Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Суғд

 

free counters
 
 
rais7.jpg
city9.jpg
manza3.jpg

Мулоқот бо Президенти ширкати аврупоии Биг Медиа Груп (Big Media group) Тию Кейперс

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Президенти ширкати аврупоии Биг Медиа Груп (Big Media group) Тию Кейперсро ба ҳузур пазируфт.

Тию Кейперс ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон нусхаҳои нахустини китоби «Наҷотбахши миллат»-ро ки дар Аврупо бо забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ ба нашр расид, тақдим намуда, иттилоъ дод, ки маросими муаррифии расмии ин китоб ва ҳам шумораи навбатии маҷаллаи THE EUROPEAN TIMES, ки пурра ба Тоҷикистон бахшида шудааст, рӯзи 3 октябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Тию Кейперс ва ҳайати эҷодии ширкати Биг Медиа Груп барои нашри ин китоб бо забонҳои англисию фаронсавӣ ва ҳам барои ба муаррифии Тоҷикистон бахшидани шумораи навбатии маҷаллаи THE EUROPEAN TIMES арзи сипос карда, таъкид дошт, ки чунин ҳамкорӣ минбаъд низ ба хотири шиносонии шоистаи ҷаҳониён бо таъриху тамаддуни гузаштаю имрӯзаи тоҷикон ва бо имконоти фарохи иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва илмию фарҳангии кишвари мо бояд идома ёбад. Шумораи ба Тоҷикистон бахшидашудаи маҷаллаи THE EUROPEAN TIMES бо теъдоди 500 ҳазор нусха чоп шуда, ҳамчунин дар шабакаи ҷаҳонии интернет ҷойгир шудааст, ки аллакай беш аз 1 миллион хонандагон бо он шиносоӣ пайдо намудаанд.

Китоби «Наҷотбахши миллат», ки ба фаъолияти гуногунпаҳлуи Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми Президенти Тоҷикистон дар зарфи 20 соли истиқлоли кишвар бахшида шудааст, беш аз ҳама заҳматҳои шаборӯзии ин шахсияти таърихиро дар роҳи ба даст овардани сулҳу ризоияти миллӣ дар ҷомеаи тоҷик, бозгардондани гурезагон ва муҳоҷирони иҷборӣ, қабули Конститутсия ва истиқрори сохти давлатии ҷумҳурӣ инъикос мекунад. Бо забонҳои англисию фаронсавӣ китоб мутаносибан бо унвони THE ARCHITECT OF PEACE ва L'ARCHITECTE DE LA PAIX бо сифати баланд ба нашр расид.
 
Аз сайти  Президенти
                                        Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Раъйпурсӣ

Амалӣ шудани кадомин ҳадафҳои стратегии мамлакатро заруртар мешуморед?
 

Кисту чист

Маҷитов Муҳтади Хайруллоевич

Раиси ноҳияи Спитамен