Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Суғд

 

free counters
 
 
4.jpg
city14.jpg
r2.jpg

Сафари корӣ ба ноҳияи Данғара

Субҳи имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷараёни корҳо дар соҳаи кишоварзӣ ба ноҳияи Данғара сафар кард.

Дар оғози боздиди корӣ аз ноҳияи Данғара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба маҳаллаи 8-и маркази ноҳия ташриф оварда, мактаби навбунёди таҳсилоти миёнаи умумии рақами 70-ро расман ифтитоҳ намуд.

Тавре зикр гардид, ин мактаб аз ҷониби роҳбарияти бонки хусусии Тоҷиксодиротбонк бо харҷи 16 миллиону 400 ҳазор сомонӣ бо тарҳи зебои замонавӣ бунёд ёфта, ба мақомоти дахлдори давлатии ноҳия туҳфа карда шудааст.

Ин мактаб аз 24 синфхонаи зебову муҷаҳҳаз иборат буда, барои 1300 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Синфхонаҳои махсуси фаннии он, аз ҷумла синфи омӯзиши компютер, забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ, синфҳои озмоишии физика, кимиё, биология ва ҳунаромӯзии духтарону писарон бо тамоми асбобу олоти зарурӣ муҷаҳҳаз мебошанд. Ҳоло ин мактаб наздики 900 нафар хонандагонро бо таҳсил фаро гирифтаааст.

Дар маҷлисгоҳи зебои мактаб, ки дорои 182 ҷойи нишаст мебошад, имкон дорад, ки ҳар гуна маҷлису маҳфилҳо ва чорабиниҳои фарҳангии мактабию беруназмактабӣ ба роҳ монда шавад.

Толори варзишии мактаб бошад, бо дарозию паҳноии 36х24м. бунёд ёфта, дорои шароити машқу тамрини намудҳои гуногуни варзишу тарбияи бадан ва 205 ҷойи нишаст барои тамошобинон мебошад.

Дар саҳни ҳавлии мактаб, ҳамчунин майдони универсалии варзишӣ бунёд ёфта, муҷаҳҳаз шудааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо намудани дохилу атрофи мактаб, аз ҷумла беҳсозии шароити таълимӣ, ҷалби беҳтарин омӯзгорон ва кабудизоркунии муҳити ин муассисаи таълимӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Эмомалӣ Раҳмон ин иқдоми роҳбарияти Тоҷиксодиротбонкро «посухи арзандаи ин соҳибкорони хусусӣ ба даъватҳои Сарвари давлат доир ба иштироки васеъ дар ободонии Тоҷикистони азиз ва дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон» номида, ба онҳо арзи сипосу миннатдорӣ кард.

Аз ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба анбори ғалладонагиҳои хоҷагии Сомонҷони ноҳияи Данғара ташриф оварда, бо вазъи корҳои дар бахши ғаллакории ноҳия шинос шуд.

Тавре зикр гардид, ноҳияи Данғара калонтарин ноҳияи ғаллакори кишвар буда, натанҳо бо ҳосили фаровони ғалла, балки бо рушди босуботи боғдорӣ, пахтакорӣ, сабзавоткорӣ ва чорводорию парандапарварӣ дар таъмини амнияти озуқавории Тоҷикистон нақши муҳим мегузорад. Чунонки иттилоъ доданд, имсол аҳли заҳмати ноҳияи Данғара аз ҳамаи намуди хоҷагиҳо беш аз 100 ҳазор тонна ғалла ҷамъоварӣ намудаанд, ки нишондоди назаррас аст. Танҳо хоҷагии Сомонҷони ин ноҳия имсол 20 ҳазор тонна ғалла ҷамоварӣ намудааст.

Ғаллакорони ноҳия, натанҳо дар истеҳсол ва фурӯши ғаллаи истеъмолӣ, балки ғаллаи тухмӣ низ таҷриба ва малакаи баланд касб намудаанд. Танҳо ҳамин сол то имрӯз наздики 5 ҳазор тонна тухмии ғалла омода шудааст. Умуман дар ноҳияи Данғара беш аз 10 ҳазор тонна ғаллаи тухмӣ барои фурӯш омода аст.

Анбори ғаллаи хоҷагии Сомонҷон дорои техникаи гуногуни поксозии ғалла, омодасозии тухмӣ ба кишт мебошад. Як дастгоҳи муосири поксозӣ, ки ин анбор дар ихтиёр дорад, ғалларо бо 8 гурӯҳ ҷудо карда, тақсим мекунад. Аз ҷумла хасу хошок, донҳои зироатҳои бегона ва донҳои шикастаро ҷудо намуда, ғаллаи тозаю босифатро ба халтаҳои алоҳида мерезад.

Дар паҳлӯи ин анбор, ҳамчунин корхонаи ордбарорӣ қарор дорад, ки аз гандуми маҳаллӣ ва ҳам воридотӣ, орди хушсифат истеҳсол мекунад. Дар анборҳои беканори он ҳазорҳо тонна орд захира шудааст.

Сипас Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии деҳқонии Хазлаҳати ҷамоати деҳоти Корез ташриф оварда, бо кори ибратбахши аҳли заҳмати он, аз наздик шинос шуд.

