Сохтмон ва меъморӣ

Дар 9 моҳи соли 2021 дар самти сохтмони иншооти соҳаҳои иҷтимоию фарҳангӣ ва истеҳсолӣ пешравиҳо назаррас буда, дар ин давра дар ҳаҷми 548,5 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуд ва корҳои сохтмонию васлгарӣ ба маблағи 982,6 млн. сомонӣ иҷро гардид, ки мутаносибан 81,4 ва 120,0 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблиро ташкил медиҳад.

Маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ дар 9 моҳи соли равон ба маблағи 1167,0 млн. сомонӣ азхуд карда шуда, суръати афзоиш 121,7 фоиз таъмин гардидааст.

 Дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 325,6 ҳазор  метри мураббаъ манзил ба истифода дода шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба масоҳати 8,0 ҳазор метри мураббаъ зиёд мебошад. Илова бар ин, барои 656 ҷойи нишасти талаба дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, 540 ҷой дар кӯдакистон, 172 кат дар шифохона ва барои 10 қабул дар як баст дар дармонгоҳ иқтидорҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд.

Тайи 9 моҳи соли 2021 ҷиҳати таҳкими корҳои ободониву созандагӣ аз тарафи Идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин бо ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ иншоотҳои ҷашнӣ бунёд гардида, бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шуданд.

Ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёд ва таҷдиду азнавбарқароркунии 7577 иншооти таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ ба нақша гирифта шудааст.

Мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои  вилоят, ки бо қарори раиси вилоят тасдиқ шудаааст, то ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят бунёд ва аз нав барқарор кардани фаъолияти 296 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ, сохтмон, таъмиру тармими бинои 480 муассисаи таҳсилоти миёна ва 154 кўдакистон, 77 беморхона, 123 бунгоҳи тиббӣ, 89 маркази саломатӣ, 21 таваллудхона, 98 нуқтаи хатна ва 100 дорухона, сохтмон ва азнавбарқароркунии 261 варзишгоҳ ва майдончаи варзишӣ, 130 толори варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ, 93 майдонча барои бозии кӯдакон, ташкил ва сохтмони 224 сартарошхона, 149 кошонаи ҳусн, 124 ҳаммом, азнавсозӣ, сохтмон ва таъмиру тармими 233 иншооти соҳаи фарҳанг, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди роҳҳо, сохтмони пулу истгоҳҳо  ва 3913 иншооти дигари таъйиноти истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар солҳои 2018 - 2020 ва 9 моҳи соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят сохтмону аз нав барқароркунӣ ва таъмиру тармими 8085 иншоот ба итмом расонида шуда, иҷрои нақша 106,7 фоиз таъмин шудааст.