Ҷумҳурии Тоҷикистон 
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии
вилояти Суғд

 

free counters
 
 
4.jpg
4.jpg
manza2.jpg

Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз 80 сола шуд

13 ноябри соли 2010

Бо  иштироки Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода  дар  театри ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят  бахшида ба 80-солагии  коллеҷи санъати ба номи  Содирхон Ҳофиз тантанаи ҷашнӣ ва намоиши  асарҳои санъати тасвирӣ  баргузор гардид.

Раиси вилоят нахуст  бо  дастоварди  ҳунарҷӯёни ин муассисаи таълимӣ ошно гашта, зимнан иштирокдорони чорабиниро  ба ин муносибат самимона  муборакбод намуд ва  аз ҷумла  зикр кард, ки коллеҷи санъати шаҳри Хуҷанд яке аз кӯҳантарин муассисаҳои фарҳангӣ дар ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, тӯли мавҷудияти худ дар  инкишофи фарҳанг ва санъати миллӣ нақши шоиста пайдо намуда, таърихи бою тӯлонӣ дорад.

Бунёди ин муассисаи таълимӣ ба солҳои 20-уми асри гузашта рост омада, дар назди техникум-студияи мусиқӣ-театрии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе ташкил гардидааст ва нимаи дуюми соли 1929 ба шаҳри Хуҷанд кӯчонида шуд.

Соли 1962 омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Хуҷанд номи яке аз устодони номии мусиқии классики тоҷик Содирхони Ҳофизро  гирифт. 

Бо қарори мушовараи Вазорати фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 январи соли 1996 омӯзишгоҳи мусиқӣ ба омӯзишгоҳи санъат ва соли 2004 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Коллеҷи санъати ба номи Содирхони Ҳофиз табдил дода шуд».

Коллеҷи  санъат  дар тӯли 80 соли мавҷудияти  хеш тавонист, ки шумораи донишҷӯёнро  дар соли хониш то ба 365 нафар расонида, бисёр чеҳраҳои намоёни санъати тоҷикро тарбия намояд.

Дар ин муддат бештар аз 4500 нафар мутахассисони соҳаҳои мухталифи санъати мусиқӣ - сарояндагону  мутрибон, мутахассисони назарияи мусиқӣ, фарҳангшиносӣ, рассомӣ, китобдорӣ, хореографӣ, дирижёри хорӣ, эстрадӣ, овозхони академикиро баҳри ривоҷу равнақи фарҳангӣ тоҷик тайёр намуд.

Омӯзгорони Коллеҷи  асосан дастпарварони  консерваторияҳои Москав, Санкт - Петербург, Тошкент ва Донишкадаи Давлатии  санъати ба номи Мирзо Турсунзодаи шаҳри Душанбе буда, солҳои охир дар ин ҷо як зумра хатмкардагони коллеҷ низ ҳамроҳи устодони худ бо самар фаъолият бурда истодаанд.
Омӯзгорони шӯъбаи рассомӣ  Восит Абдураҳмонов, Саидҷон Ашрафов, Саиданвар Саидисломов, Шариф Ҳикматов, Абдуазиз Абдураҳмонов, Даврон Раҳматов, Хисрав Шарифов дар намоишҳои рассомии осорхонаҳои Амрико, Русия, Олмон, Ҷопон, Арабистон ва дигар кишварҳо ширкат варзида, асарҳои эҷод намудаи онҳо аз ҷониби рассомони касбӣ хуш пазируфта шуд ва сазовори баҳои баланд гирдиданд.

Халқи тоҷик имрӯз бо номи  Ҳунармандони мардумии СССР Ғаффор Валаматзода, Тӯҳфа Фозилова, Ҳанифа Мавлонова, Ҳунармандони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарофиддин Сайфиддинов, Боймуҳаммад Ниёзов, Карим Қосимов, Одилҷон Назаров, Мӯътабар Иброҳимова, Ҷӯрабек Набиев, Абдураҳим Неъматов, Арбобони Ҳунари Ҷумҳурии Тоҷикистон Наримон Каримов, Ислом Саломов. Ҳунармандони Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷнун Баротов, Набиҷон Абдуллоев, Абдурауф Азаматов, Ҳофизони халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ӯрунбой Додобоев ва Баён Облоқулов, олимони варзида, докторони илмҳои санъатшиносӣ Аслиддин Низомов, Наим  Ҳакимов, Султоналӣ Худойбердиев, барандагони ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ Восит Абдураҳмонов, Абдураҳмон Тошматов, Шариф Ҳикматов, Саид Ашрафов, Даврон Раҳматов, Шаҳло Ҷалилова, Саодат Саломова   ва дигарон ифтихор дорад, ки онҳо бо бузургии ҳунару истеъдоди хеш на танҳо мояи ифтихори сокинони вилоят, балки балки тамоми тоҷикону тоҷикистониён гардидаанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд пайваста бар он мекӯшад, ки ташаббус ва ибтикороти устодону донишҷӯёни коллеҷро  барои ташкили фаъолияти таълимӣ, иҷрои муваффақонаи нақшаҳои ҳунарӣ, тарбияи мутахассисони баландихтисос, ки соҳиби завқи баланд мебошанд ҳамаҷониба дастгирӣ намояд  – гуфт дар табрикоти хеш Қоҳир Расулзода.

Сол аз сол маблағгузорӣ тадриҷан зиёд мегардад. Танҳо соли равон нисбати соли гузашта ба коллеҷи санъат 52 фоиз зиёд маблағ ҷудо гардид. 

Дар ин муддат таъмиру тармими бинои театри тамошобини наврас,  таъсиси дастаҳои рақсии «Чаманоро», «Гулноз», дастаи  эстрадии «Садои Суғд», оркестри камеравӣ, дастаи созҳои миллии «Мерос», ансамбли созҳои халқии  «Дилнавоз» дар назди маркази фарҳангӣ мусиқии тоҷик «Ҳунар» ва дигар дастаҳои ҳунарӣ  амалӣ гардиданд, ки дар пешбурди санъати милламон нақши бузург мегузоранд.

Қоҳир Расулзода дар охир зикр намуд, ки бо Қарори Раиси вилоят барои давом додани корҳои таъмиру тармими бинои коллеҷи санъат, ки қаблан 50 ҳазор сомонӣ ирсол гардида буд, ҳамчун тӯҳфаи идона боз 100 ҳазор сомонии дигар маблағ ҷудо карда шуд.

Сипас  дар иҷрои донишҷӯёну омузгорон ва ансамблҳои  созҳои халқӣ, созҳои камеравӣ, гӯрӯҳи дойранавозон, хорсароёни коллеҷи санъат  ва  ҳунарпешагони ансамблҳои «Садои Суғд», ансамбли рақсии «Чаманоро» ва Ҳунарманди Мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҷӯрабек Набиев  барномаи калони консертӣ  пешкаш гардид.


                                                                                                         Хадамоти матбуотии
                                                                                                         Раиси вилояти Суғд

 

 

 

Раъйпурсӣ

Амалӣ шудани кадомин ҳадафҳои стратегии мамлакатро заруртар мешуморед?
 

Кисту чист

Қобилов Аҳмадҷон

Муовини Раиси вилоят