Кишоварзӣ

Ба ҳолати 1 апрели  соли 2023 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба маблағи  1047,4 млн. сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол карда шуд, ки суръати афзоиш  нисбати ҳамин  давраи соли гузашта 107,3 фоиз таъмин гардид.

Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи чорводорӣ 1021,9 млн. сомонӣ ва растанипарварӣ 25,5 млн. сомониро ташкил намуда, суръати афзоиш мутаносибан 105,0 фоиз  ва 9,6 баробарро дарбар гирифт.

Тибқи структураи кишти тасдиқгардида, маъракаи кишти баҳорӣ босуръат идома дошта, то ин давра дар майдони 60716,0 гектар ё 34,7 фоизи нақшаи дурнамои кишти зироатҳои баҳорӣ гузаронида шудааст.