Дар вилояти Суғд ҷиҳати беҳтар намудани таъминоти аҳолии вилоят бо молҳои аввалиндараҷа ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои соҳаи савдо ва хизматрасонӣ, инчунин таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва рушди содирот дар вилоят тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Ҳаҷми умумии гардиши савдо дар 9 моҳи соли 2021 ба 9903,8 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба 2653,4 млн. сомонӣ баробар шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 114,5 ва 106,4 фоизро ташкил намуд.
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят дар моҳҳои январ-сентябри соли 2021 ба 1607,2 млн. доллари ИМА расонида шуда, суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 134,8 фоиз таъмин гардид.
Ҳаҷми воридот 1192,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 239,4 млн. доллар ё 25,1 фоиз афзудааст.
Содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра 414,7 млн. долларро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 175,9 млн. доллар ё 73,5 фоиз зиёд мебошад.
Содироти маъдан ва консентрат нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ ба маблағи 123,3 млн. доллар афзоиш ёфта, ҳамагӣ 187217 тонна маъдан ва консентрат ба маблағи 236,7 млн. доллари ИМА содирот шудааст. Ҳиссаи маъдан ва консентрат дар ҳаҷми умумии содирот 57,7 фоизро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 10,2 банди фоизӣ боло рафтааст.
Нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ ҳаҷми содироти семент ба намуди аслӣ ба миқдори 15280 тонна афзоиш ёфта, ҳамагӣ 487186 тонна семент ба маблағи 18,0 млн. доллари ИМА содирот шудааст.
Бояд зикр кард, ки маҳсулоти асосии содиротӣ маъдану консентрат ва нахи пахта боқӣ монда, ҳиссаи онҳо дар сохтори содирот назаррас мебошад. Ин омил водор месозад, ки дар самти диверсификатсияи содирот тавассути роҳандозии истеҳсолоти намудҳои маҳсулоти характери содиротидошта фаъолият тақвият бахшида шавад.