Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Суғд

 

free counters
 
 
1.jpg
3.jpg
manza1.jpg

Бостоншинос Нӯъмон Неъматов даргузашт

14 феврали соли 2011 яке аз олимони забардаст ва номдори  кишвар, бостоншиноси барҷаста, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви фахрии Академияи меъморӣ ва сохтмони кишвар, шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Нӯъмон Неъматов бо ҳаёт падруд гуфт.

Инсоне аз ҳаёт рафт, ки маънии зиндагиаш эҳёи таърихи миллат, барқарор намудани мақом ва манзалати он дар зиндагиномаи аҳли башар буд, - омадааст дар номаи тасаллияти Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода ба хешону пайвандони олими маъруф.

Нӯъмон Неъматов 5 - уми марти  соли 1927 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, мактаби миёнаи зодгоҳ ва соли 1948 Донишкадаи давлатии омӯзгории Ленинободро бо ихтисоси муаллими таърих хатм намуд. Солҳои 1948 – 1953 таҳти сарварии шарқшинос ва бостоншиноси маъруф А.Ю.Якубовский дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Ленинград корҳои тадқиқотӣ бурда, рисолаи номзадӣ ҳимоя намуд.

Нӯъмон Неъматов аз соли 1953 ба ҳайси корманди калони илмии бахши археологияи Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуда, тамоми умри худро бо ҳамин боргоҳи илм пайваст. Дар ҳамин маснад ӯ аз соли 1954 сардори гурӯҳи бостоншиносии шимоли Тоҷикистон таъин мегардад. Солҳои 1971 – 1999 мудири шӯъбаи таърихи маданияти ҳамин паҷӯҳишгоҳ буд, дар як вақт сардори экспедититсияи комплексии археологии шимоли Тоҷикистон (аз соли 1974), директори мамнӯъгоҳи таърихиву фарҳангии Ҳисор (1990 - 1993), сардори Маркази тадқиқоти гуманитарии ЮНЕСКО - и назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (аз соли 1996) буд.

Нӯъмон Неъматов аввалин муҳаққиқи давлати қадимаи Истаравшан буда, таҳти роҳбарии ӯ ҳафриёти димнаи пойтахти ин давлат – шаҳри Бунҷикат (Шаҳристони имрӯза), ёдгориҳои атрофи он, харобаҳои дигар шаҳрҳои Истаравшани бостонӣ ошкор карда шуданд.

Хидмати академик Неъматов дар омӯхтани таърихи Хуҷанди қадима беназир аст. Маҳз ба туфайли ҷонбозиҳои ӯ таърихи беш аз 2500 солаи ин шаҳри аҷдодӣ исбот гардид.

Нӯъмон Неъматов пажӯҳишгари варзидаи таъриху тамаддуни давлати Сомониён ва проблемаҳои этногенези халқи тоҷик мебошад. Ӯ яке аз муаллифони асари сеҷилдаи (иборат аз панҷ китоб) «Таърихи халқи тоҷик», китоби дарсии «Таърихи РСС Тоҷикистон» буда, китобҳои «Давлати Сомониён», «Ҳориқаи тоҷикон» (Феномен таджиков) - ро офарид. Солҳои охир ӯ дар офаридани китоби академикии «Таърихи халқи тоҷик» фаъолона ширкат меварзид. Дар маҷмӯъ ба қалами ин олими маъруф беш аз 750 мақола ва тезисҳои илмӣ тааллуқ доранд.

Нӯъмон Неъматов ҳамчун иштирокчии конфронсу кунгураҳои байналхалқӣ кӯшиш ба харҷ медод, ки саҳми миллати тоҷикро дар ташаккули тамаддуни инсонӣ собит созад. Ӯ дар таҷлили 1100 – солагии давлати Сомониён саҳми арзанда дошт.

Устод Нӯъмон Неъматов мактаби илмии худро соҳиб буд. Таҳти роҳбарии ӯ даҳҳо докторҳо ва номзадҳои илм тарбия ёфта, дар таҳқиқи таърихи халқ устоди худро пайгирӣ менамоянд.

Хизматҳои барҷастаи академик Нӯъмон Неъматов бо унвони баланди Ходими хизматнишондодаи илми Тоҷикистон, медалҳо ва Ифтихорномаҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр гардидааст.

Маросими видоъ ва ҳамоиши мотами Нӯъмон Неъматов дар саҳни Қалъаи таърихии Хуҷанд барпо гардид. Нӯъмон Неъматов дар оромгоҳи «Гумбази Қошуқ» - и шаҳри Хуҷанд ба хок супорида шуд.

Хотираи дурахшони инсони нексиришт ва фидоии илм  Нӯъмон Неъматов дар дили халқ абадӣ хоҳад монд.


                                                       Хадамоти матбуотии
                                                        Раиси вилояти Суғд

 

Раъйпурсӣ

Амалӣ шудани кадомин ҳадафҳои стратегии мамлакатро заруртар мешуморед?
 

Кисту чист

Асатуллоев Аюбҷон Сайдуллоевич

Сардори идораи телевизон ва радиои вилоят