Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Суғд

 

free counters
 
 
4.jpg
city3.jpg
4.jpg

Мулоқот бо роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ

Нимаи дуюми рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили вобаста ба пурзӯр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, хусусан ҷинояткории муташаккили гурӯҳӣ, баланд бардоштани омодагии касбии кормандони мақомоти давлатӣ, дуруст ҷо ба гузоштани кадрҳои роҳбарӣ ва вусъат додани корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ дар миёни мардум баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз камфаъолиятӣ ва хунукназарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ дар роҳи мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳамчунин бепринсипию муросокории судяҳо дар баррасии баъзе парвандаҳои ҷиноятӣ изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт: «Агар ҳамаи шумо вазифаҳои худро содиқона ва бо касбияти баланд саривақт иҷро мекардед, кор ба ин дараҷа намерасид».

Барои беҳсозии вазъи кунунии шаҳри Хоруғ, таъмини волоияти қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва ба бунёдкорию созандагӣ ва тарзи ҳаёти солим сафарбар намудани мардум, хусусан ҷавонону наврасон ба роҳбарияти мақомоти дахлдор доир ба таълиму тарбияи касбии кормандон, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо ва баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии онҳо супоришҳои мушаххас дода шуд. Таъкид гардид, ки барои роҳ надодан ба таъсири афкору ақоиди зараровари бегона, тарғибу ташвиқи арзишҳои волои давлатдории миллӣ, истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, худшиносию худогоҳӣ ва бурдани тарзи ҳаёти солим шахсиятҳои обрӯманди шаҳру ноҳияҳои вилоят, зиёиён ва ҷавонони фаъолу ватандӯст васеъ ҷалб карда шаванд
.Аз сайти Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
 

Раъйпурсӣ

Амалӣ шудани кадомин ҳадафҳои стратегии мамлакатро заруртар мешуморед?
 

Кисту чист

Атаев Сайдулло Болтуевич

мудири бахши кишоварзии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд