Тандурустӣ

Ба ҳифзи саломатии аҳолӣ пайваста таваҷҷуҳ зоҳир шуда, баҳри амалӣ намудани барномаҳои соҳавӣ, «Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Ҳадафҳои рушди ҳазорсола дар бахши тандурустӣ» корҳои назаррас ба иҷро расиданд.

Дар вилоят 181 муассисаи сохтори госпиталӣ, аз ҷумла 132 муассисаи сохтори госпатилии давлатӣ, 980 муассисаи сохтори КАТС, аз ҷумла 797 муассисаи давлатӣ, инчунин, 139 муассисаи махсусгардонидашуда фаъолият доранд. 

Дар соҳаи нигаҳдории тандурустии вилоят бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузорӣ аз ҳамаи сарчашмаҳо сохтмон, таъмир ва азнавсозии 503 иншооти соҳа, аз ҷумла 75 беморхона, 120 бунгоҳи саломатӣ, 86 маркази саломатӣ, 20 таваллудхона, 93 нуқтаи хатна ва 109 дорухона ба нақша гирифта шуда, дар солҳои 2018-2020 ва 9 моҳи соли 2021 сохтмон ва таъмиру  азнавсозии 492 иншоот ба итмом расонида шуд. 

Ба аҳолии вилоят 5304 табиб ва 18151 корманди миёнаи тиббӣ хизмат расонида истодаанд.

Бо мақсади пурзўр намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ барои пешгирии интиқоли коронаровирус дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 марти соли 2020, №АП –1365 ва бо мақсади амалӣ намудани чораҳои зиддиэпидемикӣ ҷиҳати пешгирии интиқол ва пайдоиши сирояти нави коронавирус (COVID -19) дар вилояти Суғд амри раиси вилоят аз санаи 1-уми апрели соли 2020, № 48 ба тасвиб расида, ситоди вилоятӣ ташкил карда шуд.

Дар вилоят 3 беморхонаи касалиҳои сироятӣ бо 1030 кат фаъолият дошта, бар илова 1700 кати захиравии карантинӣ омода карда шудааст. Ҳамзамон, 21 муасисаи нигаҳдории тандурустии вилоят бо 5075 кат дар ҳолатҳои зарурӣ фавран омода карда мешаванд. Дар ин давра шуъбаҳои наҷот ва ҳуҷраҳои муолиҷаи интенсивии муасисаҳои нигаҳдории тандурустии вилоят бо 100 дастгоҳи нафаси сунъӣ, 367 оксигенератор, 59 кардиомонитор, 755 пулсоксиметр таъмин гардида, айни ҳол 225 дастгоҳи нафаси сунъӣ, 547 оксигенератор, 217 кардиомонитор, 965 пулсоксиметр ва 12 дастгоҳи оксигени тиббӣ дар ҳолати корӣ қарор дорад.

Корҳои фаҳмондадиҳӣ, чорабиниҳои маърифатию иттилоотӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии аҳолӣ нисбат ба пешгирии сирояти коронавирус, корҳои безараргардонии маҳалҳо, ҷойҳои оммавӣ, нақлиёту толорҳо, муассисаҳои мактабию томактабӣ, бозорҳо пурзӯр карда шуда, нисбати пешгирии интиқол ва паҳншавии коронавирус тамоми имкониятҳо сафарбар гардидаанд.

Иттилоот барои робита

Телефон: (+9923422) 4-65-92

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищён от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.