Дар се моҳи соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилоят ба маблағи 8,4 млрд. сомонӣ расонида шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 133,3 фоиз таъмин гардид.
Дар ин давра суръати афзоиши намудҳои асосии маҳсулот таъмин гардида, ба миқдори 108,7 ҳазор тонна орд, 2,3 ҳазор тонна равғани растанӣ, 12,2 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти нонӣ истеҳсол карда шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ суръати афзоиши истеҳсоли орд 120 фоиз, равғани растанӣ 134 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 100,5 фоиз таъмин гардидааст.
Дар моҳҳои январ-марти соли 2025 ба миқдори 288,7 ҳазор тонна ангишт истеҳсол карда шуда, суръати афзоиш 127,6 фоизро ташкил додааст.