Тавре иттилоъ доданд, хоҷагӣ дорои 23 га замин аст ва 9 гектари он обӣ мебошад. Дар 7 гектари он пахта кишт намудаанд, ки ҳосили фаровон дорад. Деҳқонони ботаҷрибаи хоҷагӣ бовар доранд, ки аз ҳар гектари пахта зиёда аз 35 сентнерӣ ҳосил ба даст меоранд.

Чунонки аён гардид, роҳбарият ва деҳқонони хоҷагӣ заминҳои обии худро пурсамар истифода бурда, 2 ва зиёда ҳосили фаровони зироатҳои гуногун ба даст меоранд. Онҳо аз заминҳои ғаллаи обӣ зиёда аз 40 сентнерӣ ҳосил ҷамъоварӣ карда, дар ҷойи он сабзавоти гуногун ва пиёзу картошкаи барвақтӣ барои баҳори соли оянда кишт намудаанд.

Ба иттилои роҳбари хоҷагӣ Саидмутаҳҳар Асомиддинов дар заминҳои ин хоҷагӣ аҳли 4 оила заҳмат кашида, ризқу рӯзи худ ҳосил мекунанд ва ҳам ба бозори истеъмолӣ маҳсулот пешниҳод менамоянд.

Аз ин ҷо Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба яке аз токзорҳои ҷамоати деҳоти Корез, ки ҳосили фаровони ангӯр дорад, ташриф оварда, ба аҳли заҳмати он барои ривоҷ додани ин бахши сердаромади соҳаи кишоварзӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар хоҷагии деҳқонии Холмаҳмади деҳаи Корез ба кишти тирамоҳии ғаллаи обӣ оғоз бахшида, бори дигар таъкид дошт, ки ҳосили ғалладона аз заминҳои обӣ бояд аз 50 сентнерӣ аз ҳар га кам нашавад.

Дар ноҳияи Данғара бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин мактаби боҳашамати президентӣ ифтитоҳ ёфт, ки бо тарҳу намои зебои замонавӣ, беҳтарин шароити таълиму тарбия ва будубоши шабонарӯзии омӯзгорону хонандагон бунёд ёфтааст.

Тавре зикр гардид, солҳои охир бо ибтикори наҷиби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои гуногуни кишвар мактабу литсейҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат бунёд меёбанд ва ин 7-умин мактаб аз ин силсила аст.

Чунонки зикр гардид, ин мактаби хуштарҳи замонавӣ барои 640 нафар хонандагони хушлаёқат аз ноҳияи Данғара ва дигар ноҳияҳои вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст.

Мактаб аз синфхонаҳои зебои бо тамоми шароити зарурӣ муҷаҳҳаз, аз ҷумла синфҳои махсуси фаннӣ барои забономӯзӣ, омӯзиши компютер, ҳунарҳои рӯзгордорӣ барои духтарону писарон, озмоишгоҳҳои фаннӣ барои фанҳои дақиқ ба мисли физика, кимиё, биология ва ғайра иборат мебошад.

Китобхонаи мактаб бо китобҳои зиёди дарсию бадеӣ мукаммал гардида, дорои толори хониш ва китобхонаи электронӣ аст. Толори электронии он бо китобхонаҳои дигари электронии дохилу хориҷи кишвар робитаи мустақим барпо намудааст.

Толори зебою мунаққаши маҷлисии он, ки дорои 180 ҷойи нишаст мебошад, барои ба роҳ мондани маҷлису маҳфилҳои гуногуни мактабӣ ва байнимактабӣ пешбинӣ шудааст.

Ошхонаи мактаб бо 300 ҷойи нишаст хеле зебою барҳавои он дорои шароити хуби мувофиқ ба талаби замон ва қоидаҳои санитарӣ покизагӣ мебошад.

Мактаб ҳамчунин дорои толори бузурги варзишӣ, майдони васеи универсалии варзишӣ ва ҳавзи калони болопӯшидаи шиноварӣ мебошад. Ҳавзи шиноварӣ бо стандартҳои ҷаҳонии варзишӣ бунёд ёфтааст ва дар он имкон дорад, ки мусобиқаҳои гуногуни ноҳиявию минтақавӣ ба роҳ монда шавад.

Чунонки таъкид гардид, ҳам хонандагон ва ҳам омӯзгорон ба ин мактаб аз тариқи озмун қабул карда мешаванд. Барои омӯзгороне, ки аз роҳҳои дур барои кор ба ин мактаб ҷалб мешаванд, се бинои бисёрошёнаи истиқоматӣ бо 90 хона бунёд меёбад. Ҳоло як бинои он бо 30 хона мавриди истифода қарор гирифтааст.

Мактаб барои ҳамаи 640 нафар хонанда, ҳамчунин 2 хобгоҳ дорад яке барои писарон ва дувумӣ барои духтарон, ки дорои шароити хуби будубоши шабонарӯзӣ, дарстайёркунӣ, истироҳату фароғат, ҳаммом ҷойи либосшӯӣ ва дигар шароити зарурӣ мебошад.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз шароити хуби таълиму тарбия ва будубош, ки барои омӯзгорону хонандагони ин мактаб муҳайё гардидааст, изҳори хушнудӣ карда, мактаббачагон ба хониши хубу аъло ва хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуд.


                                       Аз сайти  Президенти 
                                      Чумҳурии Тоҷикистон

 

 

Раъйпурсӣ

Амалӣ шудани кадомин ҳадафҳои стратегии мамлакатро заруртар мешуморед?
 

Кисту чист

Шарифова Зайнура Шарофовна

и.в. сардори Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд