Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Суғд

 

free counters
 
 
1.jpg
city14.jpg
1.jpg

Мулоқот бо Муовини аввали раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шувалов

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини аввали раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Игор Шуваловро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот маҷмӯи васеи масоили вобаста ба рушди минбаъдаи ҳамшарикии стратегӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар ва омодагӣ ба ташрифи қарибулвуқуи Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба ҳамкории ҳарбию техникӣ, аз ҷумла муайянсозии муҳлат ва шароити будубоши пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон пас аз соли 2014 ва маҷмӯи масоили ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зоҳир карда шуд.

Зикр гардид, ки лоиҳаи созишнома доир ба шароити будубоши пойгоҳи низомии Федератсияи Русия дар Тоҷикистон пас аз соли 2014 ва як зумра санадҳои дигар доир ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, саноат, илму техника ва технология дар ҳафтаҳои наздик омода мегарданд ва зимни сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон бояд ба имзо расанд.

Ҷониби Русия бори дигар ҳавасмандии худро ба иштирок дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, ки дорои аҳамияти бузурги минтақавӣ мебошанд, аз ҷумла дар бунёди нерӯгоҳҳои обии барқӣ ва хатҳои минтақавии интиқоли нерӯи барқ, таъкид дошт.

Гуфтугӯи судманд, ҳамчунин доир ба танзими масоили вобаста ба муҳоҷирати меҳнатӣ, воридоти маводи нафтии Русия ба Тоҷикистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
                                                                          Аз сайти Президенти
                                                                   Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Раъйпурсӣ

Амалӣ шудани кадомин ҳадафҳои стратегии мамлакатро заруртар мешуморед?
 

Кисту чист

Шарифов Шарифҷон Ҷумъаевич

Роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят