Нақлиёт ва коммуникатсия

Дар 9 моҳи соли 2021 тавассути маҷмўи нақлиёт 22,4 млн. тонна борҳои гуногуни хоҷагии халқ ва 157,83 млн. нафар мусофир кашонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 мутаносибан 113,8 ва 109,7 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор тавассути нақлиёти автомобилӣ 19,9 млн. тонна бор ва 157,8 млн. нафар мусофир кашонида шуда, ҳиссаи он дар маҷмўи бору мусофиркашонии вилоят мутаносибан ба 88,8 ва 99,9 фоиз расонида шуд. Тавассути роҳи оҳан 2,5 млн. тонна бор ва 3,8 ҳазор мусофир интиқол дода шуда, бо нақлиёти ҳавоӣ 29,2 ҳазор мусофир ва 27,8 ҳазор тонна бор кашонида шудааст.

Дар вилоят 50 муассисаи нақлиётӣ фаъолият дорад, ки аз он шакли моликияти 49 муассиса хусусӣ ва як муассиса ҷамъиятӣ мебошад. Шумораи умумии нақлиёт 8477 ададро ташкил намуда, аз он 4651 адад нақлиёти мусофиркашон, аз ҷумла 1193 адад сабукрави таксӣ ва 3826 адад нақлиёти боркашон мебошад.

Дарозии умумии роҳҳои вилоят 8179,9 км буда, аз он 737,0 км роҳи аҳамияти байналмилалӣ, 358,9 км ҷумҳуриявӣ, 2343,5 км маҳаллӣ, 594,5 км роҳҳои тобеи хоҷагии манзилию рифоҳӣ ва 4021,0 км роҳҳои байнихоҷагӣ мебошад.

Дар соли 2021 таъмиру тармими 2099 км роҳҳо ба нақша гирифта шудааст, ки аз он 187,8 км таъмири асосӣ, 912,6 км таъмири ҷорӣ ва 998,6 км шағалпўш мебошад.   

 Барои иҷрои нақшаи пешбинишуда аз ҳамаи сарчашмаҳо 124952,9 ҳазор сомонӣ, аз ҷумла аз буҷети Вазорати нақлиёт 2391,1 ҳазор сомонӣ, буҷети вилоят 68986,0 ҳазор сомонӣ, буҷети шаҳру ноҳияҳо 20436,0 ҳазор сомонӣ, ташкилоту корхонаҳо 2714,0 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 12757,6 ҳазор сомонӣ ва аҳолӣ 17668,2 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар 9 моҳи соли ҷорӣ нақшаи таъмиру тармими роҳҳо ҳамагӣ 104,0 фоиз иҷро гардида, 2182,5 км роҳ аз таъмир бароварда шуд, ки аз он 207,6 км таъмири асосӣ, 932,5 км таъмири ҷорӣ ва 1042,4 км шағалпўш мебошад.

Барои корҳои иҷрошуда ҳамагӣ 101253,6 ҳазор сомонӣ маблағ сарф шудааст. Аз ҳисоби буҷети вилоят 42877,0 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардида, 38,8 км роҳ аз таъмири асосӣ бароварда шудааст. Аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 2925,6 ҳазор сомонӣ, буҷети маҳаллӣ 12700,9 ҳазор сомонӣ, ташкилоту идораҳо 4448,7 ҳазор сомонӣ, соҳибкорон 17445,4 ҳазор сомонӣ ва аҳолӣ 20856,0 ҳазор сомонӣ барои таъмири роҳҳо маблағгузорӣ шудааст.

Дар доираи иҷрои барномаҳои давлатӣ вобаста ба рушди соҳаи иттилоот ва рақамикунонии иқтисодиёт номгӯи хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ сол аз сол тавсеа меёбанд. Аз ҷумла, дар соҳаи андоз системаҳои пешниҳоди ҳисоботи электронӣ пурра ҷорӣ шуда истодааст. Тавассути системаи бонкдорӣ номгӯи зиёди хизматрасониҳо дар сатҳи стандартҳои байналмилалӣ ба тариқи электронӣ ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи як қатор ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба тариқи пилотӣ системаи ҷамъоварӣ ва коркарди ҳисобот ба тариқи электронӣ татбиқ мегардад.