҳанбунёди тоҷик бошем».

Боиси ифтихор аст, ки забони тоҷикӣ дар қадимият, щановат ва иҷрои рисолати иҷтимоию фарҳангӣ дар қатори забонҳои бонуфузи дунё қарор дорад. Ёдовар шудан кифоя аст, ки забони тоҷикӣ ба оилаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, гурӯҳи забонҳои эронӣ мансуб буда, чун рукни ҷудонашавандаи маънавӣ бо ҳаёти миллати тоҷик пайваста аст. Забони тоҷикӣ дар тӯли ҳастии худ чун муҳимтарин воситаи инкишофи шуур ва тафаккур, далели раднопазири қадима будани миллати тоҷик, нигоҳдорандаи мероси бебаҳои ниёгон, пайвандгари миллат ва воситаи муошират хидмат кард ва ин рисолати муқаддаси худро дар замони истиқлолият низ идома медиҳад.

Густаришу рушди фарҳанг ва маънавият танҳо бо шарофати  сайқал бахшидани забони адабӣ, щанигардонии захираи лущавӣ ва риояи меъёрҳои забони давлатӣ моро мушарраф хоҳад гашт. Чун миллате бе забони модарии худ ҷовид намондааст, мо соҳибони забон вазифадорем, бо забони модарӣ андешаву афкорамонро баён намуда, дар раванди ҷаҳонишавии тамаддунҳо онро аз газанду таҳдид эмин нигоҳ дорем ва ҳифзи забони модариро чун ҳифзи асолат ва ҳуввияти миллӣ дарк намоем.

Чун забон баёнгари симою маънавияти ҳар халқу миллат аст, итминони комил дорам, таҷлили Рӯзи забони давлатӣ ба ҳар шаҳрванди вилоят дар соли ҷашни бузурги таърихии  20-солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи шинохти арзишҳои миллӣ, дарки масъулияти ватандорӣ ва расидан ба олитарин арзишҳои маънавӣ илҳому қудрати тоза эҳдо намуда, моро дар ҷаҳони худшиносиву худогоҳӣ ба натиҷаҳои нек сазовор хоҳад кард.

Рӯзи забони давлатӣ – иди нишони бақову ҷовидонии халқи тоҷик фархунда бод!   
 
 

Раъйпурсӣ

Амалӣ шудани кадомин ҳадафҳои стратегии мамлакатро заруртар мешуморед?
 

Кисту чист

Мирхолиқов Содиқ Темурбоевич

Mirkholikov S

Раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров